МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲО БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ АМОНАТБОНК»
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар толори қасри варзишии «Тоҷикистон»-и пойтахт маросими кушодашавии бозиҳои футболи хурд байни тимҳои даҳ бонки кишвар барои дарёфти «Ҷоми Амонатбонк» доир гардид. Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба таҷлили Иди байналмилаллии Наврӯз тибқи супориши Президенти ҶТ ва нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз бо сарпарастӣ ва ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад. Бозиҳо дар ду гурӯҳ ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе аз 5 то 19 марти соли равон доир мешаванд. Маросими кушодашавӣ дар вазъи тантанавӣ бо ширкати тимҳои иштирокчӣ, роҳбарияти бонкҳо ва муассисаҳои варзишӣ ва мухлисону ҳаводорони футбол бо шукӯҳ ва шаҳомоти идона сурат гирифт. Сухани ифтитоҳӣ ва табрикиро аз ҷониби Амонатбонк муовини раиси Раёсати Амонатбонк Абдуманнон Саидов кард. Ҳамзамон парчами бозиҳо аз тарафи капитанҳои тимҳо боло бардошта шуд. Давраи аввали бозиҳо доир шуданд, ки натиҷаи онҳо ба тариқи зерин сурат гирифт: Амонатбонк-Тоҷиксодиротбонк 3:2 Бонки милли Тоҷикистон –Бонки рушди Тоҷикистон 6:5 Ориёнбонк-Тоҷпромбонк 8:1








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






