КОРШИНОСОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Март 25, 2011 16:35

     Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29- 30 марти соли равон дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияҳои илмӣ- техникӣ оид ба аккредитатсия ва оид ба баҳодиҳии мутобиқати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

        Саодат Абдуллоева, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии «Тоҷикстандарт» дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласаи комиссияҳо ҳудуди 30 коршиноси соҳавии Шӯрои байнидавлатӣ  оид ба стандартизатсия, метрология  ва сертификатсияи ИДМ иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи комиссияҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти кишварҳои ИДМ дар соҳаи аккредитатсия, баҳодиҳӣ ва мутобиқат мавриди баррасӣ қарор гиранд.

        Саодат Абдуллоева афзуд, ки дар ҷаласа ҳамчунин, нақшаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи ИДМ  то соли 2015 баррасӣ мегардад.

Март 25, 2011 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид