ИНЪИКОСИ ВОҚЕЪИЯТ ДАР НАШРИЯҲОИ ВИЛОЯТ

Март 11, 2011 14:27

Хоруғ,  11 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  11 – уми   март дар  ҷумҳурӣ  рӯзи  матбуот эълон  шудааст. Тавре раиси  Иттиҳодияи  журналистони  вилоят  Алимаҳмад  Муродмаҳмадов  зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар  ВМКБ  имрӯз  як  нашрияи  давлатию  вилоятӣ, 8  адад нашрияи шаҳрию  ноҳиявӣ ва  3  адад нашрияи  мустақил  фаъолият  доранд, ки  хонандагонро  бо  ҳаёти  сиёсиву  иҷтимоии вилоят  шинос  менамоянд.  Албатта,  дар  шароити  иқтисоди  бозаргонӣ  барои  матбуоти  музофотӣ,  ба  вижа  дар мавзеъҳои  кӯҳистон  барои рӯзномаҳои  ноҳиявӣ фаъолият  намудан душвор  аст. Ба  ин  нигоҳ  накарда,  бо кӯмаки  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти   давлатии  вилоят онҳо  фаълият доранд.  Миёни  рӯзноманигорони  вилоят  ду  нафар- Қурбони  Аламшоҳ  ва  Луфишоҳи  Додо  сазовори  ҷоизаи   ба  номи  Абулқосими  Лоҳутӣ  ва    15  нафар  Аълочии  матбуот ҳастанд. Рӯзноманигорони   вилоят  масъулияти  худро   дар  назди  миллату  Ҳукумати  Ҷумҳурӣ  хуб  дарк  намуда ба  он  мекӯшанд, ки  барои сари  вақт  расонидани  хабарҳои  тоза  ва  шаффоф   инъикос   намудани  ҳаёти  ҷомеа  корҳои  назаррасро анҷом   диҳанд, афзуд Алимаҳмад Муродмаҳмадов.

Март 11, 2011 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад