КОР МЕХОҲӢ-БА “ОРИЁНО” БИЁ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 4-уми марти соли 2011 аз ҷониби Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар бинои Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон- «Ориёно» ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Маълумоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид. Дар ярмарка 35 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷўён 1931 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 44 нафар корҷўй барои кор ва ба 8 нафар барои омўзиши касбҳо роҳхат дода шуд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 465 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






