КОРШИНОСОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД
Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29- 30 марти соли равон дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияҳои илмӣ- техникӣ оид ба аккредитатсия ва оид ба баҳодиҳии мутобиқати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Саодат Абдуллоева, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии «Тоҷикстандарт» дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласаи комиссияҳо ҳудуди 30 коршиноси соҳавии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи комиссияҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти кишварҳои ИДМ дар соҳаи аккредитатсия, баҳодиҳӣ ва мутобиқат мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Саодат Абдуллоева афзуд, ки дар ҷаласа ҳамчунин, нақшаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи ИДМ то соли 2015 баррасӣ мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






