ИНШООТИ ҶАШНИИ РОҒУН

Март 17, 2011 09:13

Роғун,  16  март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). –  Солҳои охир  шаҳри  Роғун     хеле  зебою обод  ба  чашм  мерасад. Тавре    ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» ёрдамчии  раиси  шаҳр  оид ба  иттилоот Мӯъминшо Тоиров  хабар дод, бахшида ба  ҷашни  Наврӯз  ва  истиқболи арзандаи 20 – солагии  Истиқлолияти давлатии ҶТ  дар  шаҳри  Роғун  аз  ҳисоби буҷаи  маҳаллӣ  сохтмони  мактаб барои  372  нафар  хонанда  дар  деҳаи  Ҷавонӣ,  таъмири  асосии мактаби рақами  4 бо шабакаи  гармидиҳӣ,  таъмири  асосии  мактаби  рақами  1, сохтмони  боғи  фарҳангу  фароғатӣ  дар  маркази  шаҳр,  сохтмони обанбори  оби нӯшокӣ  дар  шаҳраки  Обигарм, таъмири  кӯчаҳои  шаҳраки  Обигарм, таъмири  асосии  беморхонаи  шаҳраки  Обигарм,  сохтмони  меҳмонхонаи  МИМХД  -и  шаҳри  Роғун, сохтмони  фаввора  дар  маркази  шаҳр, таъмири толори  варзишӣ  то  ҷашни  Истиқлолият ҷараён доранд.  Мӯъминшо Тоиров  афзуд, ки  дар  ободонии  шаҳри  Роғун ва бунёди ин иншооти ҷашнӣ саҳми  соҳибкорони шаҳр  хеле назаррас аст. То имрӯз 10  иншооти  ҷашнӣ  сохта шудаанд, ки рӯзҳои  ҷашни  Наврӯз  ба  истифода дода  мешаванд.

Март 17, 2011 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад