ИҚДОМИ НАВРӮЗИИ «ТОҶИКСТАНДАРТ»

Март 25, 2011 12:50

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундапайи Наврӯз бо ибтикори Агентии «Тоҷикстандарт» дар мактаб –парваришгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ду маркази нави хизматрасонӣ- ҳаммом ва сартарошхона сохта ба истифода дода шуд.  Мавриди зикр аст, ки Агентии «Тоҷикстандарт» ин мактаб-парваришгоҳро аз соли 2007 инҷониб ба сарпарастӣ гирифта, дар остонаи иду ҷашнҳо ба бачаҳо кӯмакҳои  моддӣ мерасонад.    Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мактаб-парваришгоҳи мазкур ҳудуди 200 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Март 25, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд