МАЪРЎЗАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶТ БАРОИ СОЛҲОИ 2009-20
Љумњурии Тољикистон аз давраи соњибистиќлол гаштани худ њуќуќу озодињои инсон, арзишњо, принсипу меъёрњои умумиэътирофшудаи байналмилалиро пос медорад. Бо ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Тољикистони соњибистиќлол њуќуќу озодињои инсон ба сифати арзиши олї эътироф шуда, онњо муайянкунандаи маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор ва иљроия гардида, ба воситаи њокимияти судї таъмин мешаванд. Дар сатњи Конститутсия тамоми њуќуќу озодињои асосї танзими њамаљониба пайдо кардаанд. Дар ин давра аксарияти кулли санадњои байналмилалии соњаи њуќуќи инсон ба тасвиб расида, барои амалишавии онњо чорањои дахлдор андешида шуданд. Бо ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъсис ёфтани маќомоти махсус дар соњаи њуќуќи инсон њамчун механизми иловагии њифз ва пешрафти њуќуќи инсон гувоњи он мебошад, ки Тољикистони соњибистиќлол бањри эњтиром, риоя, таъмин ва њифзи њуќуќи инсон аз тамоми имконияту воситањо истифода мекунад. Фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба он равона карда шудааст, ки љавобгўи эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимої буда, барои њифзу пешрафти њуќуќи инсон механизми самарабахш бошад. Маърўзаи пешнињодшуда аввалин маърўзаи маќомоти навтаъсиси Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон мебошад, ки дар он љанбањои гуногуни њуќуќи инсон тањлил ва тавсияњои дахлдор пешнињод гардидаанд. Итминон дорам, ки маърўза мавриди баррасии маќомоти њокимияти давлатї, сохторњои љомеаи шањрвандї ва умуман ањли љомеа ќарор гирифта, дар њамбастагї бо онњо маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон бањри эњтиром, риоя, таъмин, њифз ва пешрафти њуќуќи инсон ба дастовардњои назаррас ноил мегардад ва дар инкишофи минбаъдаи Тољикистони соњибистиќлол сањми босазои худро мегузорад. Бо эњтиром, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон З. Ализода МУНДАРИЉА I. ЌИСМИ УМУМЇ 1.1. Пешгуфтор 6 1.2. Зарурати таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 9 1.3. Вазифањои Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 11 1.4. Принсипњои фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 13 II. ФАЪОЛИЯТИ МАЌОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ЊУЌУЌИ ИНСОН ДАР СОЛЊОИ 2009-2010 2.1. Сохтор ва њайати кормандони маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 16 2.2. Натиљањои фаъолият аз рўи самтњо: 2.2.1. Мурољиати шањрвандон 19 2.2.2. Такмили ќонунгузорї 30 2.2.3. Баланд бардоштани маърифатнокии шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон 31 2.2.4. Њамкорї: њадаф ва натиљањо 33 2.2.5. Тањлили вазъи њуќуќњои инсон ва санљишњо 35 III. ВАЗЪИ РИОЯИ ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ ИНСОН ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 3.1. Њуќуќ ба мўњокимаи одилонаи судї 37 3.2. Њуќуќ ба њаёт 44 3.3. Њуќуќ ба дахлнопазирии шахсї 46 3.4. Озодї аз шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазоњои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф 52 3.5. Њуќуќ ба озодии ибрози аќида ва воситањои ахбори омма 56 3.6. Њуќуќ ба муттањидшавї дар њизбњои сиёсї ва дигар иттињодияњои љамъиятї 60 3.7. Њуќуќ ба мењнат ва шароити одилонаю мусоиди мењнат 64 3.8. Њуќуќ ба тањсил 67 3.9. Њуќуќ ба моликият ва манзил 70 3.10. Њуќуќњои занон, кўдакон ва шахсони имкониятњояшон мањдуд 3.10.1. Њуќуќи занон 73 3.10.2. Њуќуќи кўдакон 75 3.10.3. Њуќуќи маъюбон 79 3.11. Њуќуќи муњољирони мењнатї 81 IV. ХОТИМА ВА ХУЛОСАЊО 86 I. ЌИСМИ УМУМЇ 1.1. Пешгуфтор Маърузаи мазкур тибќи моддаи 24 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» тањия гардида, ба Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон ва Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон пешнињод мегардад. Њамчунин Маърўза барои дигар маќомоти давлатї, ташкилотњои ѓайридавлатї ва созмонњои байналмилалї, ки дар соњаи њуќуќу озодињои инсон фаъолият менамоянд ва ањли љомеа пешбинї шуда, мавриди нашр ќарор мегирад. Дар Маърўза фаъолияти Ваколатор оид ба њуќуќи инсон дар 4 моњи соли 2009 ва соли 2010, вазъи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар Љумњурии Тољикистон дар ин давра мавриди тањлил ќарор гирифтааст. Њадафњои асосии Маърўза иборат аст аз: — шинос намудани маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, созмонњои байналмилалї ва љомеаи шањрвандї бо фаъолияти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар чор моњи соли 2009 ва соли 2010, вазъи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон дар ин давра; — ба иттилоъи љомеа расонидани моњияту вазифањои маќомоти Ваколатор оид ба њуќуќи инсон ва натиљањои фаъолияти он дар њифз ва пешрафти њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон; — баланд бардоштани маърифатнокии шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шаклу воситањои њифзи онњо; — тањияи тавсияњо оид ба бартараф намудан ва пешгирии вайронкунии њуќуќу озодињои инсон; — такмили ќонунгузорї ва таљрибаи њуќуќтатбиќкунї оид ба масъалањои њифзи њуќуќи инсон; — таќвияти њамкорињои судманди маќомоти Ваколатор оид ба њуќуќи инсон бо маќомоти њокимияти давлатї, созмонњои байналмилалї ва љомеаи шањрвандї. Маърўза аз ќисмњои зерин иборат аст: I. Ќисми умумї II. Фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар солњои 2009-2010 III. Вазъи риояи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон IV. Хотима ва хулоса Дар ќисми умумї зарурати таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, наќш, салоњият ва принсипњои фаъолияти ин маќомот инъикос ёфтааст. Ќисми дуюм ба фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар солњои 2009-2010 бахшида шуда, масъалањои вобаста ба фаъолияти кадрњо, сохтори ташкилї, натиљањои фаъолият аз рўи самтњои марбут ба мурољиатњои шањрвандон, такмили ќонунгузорї, баланд бардоштани маърифатнокии шањрвандон, њамкорињо бо маќомоти давлатї, ташкилотњои ѓайридавлатї, созмонњои байналмилалї ва санљишњои гузаронидашударо дар бар гирифтааст. Вобаста ба самтњои фаъолият талаботи ќонунгузории амалкунанда, натиљањои корњои анљомдодашуда, нишондодњои оморї, дастовардњо, мушкилоти љойдошта, таклифу пешнињодњо оид ба бартараф намудани монеањо ва бењтар намудани вазъи мављуда баён шудаанд. Ќисми сеюм «Вазъи риояи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон» ном дошта, бо дарназардошти мурољиати шањрвандон, вазъи мављудаи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон, иљрои ўњдадорињои байналмилалии Тољикистон дар ин самт пешнињод шуда, њуќуќу озодињои зерини инсон ва шањрвандро фаро мегирад: — њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї; — озодї аз шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазоњои берањмонаи ѓайриинсонї ва тањќиркунандаи шаъну шараф; — њуќуќ ба њаёт ва дахлнопазирии шахсї; — озодии ибрози аќида ва дастрасї ба иттилоот; — њуќуќи муттањид шудан дар њизбњои сиёсї ва иттињодияњои љамъиятї; — њуќуќ ба мењнат ва шароити одилонаю мусоиди мењнат; — њуќуќ ба тањсил; — њуќуќ ба моликият ва манзил; — њуќуќњои занон, кўдакон ва шахсони имкониятњояшон мањдуд; — њуќуќи муњољирони мењнатї. Дар ќисми чорум хулоса ва пешнињодњои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон барои боз њам бењтар намудани вазъи њуќуќу озодињои инсон, маърифатнокии шањрвандон, такмили ќонунгузорї ва њамкорињо бо маќомоти давлатї, ташкилотњои ѓайридавлатї ва созмонњои байналмилалї пешнињод шудаанд. 1.2. Зарурати таъсиси маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Дар Тољикистон маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон бо иќдоми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон таъсис ёфтааст. Президенти мамлакат њанўз соли 2007 дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид карда буданд, ки «бо маќсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии љомеа, инчунин баланд бардоштани сатњи њимояи њуќуќи инсон дар мамлакатамон ваќти њалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори њуќуќи инсон расидааст. Ин сохтор њамчун яке аз институтњои демократї бояд робита ва њамкории маќомоти давлатиро ба љомеаи шањрвандї боз њам таќвият дињад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирњои ташкиливу њуќуќї андешида шаванд». Бањри амалї намудани ин иќдом Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» тањия ва ќабул гардида, аз 4 апрели соли 2008 мавриди амал ќарор дода шуд. Дар асоси Ќонуни мазкур 27 майи соли 2009 бо ризоияти Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон таъин гардид ва аз он ваќт ин маќомот амалан ба кор шурўъ кард. Таъсиси ин маќомот барои давлате, ки њадафњои худро бунёди љомеаи демократї ва њуќуќбунёди дунявї эълон доштааст, ањамияти нињоят бузург дорад. Зеро расидан ба ин њадафњо танњо тавассути эътироф, эњтиром, риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд имконпазир аст. Зарурати таъсиси маќомоти номбурда аз њадафњои зикршуда бармеоянд, зеро маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон воситањои мављудаи њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро пурра намуда, комилан мустаќил аст ва бањри њифз ва пешрафти њуќуќи инсон аз тамоми имкониятњо истифода мебарад. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» омадааст, ки Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон бо маќсади таќвияти кафолатњои конститутсионии њимояи давлатии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, мусоидат ба риоя ва эњтироми онњо аз љониби маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот (љамоат) ва шахсони мансабдори онњо, роњбарон ва шахсони мансабдори корхонањо, муассисањо ва ташкилотњо, новобаста ба шаклњои ташкилию њуќуќиашон, таъсис дода шудааст. Таъсиси чунин маќомот, ки воќеан институти љомеаи демократї мебошад, нишон дод, ки Љумњурии Тољикистон дар роњи њифз ва пешрафти њуќуќи инсон пайваста ќадамњои устувор гузошта истодааст. Ин амал обрў ва эътибори љумњурии моро дар миќёси байналмилалї афзун намуда, муносибати созмонњои байналмилалї ва давлатњои мутараќќии љањонро, ки ба масъалаи риояи њуќуќу озодињои инсон эътибори љиддї медињанд, бо Љумњурии Тољикистон боз њам бењтар гардонид. Фаъолияти зиёда аз яксолаи маќомоти Ваколатдор нишон дод, ки он љавобгўи талабот ва дархости љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявии Тољикистон буда, барои њифз ва пешрафти њамаљонибаи њуќуќу озодињои инсон механизми самарабахш мебошад. 1.3. Вазифањои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Тибќи моддаи 11 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» вазифањои асосии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон иборатанд аз мусоидат намудан ба: а) риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд; б) барќарор намудани њуќуќу озодињои вайроншудаи инсон ва шањрванд; в) такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд; г) баланд бардоштани маърифатнокии шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, шаклњо ва воситањои њифзи онњо; д) њамкории маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд; е) рушд ва њамоњангсозии њамкорињои байналмилалї дар соњаи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд. Бо маќсади иљрои вазифањои худ Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон маълумотро аз маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот (љамоат), корхонањо, муассисањо ва ташкилотњо новобаста ба шаклњои ташкилию њуќуќиашон, инчунин шањрвандони алоњида, воситањои ахбори омма љамъ ва тањлил менамояд. Барои пешгирї ва барќарор намудани њуќуќу озодињои вайроншудаи инсон ва шањрванд, њамчунин њимояи њуќуќу озодињои инсон маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон воситањои зеринро истифода менамояд: — ќабул ва баррасии мурољиати шањрвандон; — тањлили ќонунгузорї ва амалияи татбиќи он; — санљиши риояи њуќуќи инсон, тањлил ва омўзиши њолатњои њуќуќњои риоянашуда; — љамъбасту пешнињоди тавсияњо. Њангоми баррасии мурољиатњо ва дар њолати ошкор намудани њолатњои халалдор шудани њуќуќу озодињои инсон маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон: — шикояти шањрвандонро мустаќилона ё якљоя бо маќомоти салоњиятдори давлатї месанљад; — барои барќарор намудани њуќуќу озодињои вайроншуда тавсияњои худро ба маќомот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол менамояд; — ба маќомоти дахлдор барои ба љавобгарии интизомї, маъмурї ва љиноятї кашидани шахсони мансабдори давлатї, ки њуќуќу озодињои шањрвандонро риоя накардаанд, бо дархост мурољиат менамояд; — ба Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон дар бораи муайян намудани мутобиќати санадњои меъёрии њуќуќии вобаста ба њуќуќи инсон ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо дархост мурољиат менамояд. Маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон њамчунин дар роњи баланд бардоштани маърифатнокии ањолї дар самти њуќуќи инсон ва омодагии онњо барои њимояи њуќуќњояшон фаъолият мекунад. 1.4. Принсипњои фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон фаъолияти худро дар асоси принсипњои зерин амалї менамояд: Мустаќилият Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон њангоми амалї намудани ваколатњои худ мустаќил буда, ба ягон маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот (љамоат) ва шахсони мансабдор њисоботдињанда намебошад. Доираи фаъолияти ќонунї ва ташкилии худро мустаќилона муайян ва амалї менамояд. Дар асос ва бо тартибе, ки ќонун муќаррар намудааст, дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар Љумњурии Тољикистон ба маќомоти дахлдори њокимияти давлатї њар сол маърўза пешнињод менамояд. Соњибкасбї Кормандони Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар асоси принсипи касбият ба кор ќабул карда мешаванд. Онњо дар давоми фаъолияти худ дониш, малака ва мањорати касбиашонро тавассути иштирок дар машѓулиятњои дохили-идоравї, курсњои омўзишї, семинару конфронсњо ва бо роњи худомўзї баланд мебардоранд. Њар як корманд вазифањои худро бояд хуб донад, дар иљрои онњо беѓараз бошад, ба дигаргунињои соњаи њуќуќи инсон вокуниш нишон дода тавонад. Онњо бояд ўњдадорињои мансабии худро сари ваќт ва самаранок ба љо оварда, принсипи махфият ва зери њимоя ќарор доштани иттилооти шахсии мурољиаткунандагонро риоя намоянд. Дастрасї Мањалли љойгиршавї, љадвали ќабули барои мурољиат-кунандагон мувофиќ, мављуд набудани бољи давлатї ва мањдудиятњо аз рўи забон, нажод, миллат ва ташкили муњити мувофиќи кор маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсонро барои њар як фард дастрас гардонидааст. Шаффофият Тартиби коргузорї ва ќабули шањрвандон барои кормандони Дастгоњ ва мурољиаткунандагон фањмо ва содда буда, њар нафаре, ки мурољиат кардааст, метавонад бо љараёни баррасии шикояти худ бевосита шинос шавад. Ваколатдор дар бораи фаъолияти худ ва вазъи њуќуќи инсон љомеаро тавассути нашри њисоботу маърўзањо, маќолаю вараќањои иттилоотї, китобњо ва суханронињо дар воситањои ахбори омма, конфронсу семинарњо хабардор менамояд. Ба наздикї сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба фаъолият оѓоз менамояд. Баробарї ва манъи табъиз Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ва кормандони Дастгоњи он дар фаъолияти худ бо якдигар ва бо мурољиаткунандагон муносибати якхела доранд, ки њар гуна шакли табъизро аз рўи љинс, забон, синну сол, ќобилияти љисмонї ва равонї, вазъи иљтимої, миллат, мансубияти этникї ва эътиќоди динї истисно менамояд. II. ФАЪОЛИЯТИ МАЌОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ЊУЌУЌИ ИНСОН ДАР СОЛЊОИ 2 0 0 9-2 0 1 0 2.1. Сохтор ва њайати кормандони маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 21 декабри соли 2009 №129-ф барои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар маркази шањри Душанбе, кўчаи Љ. Икромї-7 бинои алоњида људо карда шудааст. Дар маркази пойтахт људо шудани бинои маъмурї барои дастрасии ањолї ба маќомот мусоидат намуда, нуфуз ва ањамияти онро баланд мебардорад. Дар доираи теъдоди муайяншудаи кормандон (21 нафар хизматчиёни давлатї ва 15 нафар њайати хизматрасон) барои таъмини фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ва амалї намудани ваколатњои ў Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон таъсис дода шудааст. Дастгоњ таъминоти њуќуќї, ташкилї, илмию тањлилї, иттилоотию ахборотї ва дигар фаъолияти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсонро амалї менамояд. Кормандони масъули Дастгоњ хизматчиёни давлатї мебошанд. Бинобар ин онњо бо дарназардошти ќонунгузории хизмати давлатї тариќи озмун ба кор ќабул карда мешаванд. Айни њол дар маќомот амалан 20 нафар хизматчиёни давлатї кор мекунанд, ки аз онњо 7 нафарашон занон мебошанд. Њамаи хизматчиёни давлатї тањсилоти олї дошта, аз онњо 1 нафар номзади илм, 8 нафар дорои ду тањсилоти олї буда, аз рўи нишондоди тахассусї 15 нафар њуќуќшинос, 2 нафар сиёсатшинос, 1 нафар иќтисодчї, 1 нафар шарќшинос, 1 нафар омўзгори забони англисї ва аз рўи синну сол бошад то 28 — сола – 4 нафар, то 35 — сола – 3 нафар, то 45 — сола – 7 нафар, то 58 — сола – 6 нафаранд. Дар байни хизматчиёни давлатї тољикон 18 нафар, ўзбекњо 1 нафар ва дигар миллат 1 нафар мебошанд. Дар маќомот намояндагони тамоми минтаќањои љумњурї фаъолият менамоянд, аз љумла намояндагони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон – 2 нафар, вилояти Суѓд – 3 нафар, вилояти Хатлон – 5 нафар, шањру ноњияњои тобеи љумњурї – 3 нафар ва шањри Душанбе – 7 нафарро ташкил медињанд. Аз ин раќамњо бармеояд, ки талаботи тахассусї нисбати кормандон дар маќомот риоя шудааст, аз љумла бо дарназардошти хусусиятњои самти корї дар Дастгоњ 80 фоизи кормандони масъул њуќуќшиносанд. Сохтори Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон аз шўъба ва бахшњои зерин иборат аст: — шўъбаи њифзи давлатии њуќуќњои сиёсї ва шањрвандї; — шўъбаи њифзи давлатии њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї; — шўъбаи иттилоотї-тањлилї; — бахши умумї ва хизмати давлатї; — бахши молиявї-хољагї. Барои таќвият бахшидан ба фаъолияти Дастгоњ дар самти иттилоотї-тањлилї, кор бо воситањои ахбори омма, њамкорї бо ташкилотњои ѓайридавлатї ва созмонњои байналмилалї зарурати таъсиси сохтори алоњида ба миён омад. Ин иќдом аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон дастгирї ёфт ва бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 16 декабри соли 2010 №969 теъдоди кормандони масъул аз 17 то 21 нафар зиёд карда шуд. Шўъбаи иттилоотї-тањлилї таъсис дода шуда, кормандони он пас аз гузаштани озмун аз аввали соли 2011 ба кор шурўъ намуданд. Фаъолияти ин воњиди сохторї то соли 2013 тибќи маблаѓњои грантии Њукумати Нидерландия ва аз соли 2013 аз њисоби буљети љумњуриявї маблаѓгузорї карда мешавад. Барои таъмини фаъолияти босубот ва самараноки маќомот заминањои њуќуќию ташкилї муњайё гардида, якчанд санадњои дохилиидоравї тањия ва ќабул карда шуданд. Низомномаи Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, Дастурамали коргузорї дар Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Самтњои асосии фаъолияти кормандони Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Дастурамали тартиби баррасии мурољиати шањрвандон дар маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Низомномаи Шўрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Низомномаи Ќабулгоњњои љамъиятии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар минтаќањои Љумњурии Тољикистон аз љумлаи чунин санадњо мебошанд. Дар ин давра Дастгоњ бо воситањои зарурии корї, аз љумла мебел, компютерњо, воситањои алоќаи шањрї ва дохилиидоравї таъмин шудааст. Аз 19 компютер 11 адад бо интернет пайваст буда, аз моњи марти соли 2010 шабакаи дохилиидоравии компютерї амал менамояд. 2.2. Натиљањои фаъолият аз рўи самтњо 2.2.1. Мурољиати шањрвандон Мурољиати шањрвандон тибќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи мурољиати шањрвандон» ва Дастурамали тартиби баррасии мурољиати шањрвандон дар маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон баррасї мегардад. Мувофиќи талаботи санадњои меъёрии њуќуќии зикршуда ба маќомот шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд, ки њисоб мекунанд, ки њуќуќу озодињояшон халалдор шудаанд ё намояндагони ќонунии онњо дар давоми як сол аз лањзаи халалдор шудани њуќуќу озодињо ё аз њамон рўзе, ки ба онњо риоя нагардидани њуќуќњояшон маълум шудааст, мурољиат карда метавонанд. Бо фармони Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар маќомот љадвали ќабули шањрвандон тасдиќ карда шудааст, ки тибќи он Ваколатдор ва роњбарони воњидњои сохторї шањрвандонро ќабул менамоянд. Инчунин рўзњои шанбе низ Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон бевосита шањрвандонро ќабул мекунад. Дар чор моњи соли 2009 ва соли 2010 дар маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 1543 мурољиат, аз љумла 444 мурољиати хаттї ва 1099 мурољиати шифоњии шањрвандон ба ќайд гирифта шудааст. Мурољиатњо аз сокинони шањри Душанбе – 206 адад, вилояти Хатлон – 66 адад, вилояти Суѓд – 95 адад, ВМКБ – 9 адад, шањру ноњияњои тобеи љумњурї – 54 адад, берун аз љумњурї – 14 адад дохил шудаанд. Мурољиатњои хаттї тибќи таснифот ба њуќуќу озодињои зерини инсон ва шањрванд тааллуќ доранд: Њуќуќњои алоњидаи инсон ва озодињои асосї: — њуќуќ ба њаёт, њуќуќ ба озодї ва дахлнопазирии шахсї – 4 адад; — њуќуќ ба њаёти шахсї ва оилавї (дахлнопазирии манзил ва муросилот) – 9 адад; — њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї – 89 адад; — озодии виљдон ва дин – 6 адад; — њуќуќ ба таъминоти иљтимої ва суѓуртаи иљтимої – 18 адад; — њуќуќ ба сатњи арзандаи зиндагї (њуќуќ ба хўрок, либос ва манзил) – 77 адад; — њуќуќ ба мењнат ва интихоби касб, њуќуќ ба шароити одилона ва мусоиди мењнат – 22 адад; — њуќуќ ба моликият ва фаъолияти озоди иќтисодї – 49 адад; — њуќуќ ба тањсил, њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангї, илм ва санъат – 8 адад. Гурўњњои алоњидаи одамон: — њуќуќњои инсон ва маќомоти њифзи њуќуќ (дастгиркунии худсарона ва ѓайриќонунї, озодї аз шиканља ва муомилањои дигари берањмона, њуќуќи инсон њангоми гузарондани тањќиќ ва тафтишоти пешакї, њуќуќ барои гузаронидани тафтишоти самараноки њуќуќњои халалдоршуда) – 106 адад; — њуќуќњои шахсони аз озодї мањрумшуда (муассисањои ислоњї, муассисањои психиатрї ва ѓ.) – 5 адад; — њуќуќи гурезагон, шахсони бешањрванд, шањрвандони хориљї – 9 адад; — њуќуќи хизматчиёни њарбї, њуќуќњои инсон њангоми даъватшавї ба хизмати њарбї ва адои хизмат – 2 адад; — њуќуќњои кўдакон – 3 адад; — њуќуќ ба дараљаи баландтари солимии љисмонї ва рўњї – 1 адад; — дигар масъалањо – 36 адад. Дар мурољиатњои хаттии шањрвандон, ки дар маќомоти Ваколатдор мавриди баррасї ќарор дода шудаанд, нисбати ќарор ё амали (беамалии) маќомоти њокимияти давлатї ва ташкилотњои зерин шикоят карда шудааст: — маќомоти судї – 222 адад: а) шикоят нисбати њукмњои судї – 93 адад; б) шикоят нисбати њалномањои судї – 129 адад. — маќомоти прокуратура – 51 адад; — маќомоти корњои дохилї – 39 адад; — маќомоти амният – 11 адад; — вазорату идорањои дигар – 44 адад; — маќомоти мањаллии њокимияти давлатї – 22 адад; — маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот (љамоат) – 1адад; — маќомоти давлатњои хориљї – 1 адад; — созмонњои байналмилалї – 1адад; — дигар шахсони њуќуќї – 52 адад (мурољиатњо оид ба мусоидат намудан дар њалли масъалањои гуногун). Аксарияти мурољиатњои ба маќомоти Ваколатдор дохилшуда мурољиатњо нисбати санадњои судї мебошанд. Аз 444 мурољиати воридгардида 222-тоаш оид ба норизо будан аз њукму њалномањои судї, кашолкорї дар баррасии парвандањоанд. Аз 222 мурољиати воридгардида дар 93 њолат шањрвандон оид ба норизо будан аз њукми судї бинобар таъин намудани љазои вазнин, нодуруст банду баст намудани кирдорњои содиршуда, беасос ба љавобгарї кашида шудан, њангоми тафтишот таъмин накардан бо њимоя ва дар 129 њолат оид ба норизо будан аз њалномањои судї вобаста ба парвандањои гражданї шикоят намудаанд. Аз љумлаи ин мурољиатњо 2 шикоят оид ба сари ваќт дастрас накардани санади судї ва дар мурофиа танњо ќисми хулосавии њукмро эълон намудани судя, 1 шикоят оид ба вайрон намудани принсипи адолати судї (баробарї дар назди ќонун, баррасии парванда аз тарафи суди мустаќил ва беѓараз) њангоми баррасии парванда дар суд, 11 мурољиат дар бораи ба кашолкорї роњ додан дар баррасии парвандањо мебошанд. Аз мурољиатњои воридгардида (11 мурољиат) бармеояд, ки аксар ваќт њангоми баррасии парвандањо аз тарафи маќомоти судї ба кашолкорї роњ дода шуда, парвандањо сари ваќт баррасї карда намешаванд. Аз љумла, шањрванд А.А. оид ба барќарор намудан ба љои кори пештара ва рўёнидани музди мењнат барои давраи ноилољ ба кор набаромадан ба Суди ноњияи И.Сомонии шањри Душанбе мурољиат кардааст. Судяи Суди ноњияи И.Сомонї бо таъиноти худ парвандаро аз рўи тобеияташ ба мањалли будубоши љавобгар ба Суди шањри Хуљанд мефиристад. Аз моњи июли соли 2010 то њол парванда дар Суди шањри Хуљанд мавриди баррасї ќарор дорад, вале њанўз њам нисбати он ќарори дахлдор ќабул карда нашудааст. Њол он ки ќонун барои баррасии ин бањсњо мўњлати якмоња муќаррар намудааст. Шањрвандон Б.Н. ва Ш.Н. мурољиат карда, аз он шикоят намудаанд, ки даъвои онњо оид ба рўёнидани маблаѓ, љуброни товони зарари моддї ва маънавї муддати 8 сол аст, ки дар баррасии маќомоти судї мебошад. Баррасии аризаи даъвогии шањрванд В.Ќ. оид ба бањси манзил соли 1993 оѓоз гардида, то соли 2007 давом кардааст. Аризаи шањрванд Њ.К. соли 2008 аз тарафи Суди ноњияи Ёвон ќабул ва мавриди баррасї ќарор дода, баъдан ба Суди вилояти Хатлон ва аз он ба Суди ноњияи Хуросон ва боз ба Суди ноњияи Ёвон фиристода шуда, то њол нисбати он ќарори дахлдор ќабул карда нашудааст. Дар мурољиатњои ба маќомоти Ваколатдор воридгардида њолатњои мавриди азобу шиканља ќарор додани гумонбар-шудагон њангоми гузаронидани тањќиќ ва тафтишоти пешакї иброз шудаанд. Аз шумораи умумии мурољиатњои воридгардида дар 14 њолат шањрвандон аз он шикоят намудаанд, ки онњо ва ё наздиконашон дар рафти тафтишоти пешакї мавриди азобу шиканља ќарор дода шудаанд. Яке аз роњњои таъмин ва њифзи њуќуќи шањрвандон истењсолоти иљро мебошад. Вазифањои асосии он иљрои њатмї ва бањангоми санадњои судї оид ба бањсњои гражданї ва иќтисодї, њукм ва ќарорњои вобаста ба парвандањои љиноятї дар бобати ситонидани љарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонун иљро намудани санадњои дигар маќомот мебошанд. Дар давраи фаъолияти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ба маќомот 9 мурољиат оид ба њолатњои аз тарафи судиљрочиён иљро нагардидан ва дер иљро гардидани санадњои судї ворид шудааст. Шањрванди Федератсияи Россия Л.В. тавассути Ваколатдор оид ба њуќуќи инсони Федератсияи Россия ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, доир ба муддати тўлонї иљро нагардидани њалномаи Суди шањри Вањдат аз 25 январи соли 1984, ки тибќи он даъвои шањрванд дар бораи рўёнидани товони зарари ба саломатии ў расонидашуда ќонеъ карда шудааст, шикоят намудааст. Мурољиати чандинкаратаи шањрванд ба судиљрочиён ягон натиља набахшидааст. Судиљрочиён вараќаи иљроро гўё ба сабаби барњам хўрдани корхонаи љавобгар ва вориси њуќуќї надоштани он ба ситонанда баргардонидаанд. Дар натиљаи санљиш маълум гардид, ки дар заминаи амволи Раёсати корњои механиконидашудаи Иттињодияи лоињакашї ва сохтмонии «Тољикгидроэнергострой», ки дар давраи фаъолият намудани Л.В. дар он ба саломатиаш зарар расидааст, бо ќарори Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон Љамъияти сањњомии кушодаи «УМР» таъсис дода шуда, аз ќайди давлатї гузаштааст. Аммо собиќ иљрочии Суди шањри Вањдат, ин њолатњоро дуруст насанљида, вараќаи иљроро ба суроѓаи ситонанда бармањал фиристодааст. Шањрванд Д.Ќ. дар мурољиаташ оид ба иљро нагардидани њалномаи судї аз 28 августи соли 2003, ки тибќи он ў дар љои кори пештарааш бояд барќарор ва музди миёнаи дар давраи маљбурї ба кор набаромаданаш рўёнида мешуд, шикоят намудааст. Тањлили ин гурўњи мурољиатњо аз хунукназарии судиљрочиён, наандешидани чорањои дахлдори љавобгарї нисбати шахсони мансабдор ва шањрвандон барои иљро накардани санадњои судї шањодат медињанд. Аз мурољиатњои хаттї 217-тоаш ба баррасии маќомоти њокимияти давлатї фиристода, 60-тоаш тањти назорати маќомоти Ваколатдор ќарор дода шудааст. Аксарияти мурољиатњои ба маќомот тањти назорат ирсолшуда сари ваќт аз тарафи онњо баррасї гардида, ба Ваколатдор оид ба чорањои андешидашуда маълумоти дахлдор ирсол карда шудааст. Дар натиљаи њамкории якљояи маќомоти Ваколатдор бо маќомоти њокимияти давлатї нисбати барќарорсозии њуќуќу озодињои шањрвандон чорањои дахлдор андешида шуданд. Аз љумла, мурољиати шањрванд М.К., сокини ноњияи Ќубодиён оид ба лату кўб карда шудани бародараш М.М. аз тарафи С. ва У. ном шахсон ва аз тарафи Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Љ. Румї рад намудани оѓози парвандаи љиноятї нисбати гумонбаршудагон ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Дар натиља бинобар беасос ва ѓайриќонунї будани ќарор дар бораи рад намудани оѓози парвандаи љиноятї он 11 феврали соли 2010 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон бекор карда, нисбати Я.У. бо банди «а» ќисми 2 моддаи 237 (авбошї) Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз гардида, барои гузаронидани тафтишоти пешакї ба шўъбаи тафтишоти Раёсати корњои дохилии вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Мурољиати шањрванд Х.Х. дар бораи таркиши 13 ноябри соли 2006-ро муайян накардани маќомоти тафтишотї, ки дар натиља писари ноболиѓи ў љароњати вазнини љисмонї бардоштааст, барои андешидани чора ба Прокуратураи генералї ирсол карда шуд. Оид ба њодисаи мазкур Прокуратураи ноњияи Рўдакї 14 ноябри соли 2006 бо ќисми 2 моддаи 104 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (одамкушї) парвандаи љиноятї оѓоз намуда, баъди гузаронидани амалиёти тафтишотї, истењсолоти он ба сабаби муайян нашудани шахси ба љавобгарии љиноятї кашидашаванда боздошта шудааст. 12 майи соли 2010 ќарори боздошти тафтишоти пешакї бекор ва парвандаи љиноятї барои гузаронидани тафтишоти иловагї ба Прокуратураи ноњияи Рўдакї ирсол карда шуд. Мурољиати шањрвандон С.Н. ва В.А. дар бораи аз тарафи кормандони милитсия лату кўб намудани О.В. ба Прокуратураи генералї ирсол гардид. Дар натиља муайян карда шуд, ки ќарори тањќиќбарандаи калони Шўъбаи корњои дохилии ноњияи И.Сомонї А.И., ки аризаи шањрвандонро санљида, оѓози парвандаи љиноятиро рад намудааст, бинобар ѓайриќонунї буданаш бекор карда, оид ба њолати лату кўб шудани О.В. бо моддаи 112 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз ва барои пешбурди тафтишоти пешакї ба Прокуратураи ноњияи И.Сомонї ирсол гардидааст. Мурољиати шањрванд Ќ.С. оид ба дуздонидани гўсфандонаш ва масолењи сохтмонї ва оид ба њодисаи мазкур аз тарафи сарнозири минтаќавии Шўъбаи корњои дохилии 1-уми ноњияи Рўдакї Н.С. ва баъдан сарваколатдори бахши кофтукови љиноятии њамин шўъба гузаронидани санљиши рўякї ба Прокуратураи генералї ирсол карда шуд. Дар натиља кормандони фаврии Шўъбаи корњои дохилии 1-уми ноњияи Рўдакї ба љавобгарии интизомї кашида шуданд ва санљиши минбаъдаи парвандаро Прокуратураи ноњияи Рўдакї идома додааст. Аз рўи њодисаи мазкур 6 майи соли 2010 Прокурори ноњияи Рўдакї бо банди «а» ќисми 3 моддаи 244 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (дуздї) парвандаи љиної оѓоз намуда, барои пешбурди тафтишоти пешакї ба Шўъбаи корњои дохилии 1-уми ноњияи Рўдакї ирсол шудааст. Аз рўи мурољиати як гурўњ сокинони кўчаи Н. Ќаробоеви шањри Душанбе, ки дар он мурољиаткунандагон аз хизматрасонии кормандони Ширкати сањомии холдингии кушодаи «Барќи тољик» ва кори њисобкунакњои барќї норозигї баён намудаанд, ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба баррасии масъалаи мазкур дархост ирсол карда шуд. Дар натиља аз тарафи нозирони маќомоти мазкур ва намояндагони Шабакањои барќи шањри Душанбе асбобњои бањисобгирии сарфи барќ дар хонаи №12-и кўчаи Н. Ќаробоев аз назорати инспексионї гузаронида, муайян карда шуд, ки якчанд адади ин њисобкунакњои барќї ба талаботи стандарт љавобгў нестанд. Нисбати корношоямии онњо мутасаддиёни Ширкати сањомии холдингии кушодаи «Барќи тољик» огоњонида шуданд. Инчунин маълум шуд, ки нозирони минтаќавї маълумотњоро дар вараќањои пардохти маблаѓи истифодаи ќувваи барќ аз пеши худ барзиёд менависанд. Ба шањрванд П.Љ., ки оид ба масъалаи мавќуф гузоштани иљрои њалномаи судї ва сариваќт надодани вараќаи иљро аз рўи бањси манзил мурољиат карда буд, барои сари ваќт баррасї гардидани парванда ва гирифтани вараќаи иљро мусоидат карда шуд. Аризаи шањрванди Љумњурии Молдова С.В., ки тавассути Ваколатдор оид ба њуќуќи инсони Љумњурии Молдова дар бораи расонидани кўмак ба барќарор намудани шањодатномаи таваллуди ў ворид гардида буд, бо роњи мурољиат ба Раёсати сабти асноди њолати шањрвандии Вазорати адлия барќарор карда, ба дархосткунанда фиристода шуд. Як гурўњ истиќоматкунандагони дењањои Зиндовуд ва Гандумпаяи шањри Панљакент, ки љойи зисташон дар минтаќаи хавфнок љойгир аст, бо аризаи дастљамъона мурољиат намуда, аз Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дархост намудаанд, ки барои кўчонидани онњо ба минтаќаи бехавф мусоидат намояд. Мурољиати мазкур ба Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ирсол карда, нисбати ин масъала чорањои дахлдор андешида шуд. Шањрванд А.И. аз Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дархост кардааст, ки барои дастрас намудани нусхаи таъиноти Суди ноњияи Фархор ва мактуби Корхонаи давлатии фаръии техникии байниноњиявии ноњияи Фархор мусоидат намояд. Бо дархости Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон њуљљатњои зикргардида ба суроѓаи дархосткунанда фиристода шуданд. Шањрвандон Њ.К. ва Т.М. аз Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дархост кардаанд, ки парвандаи љиної нисбати шањрванд Д.О. беасос ва ѓайриќонунї боздошта шудааст. Аризаи мазкур ба Прокуратураи вилояти Хатлон фиристода шуд. Дар натиља аз тарафи маќомоти мазкур ќарор оид ба боздоштани парванда бекор ва барои тафтиши иловагї ба Шўъбаи тафтишотии Шўъбаи корњои дохилии шањри Кўлоб фиристода шуд. Њангоми ба вилояти Суѓд ба сафари хизматї рафтани кормандони Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон сокини ноњияи Бобољон Ѓафуров Б.Д. ба онњо мурољиат намуда, ќайд кардааст, ки аќди никоњи онњо аз љониби суд моњи майи соли љорї бекор карда шудааст, аммо шавњари собиќаш ба Б.Д. барои вохўрдан бо фарзандонаш иљозат намедињад. Аз гуфтаи Б.Д. маълум гардид, ки аризаи ўро дар бораи муќаррар намудани љои зисти фарзандон суд ќабул накардааст. Зимни гуфтугў бо раиси суди ноњияи Бобољон Ѓафуров М.А. аризаи Б.Д. ќабул карда шуд. Дар солњои 2009-2010-ум 1099 нафар шањрвандон ба маќомоти Ваколатдор оид ба њукуќи инсон тариќи шифоњї мурољиат намудаанд. Ба онњо њуќуќњояшон ва инчунин воситањои њифзи њуќуќу озодињояшон фањмонида шуданд. 2.2.2. Такмили ќонунгузорї Мусоидат дар такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вобаста ба њуќуќу озодињои инсон яке аз самтњои дигари фаъолияти маќомот мебошад. Дар солњои 2009-2010 зиёда аз 114 санади меъёрии њуќуќї, аз љумла 85 лоињаи ќонун оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонунњои амалкунанда мавриди омўзишу баррасї ќарор дода шуда, хулосањо пешнињод гардиданд. Бо маќсади ба њам мувофиќ гардонидани ќонунгузории амалкунанда бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» лоињањои ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи мурофиаи судии иќтисодї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон» ва «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї» тањия ва баъд аз мувофиќа бо вазорату идорањо ба Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон фиристода шуданд. Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар тањияи санадњои меъёрии њуќуќї бевосита иштирок менамояд. Аз љумла, ў аъзои гурўњи корї оид ба тањияи лоињаи Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи шањрвандии Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї мебошад. 2.2.3. Баланд бардоштани маърифати шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон Љињати баланд бардоштани маърифати шањрвандон оид ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд аз воситањои гуногун, аз ќабили вохўрињову сўњбатњо бо ањолї, конфронсњо, семинарњо ва мизњои мудаввар бо иштироки намояндагони маќомоти њокимияти давлатї, ташкилотњои ѓайрињукуматї ва созмонњои байналмилалї, баромадњо ва нашри маќолањо дар воситањои ахбори омма васеъ истифода карда шудааст. Дар чор моњи соли 2009 ва соли 2010 кормандони маќомот дар 52 конфронсу семинар ва мизи мудаввар, ки дар љумњурї ва берун аз он оид ба мавзўъњои гуногуни њуќуќи инсон бахшида шуда буданд, иштирок ва сухан карданд. Аз љумла, дар якљоягї бо дигар маќомоту сохторњои љомеаи шањрвандї дар минтаќањои мамлакат дар мавзўъњои хариду фурўши одамон, механизмњои байналмилалии мубориза бо шиканља, њукми ќатл ва муаррифии фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон семинар-вохўрињо гузаронида шуданд, ки дар онњо кормандон оид ба наќши маќомоти Ваколатор оид ба њуќуки инсон дар масъалањои зикргардида маърўзањо карданд. Инчунин бо ташаббуси Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон конфронсу семинарњо гузаронида шуданд. Аз љумла, ба муносибати 10 декабр – Рўзи умумиљањонии њуќуќи инсон конференсия дар мавзўи «Таълим дар соњаи њуќуќи инсон дар Тољикистон» гузаронида шуд. Кормандони маќомот дар мавзўъњои вобаста ба мурољиати шањрвандон, вазъи њуќуќи инсон дар љумњурї, наќши маќомот, наќши Конститутсия дар пешрафти њуќуќу озодињои инсон ва дигар мавзўъњо 14 маротиба дар барномањои шабакањои гуногуни телевизионї ва 6 маротиба аз тариќи радио сухан карда, дар рўзномаю њафтаномањо 10 маќола ба чоп расониданд. Аз љумла, дар рўзномаву њафтаномањои «Садои мардум», «Курьер Таджикистана», «Азия Плюс», «Народная газета», «Фараж» дар мавзўъњои «Мо аз њама аризањо ќабул мекунем», «Риояи њуќуќу озодињои инсон – шарти њатмии љомеаи шањрвандї», «Нарушаются ли права человека в Таджикистане», «Мы принимаем заявления от всех», «В Душанбе готовятся к Варшаве», «Санади барљаста дар таърихи инсоният» маќолањо нашр намуда, инчунин аз тариќи «Шабакаи якуми телевизиони Тољикистон», «Љањоннамо», «Сафина» ва «Радиои Тољикистон» дар бораи маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон њамчун маќомоти њимоякунандаи њуќуќи инсон, вазифањои он, салоњияти ў њангоми санљиши мурољиати шањрвандон, тартиби мурољиат ба ў сухан карданд. Њамчунин бо маќсади интишор додани иттилоот оид ба њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» дар шакли китобча (500 нусха), китобча ва буклет бо номи «Ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон чї тавр бояд мурољиат намуд?» (1200 нусха) ва «Маљмўаи санадњои меъёрии њуќуќї дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон» (250 нусха) нашр шуда, ба маќомоти њокимияти давлатї ва сохторњои љомеаи шањрвандї ройгон таќсим карда шуданд. 2.2.4. Њамкорї: њадаф ва натиљањо Њамкории маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар фаъолияти якљояи ба њам судманди маќомоти њокимияти давлатї, ташкилотњои ѓайридавлатї ва созмонњои байналмилалї зуњур меёбад. Бо маќомоти њокимияти давлатї њамкорињо асосан дар доираи амалї намудани наќшањои якљояи дорои хусусияти барномавї ва стратегї, баррасии лоињаи ќонунњо, санадњои меъёрии њуќуќї ва мурољиати шањрвандон, инчунин гурўњњои корї њамкорї карда мешавад. Робита ва њамкорињо хусусан бо Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Вазорати адлия, Шўрои адлия, Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї дар сатњи баланд ба роњ монда шудааст. Дар доираи ин њамкорињо кормандони маќомот љињати иљрои ўњдадорињои байналмилалии Тољикистон дар соњаи њуќуќи инсон ба гурўњњои корї оид ба омода намудани маърўзањои миллї ба кумитањои СММ оид ба њуќуќи инсон љалб шудаанд. Аз љумла, кормандони Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар гурўњњои корї дар бораи омода намудани Маърўзаи умумии даврї (МУД), Маърўзаи даврии Љумњурии Тољикистон оид ба Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф ва Маърўзаи миллии Љумњурии Тољикистон доир ба риоя намудани Конвенсияи байналмилалї дар бораи њимояи њуќуќи њамаи коргарони муњољир ва аъзои оилаи онњо, Маърўзаи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї фаъолият намуда, барои онњо маълумоти дахлдор пешнињод карданд. Созмонњои байналмилалї ва ташкилотњои ѓайридавлатї, ки дар љумњурї дар соњаи њуќуќи инсон фаъолият менамоянд, дар ташкили фаъолият, баланд бардоштани иќтидори дохилии маќомот, расонидани кўмаки техникї мусоидат намуданд. Аз љумла, дар ин кор Барномаи рушди СММ, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо, Шўъбаи Тољикистонии институти Љомеаи Кушода – Бунёди Мадад, инчунин Њукумати Нидерландия, Њукумати Дания, Швейтсария, сафоратњои ИМА ва Љумњурии Федеративии Германия сањм гузоштанд. Дар љумњурї дар соњаи њуќуќи инсон беш аз 50 ташкилотњои ѓайридавлатї фаъолият менамояд. Маќомот бо онњо робитаи ќавї дошта, оид ба масъалањои гуногуни њамкорї њар семоња машварат мегузаронад ва бахусус бо «Идораи њуќуќи инсон ва риояи ќонуният», «Љомеа ва њуќуќ», «Њуќуќ ва бењбудї», «Маркази њуќуќи инсон», Фонди љамъиятии «Нота бене» ва Иттињодияи њуќуќшиносони љавон «Ампаро» њамкорињо судманд њастанд. Дар самти маърифатнокии ањолї, тањлил ва тањќиќи вазъи мављудаи њуќуќњои инсон бо «Идораи њуќуќи инсон ва риояи ќонуният», «Њуќуќ ва бењбудї» ва «Маркази њуќуќи инсон» меморандумњои њамкорї ба имзо расонида шудааст. 2.2.5. Тањлили вазъи њуќуќњои инсон ва санљишњо Кормандони маќомот дар санљиши рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мурољиатњои шањрвандон», ки дар маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти њифзи њуќуќи ноњияњои Сино ва Шоњмансури шањри Душанбе гузаронида шуд, дар њайати гурўњи кории Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд. Рўзњои 24 ва 25 августи соли 2010 бо маќсади тањлили риояи њуќуќи беморони гирифтори касалињои рўњї, њолати расонидани кўмаки тиббї ба чунин беморон дар Беморхонаи љумњуриявии клиникии беморињои рўњї санљиш гузаронида шуд. Дар натиљаи санљиш муайян карда шуд, ки дар беморхона 635 нафар беморон бистарї мебошанд. Биноњои беморхона таъмирталаб буда, беморон ба хўроки серѓизо ниёз доранд. Мутахассисони касбии соња намерасанд, таъминоти доруворї дар сатњи паст ќарор дорад. Нафаќапулии беморонро хешу таборашон дар љои истиќомати онњо гирифта, ба хабаргирии онњо намеоянд ва ин боиси он мегардад, ки беморон солњои тўлонї аз беморхона берун намебароянд. Аз љониби маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон иљрои Барномаи системаи давлатии омўзиши соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12 июни соли 2001 тасдиќ гардида буд, моњњои сентябр-декабри соли 2010 мавриди тањлил ќарор дода шуд. Барномаи мазкур бо маќсади иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1999 «Дар бораи тањкими љараёни демократикунонии њаёти љамъиятї-сиёсї дар љумњурї» ва бо назардошти принсипњо, њадафњо ва вазифањои асноди асосии байналмилалї дар бораи њуќуќи инсон ва дањсолаи омўзиш дар соњаи њуќуќи инсон (солњои 1995-2004) ќабул шуда буд. Натиљањои тањлил дар конференсия оид ба мавзўи «Омўзиши соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон – дастовардњо ва ќадамњои оянда», ки 10 декабри соли 2010 бо дастгирии дафтари САЊА гузаронида шуд, мавриди муњокима ќарор гирифт. Аз тањлил ва натиљаи конференсия бармеояд, ки барои баланд бардоштани сатњи маърифати ањолї дар соњаи њуќуќу озодињои инсон тањия ва ќабул кардани Барномаи нави таълимї барои солњои 2011-2020 мувофиќи маќсад аст. Аз ин рў, маќомот тасмим гирифтааст, ки барномаи навро тањия намуда, ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намояд. III. ВАЗЪИ РИОЯИ ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ ИНСОН ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 3.1. Њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон (м. 19) ба њар кас кафолати њифзи судї додааст. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд. Њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї яке аз заминањои љомеаи демократї ва њуќуќи асосии инсон аст. Он бо якчанд санадњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон, аз љумла Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї ва дигар созишномањои байналмилалии ќабулкардаи СММ эътироф шудааст. Баамалбарории њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї ошкоро будани муњокимаи судї, баробарї дар назди суд, баррасии парванда аз тарафи суди босалоњият, беѓараз ва мустаќили ќонунан таъсисёфта, баррасии парванда мувофиќи тобеияти судї, риояи њатмии тамоми ќоидањои мурофиаи судї, эњтимолияти бегуноњї, беэътибории далелњои бо роњи азобу шиканља ва дигар усулњои ѓайриќонунї ба даст овардашуда, њуќуќ ба њимоя, њуќуќи истифода аз кўмаки тарљумон дар сурати надонистани забоне, ки дар суд истифода мешавад, таъмини њуќуќњои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа, имконияти шикоят намудан нисбат ба санадњои судиро дар назар дорад. Тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон адолати судиро Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди њарбї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, шањру ноњияњо, судњои иќтисодии вилоятњо ва шањри Душанбе ба амал мебароранд. Комитети СММ оид ба њуќуќи инсон, Комитет оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ва Комитети зидди шиканља дар рафти баррасиии маърўзањои миллии Љумњурии Тољикистон (солњои 2005-2006) як ќатор тавсияњоро оид ба масъалањои таъмини кафолатњои муњокимаи одилонаи судї ба Љумњурии Тољикистон пешнињод карданд. Аз љумла, ворид намудани таѓйирот ба ќонунгузории мурофиавї бо маќсади таъмини риояи принсипњои асосии муњокимаи одилонаи судї, таъмини кафолати мустаќилият ва беѓаразии њокимияти судї, гузаронидани ислоњоти судњои њарбї. Бо дарназардошти ўњдадорињои байналмилалї ва бањри инкишофи минбаъдаи низоми судї, баланд бардоштани самаранокї ва шаффофияти мурофиаи судї, амалї гардонидани вазифањо оид ба њифзи њуќуќу озодињои инсон дар Љумњурии Тољикистон мунтазам чорањо андешида мешаванд. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2007 тасдиќ карда шудани Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї аз ќабили ин чорањо мебошад. Барномаи мазкур дар тањкиму таќвияти њокимияти судї, такмили ќонунњои амалкунанда, ќабули кодексу ќонунњои нав, таъсиси сохторњои нави судї, ба монанди коллегияњои судї оид ба парвандањои маъмурї ва оилавии Суди Олї, судњои вилоятї ва Суди шањри Душанбе, амалї намудани дигар чорабинињои соњавї наќши назаррас дорад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2011 бо маќсади тањкими минбаъдаи њокимияти судї, баланд бардоштани наќши суд дар њифзи њуќуќу озодињои инсон, њимояи манфиатњои ќонунии давлат, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо, такмили сохторњои судї, бењдошти вазъи моддию њуќуќии маќомоти судї ва судяњо, мукаммал намудани ќонунњо Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2013 тасдиќ карда шуд. Барнома ќабули Кодекси одоби судяњо, зиёд намудани мўњлати ваколати судяњо, андешидани тадбирњои зиддикорупсионї, бењдошти вазъи иљтимоию маишии судяњо, таљдиди назар намудани намудњои љазои љиноятї ва ѓайриљиноигардонии баъзе кирдорњо, ќабули ќонун дар бораи расонидани ёрии њуќуќиро пешбинї менамояд. Ќабули Кодекси нави мурофиавии љиноятї, ки аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал ќарор гирифт ва тибќи он як ќатор ваколатњои амрдињї вобаста ба мурофиаи љиноятї, аз љумла њамчун чораи пешгирї ба њабси пешакї гирифтан ба салоњияти судњо дода шуд, далели пешравии љумњурї дар тањкими њуќуќу озодињои инсон мебошад. Амалї намудани Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї ва ќабули Кодекси мурофиавии љиноятї ба тањкими њокимияти судї мусоидат намуда, наќши онро дар амалисозии адолати судї, њифзи њуќуќу озодињои инсон баланд бардошт. Њамон тавре ќайд карда шуд, соли 2010 дар Суди Олї, судњои вилоятї ва суди шањри Душанбе коллегияњои судї оид ба парвандањои маъмурї ва оилавї таъсис дода шуданд. Бинобар ин миќдори судяњо ба 50 воњиди корї зиёд карда шуд, ки њамаи онњо дар Маркази таълимии судяњо аз омўзиш гузаштанд. Њамзамон сарбории судяњо ду маротиба афзуд. Дар нўњ моњи соли 2009 аз тарафи судњои љумњурї зиёда аз 31 њазор парванда ва дар нўњ моњи соли 2010 – 71168 парванда баррасї шудааст. Дар соли 2010 аз 5930 њукми нисбати 7491 кас ќабулшуда ду њукми пурраи сафедкунанда ва 31 њукми ќисман сафедкунанда бароварда шудааст. Моњи июни соли 2010 бо маќсади гуманизатсияи ќонунгузории љиноятї ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон таѓйиротњо ворид карда шудаанд, ки тибќи онњо барои љиноятњои иќтисодї њамчун алтернативаи љазои мањрумї аз озодї љазо дар намуди љарима муайян карда шудааст. Барои таъмини њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї асоси кофии ќонунгузорї мављуд бошад њам, вале чи тавре ки амалия нишон медињад, баъзе проблемањо ва халалдор гаштани ин њуќуќ низ ба назар мерасанд. Аз љумла, дар њуљраи кории судяњо гузаронидани мурофиањои судї, аз мушоњидачиён талаб намудани иљозатнома барои иштирок намудан дар мурофиаи судї, дастрас карда натавонистани иттилоот ва њуљчатњои судї, аз тарафи судяњо нафањмонидани њуќуќи иштирокчиёни мурофиа оид ба шинос шудан бо протоколи маљлиси судї, пурра эълон накардани њукми судї далели риоя нашудани принсипи адолати судї мебошад. Сари ваќт тайёр накардану ба тарафњо насупоридани ќарорњои судї, дар мўњлати муайяншуда баррасї нагардидани парвандањои судї ва омода накардани протоколњои маљлиси судї аз љумлаи дигар камбудию норасоињои фаъолияти судњои љумњурї мебошанд. Дар амалия њолатњое низ вомехўранд, ки судшавандањо дар мурофиаи судї дар бораи аз тарафи маќомоти тафтишотї барои гирифтани нишондодњои худиќрорї мавриди азобу шиканља ќарор дода шудани онњо хабар медињанд. Судя танњо бо даъват намудани муфаттиш ба маљлиси судї мањдуд шуда, баъди аз тарафи муфаттиш инкор кардани њолати мавриди азобу шиканља ќарор додани судшаванда дигар ягон чора намеандешад. Санадњои байналмилалї ва ќонунгузории амалкунандаи љумњурї ба њар кас кафолат додааст, ки худро шахсан ё ба воситаи адвокат њимоя намояд. Њуќуќ ба њимоя њуќуќи интихоби њимоятгар ва њуќуќ ба њимоятгари таъиниро дар бар мегирад. Дар парвандањое, ки иштироки адвокат њатмї аст, ќонун ройгон пешнињод намудани њимоятгарро пешбинї намудааст. Ќонунгузорї имконияти расонидани ёрии ройгони њуќуќиро аз њисоби давлат асосан дар мурофиањои љиноятї пешбинї менамояд. Ќонунгузории амалкунанда дар бораи адвокатура ва ќонунгузории мурофиавии гражданї ба одамони камбизоат имконияти пурраи гирифтани ёрии њуќуќии ройгонро намедињад, меъёрњои аниќи муайянкунандаи шахсоне, ки барои гирифтани ёрии ройгони њуќуќї аз давлат метавонанд кўмак пурсанд, механизми аниќи банизомдарории муносибати байни давлат ва адвокатура оид ба расонидани ёрии ройгони њуќуќї муайян карда нашудааст. Њаќќи хизмати адвокатњои таъинї аз буљети мањаллї пардохт карда, дар аксар мавридњо ин пардохтњо ба таъхир андохта мешаванд ё ин ки ба таври пурра пардохт карда намешаванд, ки ин боиси паст шудани сифати хизмат ва манфиатдор набудани адвокатњо дар расонидани ёрии ройгони њуќуќї мегардад. Дар Барномаи нави ислоњоти судї-њуќуќї барои солњои 2011-2013 ташкили низоми самарноки адвокатура дар назар дошта шуда, бо ин маќсад тањия ва ќабули ќонун дар бораи расонидани ёрии њуќуќї пешбинї шудааст, ки он метавонад барои таъмини њифзи њуќуќу озодињои инсон, амалї намудани адолати судї, ќабули санадњои ќонунии судї мусоидат намояд. Аз натиљаи тањлилњои дар ин самт гузаронидашуда ва баррасии мурољиатњо Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон барои боз њам бењтар шудани вазъи риояи њуќуќи инсон дар самти муњокимаи одилонаи судї тавсияњои зеринро пешнињод менамояд: — такмили минбаъдаи ќонунгузорї ва таљрибаи судї оид ба бењтар намудани дастрасї ба адолати судї; — амалї намудани ислоњоти соњаи адвокатура бо маќсади ташкили низоми мукаммал ва такмилёфтаи адвокатура дар Љумњурии Тољикистон; — таъмини дастрасї ба мурофиањои судии кушода ба њамаи шахсоне, ки таъмини муњокимаи одилонаи судиро дар доираи талаботи ќонунгузорї назорат менамоянд; — дар сурати ањамияти калони љамъиятї доштани мурофиа, бо назардошти имкониятњои техникї барои иштироки оммаи васеъ дар мурофиа андешидани чорањои дахлдор; — баррасии имконияти ташкили хадамотњои маълумотдињї дар судњо; — кор карда баромадани механизми самаранок оид ба пешгирии њодисањои бо роњи азобу шиканља ба даст овардани нишондодњо; — таълими њамаљонибаи принсипњои умумиэътирофшудаи адолати судї ба њуќуќшиносони љавон бо маќсади дар онњо тарбия намудани маданияти эњтиром ва риояи њуќуќи инсон дар рафти мурофиаи судї; — ба таври пайваста гузаронидани мониторинги мурофиањои судї бо маќсади бењтар намудани риояи њуќуќ ба муњокимаи одилонаи судї; — ба таври доимї гузаронидани барномањои таълимї барои судяњо, адвокатњо, прокурорњо оид ба омўзиши стандартњои байналмилалии муњокимаи одилонаи судї. Дар сатњи ќонунгузорї: — дар Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар намудани кафолатњои ёрии њуќуќии ройгон ба шахсони камбизоат; — дар буљети љумњуриявї муайян намудани пардохти њаќќи хизмати њимоятгарони таъинї; — тањияи механизми мурољиат ба маслињатхонањои њуќуќї барои гирифтани ёрии њуќуќии ройгон оид ба парвандањои шањрвандї; — аниќ муайян намудани меъёри камбизоатии шахсоне, ки барои гирифтани ёрии њуќуќии ройгон дар парвандањои шањрвандї њуќуќ доранд. 3.2. Њуќуќ ба њаёт Мувофиќи моддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њар кас њаќќи зиндагї дорад. Њељ кас аз њаёт мањрум карда намешавад, ба истиснои њукми суд барои љинояти махсусан вазнин. Ин њуќуќ бо санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, ба монанди Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї эътироф шудааст. Њуќуќ ба њаёт њуќуќи табиї ва људонопазири њар як инсон буда, бо ќонун њифз карда мешавад. Мазмуни њуќуќ ба њаёт аз он иборат аст, ки њељ касро аз њаёт худсарона мањрум кардан мумкин нест, ба истиснои иљрои њукми суд барои содир намудани љинояте, ки барои он бо ќонун чунин намуди љазо пешбинї карда шудааст. Инчунин њуќуќ ба њаёт давлатро ўњдадор менамояд, ки тамоми чорањоро бањри он андешад, ки њаёти инсон зери хатар намонад ва тафтиши самараноки њодисањои кушторро таъмин намояд. Љумњурии Тољикистон принсипу меъёрњои байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати тадриљан бекор намудани њукми ќатлро ба амал бароварда истодааст. Шањодати ин сиёсати давлат оид ба кам кардани таркибњои љиноят, ки барои онњо њукми ќатл пешбинї шудааст ва минбаъд пурра боздоштани татбиќи чунин намуди љазо мебошад. Дар Кодекси љиноятии соли 1961 барои содир намудани 44 љинояти махсусан вазнин љазои ќатл пешбинї шуда буд. Соли 1998 бо ќабули Кодекси нави љиноятї шумораи моддањое, ки љазои ќатлро пешбинї менамуданд, то 16 адад кам карда шуд. 1 августи соли 2003 ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон таѓйиру иловањо ворид гардида, тибќи онњо миќдори моддањое, ки љазои ќатлро пешбинї намудаанд, то 5 адад кам карда шуда, њукми ќатл ба занон ё шахсоне, ки то синни њаждањсолагї љиноят содир намудаанд, таъин карда намешавад. Љазои ќатл дар Кодекси љиноятї танњо барои љиноятњои одамкушї (ќ. 2 моддаи 104), таљовуз ба номус (ќ. 3 моддаи 138), терроризм (ќ. 4 моддаи 179), биотсид (моддаи 399) ва генотсид (моддаи 398) пешбинї карда шудааст. Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми худ ба Парламенти мамлакат аз 30 апрели соли 2004 ба иљрои њукми ќатл мораторий эълон кард ва 15 июли соли 2004 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи боздоштани татбиќи љазои ќатл дар Љумњурии Тољикистон»-ро ба имзо расонид, ки мувофиќи он дар њудуди Љумњурии Тољикистон татбиќи љазои ќатл ба мўњлати номуайян боздошта шуд. Соли 2005 ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон моддаи 581 илова карда, дар он якумра аз озодї мањрум сохтан њамчун алтернативаи љазои ќатл муќаррар карда шудааст. Бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон соли 2010 гурўњи корї оид ба тањлили асосњои њуќуќї ва иљтимоии мављудияти љазои њукми ќатл дар низоми ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд, ки Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон низ узви он мебошад. Гурўњи корї масъалаи зикргардида ва имконияти ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми факултативии Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсиро мавриди баррасї ќарор хоњад дод. Ба тасвиб расонидани ин Протокол барои Љумњурии Тољикистон, ки сиёсати ислоњоти системаи ќонунгузорї ва ба стандартњои байналмилалї мутобиќ гардонидани ќонунгузории миллиро пеш гирифтааст, ањамияти калон хоњад дошт. 3.3. Њуќуќ ба дахлнопазирии шахсї Тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон давлат дахлнопазирии шахсро кафолат медињад (моддаи 18). Њељ касро бе асоси ќонунї дастгир ва њабс кардан мумкин нест (моддаи 19). Њуќуќ ба озодї ва дахлнопазирии шахсро Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї низ кафолат додаанд. Њуќуќ ба озодї ва дахлнопазирии шахс маънои онро дорад, ки њељ кас наметавонад худсарона ба њабс гирифта шавад, аз озодї ба ѓайр аз асосњои бо ќонун муќарраршуда мањрум карда шавад, дар бораи сабабњои ба њабс гирифтан ва айби ба ў эълоншуда хабардор карда шавад, њар шахси њабсшуда ё боздоштгардида барои муайян намудани ќонунї будани боздошти ў ба назди суд бояд таъљилан њозир карда шавад, агар дар натиљаи ѓайриќонунї ба њабс гирифтан ё дар њабс нигоњ доштан љабр дида бошад, ба љуброне, ки дорои эътибори даъво мебошад, њаќ дорад. Тибќи Конститусияи Љумњурии Тољикистон бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд имконпазир аст. Ќонунгузорї мањдуд намудани њуќуќ ба озодї ва дахлнопазирии шахсро инчунин дар сурати дастгир шудан бо гумони содир намудани љиноят, дар асоси њалномаи суд татбиќ намудани чорањои маљбурии тиббї пешбинї менамояд. Гарчанде стандартњои байналмилалї ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бе асоси ќонунї дастгир ва њабс кардани шахсро манъ кардаанд, вале аз њисоботњои мављуда, аз љумла аз Маърўзањо оид ба Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф ва тањлили арзу шикоятњои ба маќомот воридгардида бармеояд, ки дар баъзе њолатњо вайронкунии њуќуќи инсон њангоми гузаронидани тањќиќ ва тафтишоти пешакї (дастгиркунии худсарона, истифодаи азобу шиканља њангоми гузаронидани тањќиќ ва тафтишоти пешакї) роњ дода мешавад. Тибќи тањлилњо њолатњои вайрон намудани њуќуќњои инсон њангоми дастгиркунї ба баъзе номукаммалии ќонун низ вобастаанд. Ќонунгузории мурофиавї мафњуми «дастгиркунии воќеї»-ро муайян накардааст. Тибќи ќонун кафолатњои њифзи њуќуќи дастгиршуда аз њуќуќ ба њимоя њангоми дастгиршавї, њуќуќ ба мулоќот бо хешовандону наздикон, њуќуќ ба фањмонда дода шудани њуќуќњо њангоми дастгиршавї иборат мебошад. Ќонун муайян кардааст, ки баъди ба маќомоти таъќиби љиноятї овардани дастгиршуда бояд протокол тартиб дода шавад. Дар ин њолат аз лањзаи воќеан дастгир шудан то тартиб дода шудани протокол ваќти муайян мегузарад ва мањз дар њамин давра дастгиршудагон баъзан мавриди шиканља ќарор дода мешаванд. Яке аз њолатњои риоя нашудани њуќуќи инсон њангоми дастгиркунї риоя накардани њуќуќ ба њимоя мебошад. Мувофиќи ќонун (моддаи 49 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон) њимоятгар аз лањзаи дар њаќќи гумонбар баровардани ќарори оѓози парвандаи љиноятї, инчунин аз лањзаи воќеан дастгир шудани ў, ба наздаш роњ дода мешавад. Лањзаи дастгир шудан аз рўи протоколи дастгиркунї муайян карда мешавад, ки дар амалия бо лањзаи воќеии дастгир шудани гумонбаршуда рост намеояд. Тањлили ќонунгузории мављуда оид ба њуќуќи шахс ба њимоя нишон медињад, ки меъёрњои њуќуќии дар Кодекси мурофиавии љиноятї муќарраршуда ба якдигар мухолифат менамоянд. Чунончї, дар моддаи 94 пешбинї шудааст, ки баъди дастгир шудани гумонбар дар муддати 3 соат протоколи дастгиркунї тартиб дода, дар он ба њимоятгар њуќуќ доштани ў фањмонида мешавад. Ин талаботи моддаи 94 ба талаботи моддаи 49 дар бораи аз лањзаи дастгир шудани гумонбар ба њимоя њуќуќ доштани ў мухолифат менамояд. Дар таљриба њам кормандони маќомоти тафтишоти пешакї чунин мухолифати меъёрњои ќонунро истифода намуда, баъзан ба риоя нашудани њуќуќи дастгиршудагон роњ медињанд. Номукаммалии дигари ќонун дар он аст, ки њангоми расмї кунонидани дастгиркунї ќайд намудани номи шахсеро, ки гумонбарро дастгир кардааст, талаб наменамояд. Ба љои ин дар баъзе мавридњо дар китоби баќайдгирї шахсе, ки ба сифати муфаттиш таъин шудааст ва дар дастгиркунї иштирок накардааст, имзо мегузорад. Ин норасоии ќонун дар таљриба баъзан ба он оварда мерасонад, ки дастгиршуда њангоми расман дастгир шуданаш мавриди азобу шиканља ќарор дода мешавад ва муайян намудани шахси ин гуна кирдорро содир карда ба сабаби дар ягон љой ќайд нашудани номаш душвор мегардад. Яке аз њолатњои дигари риоя нашудани њуќуќи инсон њангоми дастгиркунї хабар надодан ба хешовандони наздики дастгиршуда мебошад. Огоњонидани хешовандон оид ба боздошти шахс масъалаи хеле муњим мебошад. Тибќи ќонунгузории мурофиавї маќомоти пешбурди мурофиаи љиноятї, ки шахсро дастгир намудааст, вазифадор аст, ки дар давоми 12 соат аз лањзаи дастгиркунии воќеї дар бораи дастгиркунї ва љои нигоњ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиѓи оила ё хешовандони наздики ўро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда чунин имкониятро дињад. Хабар додан ба хешовандони наздик метавонад барои бо њимоя таъмин намудани дастгиршуда имконият фароњам орад. Аммо дар амалия ин меъёр на њама ваќт аз љониби маќомоти тањќиќ ва тафтишот риоя мегардад. Аз ин њолат мурољиатњои ба маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон воридгардида шањодат медињанд. Новобаста ба он, ки ба њабс гирифтан њамчун чораи пешгирї аз салоњияти судњост, мутаассифона, њоло њам амалияи ба њабс гирифтани шахсон ба таври васеъ идома дорад. Дар ќисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон омадааст, ки «нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани љинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба њабс гирифтан танњо мутобиќи вазнинии љиноят татбиќ карда шуданаш мумкин аст». Тибќи стандартњои байналмилалї бошад, асосњои ба њабс гирифтан њамчун чораи пешгирї эњтимолияти ба суд њозир нашудан, эњтимолияти содир намудани љинояти такрорї, эњтимолияти дахолат ба амалисозии адолати судї, инчунин ба њабс гирифтан бо маќсади риояи тартиботи љамъиятї мебошанд. Яъне танњо вазнинии љиноят барои ба њабс гирифтан кофї буда наметавонад. Ба маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон доир ба вайрон шудани њуќуќњои инсон њангоми дастгиркунї, гузаронидани тањќиќ ва тафтишоти пешакї 94 мурољиати шањрвандон ворид гардидааст. Аз љумла, шањрванди Россия Аникеенко А. ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон мурољиат намуда, дар бораи вайрон шудани њуќуќњояш њангоми азназаргузаронии баѓољи дастї дар фурудгоњи шањри Кўлоб хабар додааст. Дар натиљаи санљиш маълум шуд, ки њангоми азназаргузаронї дар баѓољи дастии шањрванд ду кўзаи мисини тибќи хулосаи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон арзиши таърихию фарњангї дошта ёфта шудааст. Кўзањо дар яке аз дўконњои шањри Душанбе харидорї шудаанд. Дар натиља шањрванд Аникеенко А. дар бинои фурудгоњ 3 рўз нигоњ дошта шуда, талаби ў дар бораи таъмин намудани адвокат ќонеъ карда нашудааст. Танњо баъди муайян шудани натиљаи экспертиза протоколи дастгиркунї тартиб дода, нисбати ў бо аломатњои љинояти бо моддаи 32 ќ. 3 ва 289 ќ. 4 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинигардида (контрабанда) парвандаи љиноятї оѓоз карда шудааст. Мурољиати мазкур барои барќарорсозии њуќуќњои шањрванд ба Прокуратураи генералї ирсол карда шуд. Дар натиља парвандаи љиноятї нисбати Аникеенко А. дар истењсолот ба сабаби дар кирдори вай мављуд набудани аломатњои љиноят ќатъ карда шуд. Вобаста ба њолатњои ќайдшуда тавсияњои зерин пешнињод карда мешаванд: — дар ќонуни мурофиавии љиноятї ба таври даќиќ муайян намудани «лањзаи воќеии дастгиршавї»; — ба ќонуни мурофиавии љиноятї дохил намудани меъёри ўњдадоркунанда, ки тибќи он корманди маќомоти њифзи њуќуќ, ки шахсро дастгир мекунад, ўњдадор карда шавад, ки шахси дастгиршударо оид ба асосњои дастгиршавї, њуќуќ ба њимоя бо хоњиши ў, аз љумла њуќуќ ба ёрии њуќуќии ройгон, њуќуќи ба суд шикоят намудани дастгиршуда, њуќуќи риоя кардани хомўшї (ба муќобили худ шоњидї надодан) хабардор намояд; — ба ќонуни мурофиавии љиноятї ворид намудани таѓйирот вобаста ба масъалаи ба њабс гирифтан натанњо мутобиќи вазнинии љиноят, инчунин ба назар гирифтани дигар асосњои зарурї; — дар Маркази таълимии судяњо, Маркази такмили ихтисоси кормандони маќомоти прокуратура гузаронидани чорабинињои таълимї вобаста ба стандартњои байналмилалї оид ба њуќуќу озодї ва дахлнопазирии шахсї. 3.4. Озодї аз шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф Mоддаи 18 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон шиканља, љазо ва муомилаи ѓайриинсониро манъ намудааст. Тибќи Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї, инчунин Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва тањќиркунандаи шаъну шараф њељ кас набояд тањти азият, муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шарафи ў ќарор дода шавад. Тибќи моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва тањќиркунандаи шаъну шараф (Тољикистон онро соли 1995 ба тасвиб расонидааст) шиканља – ин ќасдан ба ягон кас расонидани азоби љисмонї ё маънавї бо маќсади аз ў ё шахси сеюм гирифтани маълумот, маљбур сохтан, љазо додан барои амалњои содирнамудаи ў ё шахси сеюм, тарсонидани ў ё шахси сеюм мебошад, дар сурате ки ин дарду азоб аз љониби шахси мансабдори давлатї ё шахси дигари расмї ва ё бо розигї ё огоњонии онњо расонида шуда бошад. Њељ гуна њолати истисної, хоњ њолати љанг ё тањдиди љанг, ноустувории дохилии сиёсї ё њама гуна њолати дигари фавќулодда наметавонад шиканљаро асоснок кунад. Љумњурии Тољикистон њамчун иштирокчии Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї ва Конвенсияи зидди шиканља ва дигар намудњои муомила ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф барои пешгирї намудани шиканља як ќатор чорањо андешидааст. Ба тасвиб расонидани шартномањои асосии байналмилалї оид ба њуќуќи инсон, таъсис додани Комиссияи назди Њукумат оид ба иљрои ўњдадорињои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон, аз тобеияти Вазорати корњои дохилї ба тобеияти Вазорати адлия гузаронидани муассисањои ислоњї, дар ќонунгузории мурофиавии љиноятї ворид намудани таѓйиротњо оид ба беэътибории нишондодњое, ки бо роњи зўрї ва азобу шиканља ба даст оварда шудаанд, баамалбарории ислоњоти судї-њуќуќї, ки дар доираи он Кодекси нави мурофиавии љиноятї ќабул карда, масъалаи додани иљозати ба њабс гирифтан аз прокуратура ба суд дода шудааст, аз ќабили ин чорањост. Соли 2010 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї» ќабул карда шуд, ки асосњои њуќуќии њимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии љиноятї, чорањои амниятї, дастгирии иљтимоии онњоро танзим менамояд. Ќабули ќонуни мазкур барои ташкили низоми (институти) њимояи шоњидон, аз љумла љабрдидагони шиканља замина фароњам меорад. Тибќи ќонунгузории амалкунандаи мурофиавии чиноятї «њељ яке аз иштирокчиёни мурофиаи љиноятї наметавонад тањти зўроварї, шиканља ва дигар муносибати берањмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонї ќарор гирад». Кафолати таъмини ин принсипи адолати судии љиноятї меъёри дар моддаи 88 Кодекси мурофиавии љиноятї муќарраршуда мебошад, ки тибќи он далелњое, ки дар љараёни тањќиќ ва тафтишоти пешакї бо роњи зўрї, тањдид, азобу шиканља, муомилаи берањмона ё усулњои дигари ѓайриќонунї ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста шуда, барои айбдоркунии шахс асос шуда наметавонанд. Инчунин ќонун нисбати шахсони дар амалњои тафтишотї ширкаткунанда истифода бурдани зўроварї, тањдид ва дигар чорањои ѓайриќонуниро манъ кардааст. Тањлилу мурољиатњои шањрвандон ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон аз он шањодат медињанд, ки дар баъзе њолатњо аз љониби кормандони маќомоти тафтишотї истифода бурдани шиканља ва дигар муомилаи ѓайриинсонї, ѓайриќонунї боздошт намудан, инчунин бо њимоя таъмин накарданњо ба назар мерасанд. Номукаммалии ќонунгузории љиноятї, аз љумла набудани моддаи алоњида оид ба шиканља дар Кодекси љиноятї имкон намедињад, ки омори зарурї дар ин самт љамъ оварда шавад. Дар эзоњи моддаи 117 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон мафњуми шиканља ифода шудааст, ки он ба мафњуми дар моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканља пешбинишуда мувофиќат намекунад. Дар эзоњи мазкур унсури муњими таркиби ин љиноят, яъне шахси мансабдор муайян карда нашудааст. Дар сурати содир шудани љиноят аз тарафи шахсони мансабдор онњо бо моддањои 314-317, 322-323, 345, 348-349, 354, 356-360 ба љавобгарї кашида мешаванд. Тибќи маълумоти Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон дар солњои 2007-2009 барои сўистифода аз ваколатњои мансабї 174 нафар кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ба љавобгарии љиноятї ва 709 нафар ба љавобгарии интизомї кашида шуданд. Аммо ин имконият намедињад, ки миќёси воќеии содиршавии шиканља муќаррар карда шавад, чунки мувофиќи ин моддањо њама гуна шахси воќеї низ метавонад ба љавобгарї кашида шавад. Ба ѓайр аз ин Љумњурии Тољикистон ба Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканља њамроњ нашудааст. Њамроњшавї ба ин протокол имкон медињад, ки барои пешгирии шиканља чорањои дахлдор андешида шаванд. Дар давраи фаъолияти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон 14 мурољиати шањрвандон ворид гардид, ки дар онњо нисбати шањрвандон ё наздиконашон истифода шудани шиканља иброз шудааст. Бо маќсади пешгирии вайронкунии њуќуќи инсон дар самти озодї аз шиканља ва дигар намуди муносибати берањмона чунин тавсияњоро пешнињод менамоем: — ба Кодекси љиноятї оид ба шиканља моддаи алоњида дохил карда шавад; — Протоколи факултативии дуюми Конвенсияи зидди шиканља ба тасвиб расонида шавад; — ба маќомоте, ки бо дастгиркунии шахс сарукор доранд, тавсия дода шавад, ки баъди дастгиркунї барои муайян намудани изи шиканљаи бадани дастгиршудагон ташхиси тиббии онњоро гузаронанд; — шахсе, ки нисбати ў доир ба татбиќи шиканља тафтишот бурда мешавад, аз иљрои вазифањои хизматї дур карда шавад; — якљоя бо кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, муассисањои иљрои љазои љиноятї барои пешгирии њодисањои шиканља ва дигар намудњои муносибати берањмона семинару мизњои мудаввар гузаронида шаванд. 3.5. Њуќуќ ба озодии ибрози аќида ва воситањои ахбори омма Моддаи 30 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба њар кас озодии сухан, нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахборро кафолат додааст. Таблиѓоту ташвиќоте, ки њиссиёти бадбинї ва хусумати иљтимої, нажодї, миллї, динї ва забониро бармеангезад, манъ аст. Сензураи давлатї ва таъќиб барои танќид манъ аст. Њар як инсон ба изњори озодонаи аќидааш њаќ дорад, ки ин њуќуќ озодии љустуљў кардан, ба даст овардан ва ошкор намудани њама гуна маълумот ва идеяњоро, сарфи назар аз марзњо, ба таври шифоњї, хаттї, чопї ё дар шаклњои бадеї ва дигар воситањои хабарї бо интихоби худ дар бар мегирад. Њар шахс дар Тољикистон метавонад нуќтаи назари худро озодона баён намояд. Озодии сухан нишонаи муњими љомеаи демократист. Њуќуќ ба озодии ибрози аќида дар як ќатор санадњои байналмилалї пешбинї шудаанд, аз ќабили Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар (моддањои 18 ва 19), Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї (моддањои 18 ва 19), ки Љумњурии Тољикистон онро соли 1998 ба тасвиб расонидааст. Яке аз унсурњои асосии озодии аќида ва баёни он дастрас будани маълумот ва ахборот мебошад. Дар соли 1948 Созмони Милали Муттањид Эъломияи умумиљањонии њуќуќи инсонро ќабул кард ва бо њамин эњтиромро нисбат ба њуќуќњои асосии инсон дар њар як мамлакате, ки саъй мекунад ќисми људонопазири љомеаи байналмилалї бошад, њамчун шарти зарурї устувор гардонид. Моддаи 19 Эъломия ба озодии аќида ва баёни озодонаи он кафолат додааст, ки он бемамониат нигоњ доштани аќидаи худ, озодона бо њар восита ва сарфи назар аз сарњадоти давлатї љустуљў, дастрасу интишор намудани маълумоту ѓояњоро дар бар мегирад. Баамалбарории ин њуќуќњоро дар кишвар, дар баробари Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, инчунин Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи иттилоот», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттилоот ва дигар воситањои ахбори омма», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи табъу нашр» ва дигар ќонунњои соњавї кафолат медињанд. Дар рейтинги њарсолаи озодии матбуоти ташкилоти байналмилалии «Рўзноманигорон бидуни марз» Љумњурии Тољикистон дар байни 173 кишвари љањон љойи 106-умро ишѓол менамояд. Њоло дар Тољикистон 268 рўзномаи ба ќайд гирифташуда нашр мешавад, ки аз онњо 56-тоаш давлатї, 136-тоаш хусусї, 36-тоаш љамъиятї ва 39-тоаш соњавї мебошанд. Њамчунин 136 маљаллаи ба ќайд гирифташуда чоп мешавад, ки аз онњо 12-тоаш давлатї, 49-тоаш хусусї, 23-тоаш љамъиятї ва 52-тоаш соњавї аст. Инчунин дар Љумњурии Тољикистон 8 Агентии иттилоотї ба ќайд гирифта шудааст, ки аз онњо яке давлатї (АМИТ «Ховар») ва 7-тои дигар хусусист. Дар љумњурї 44 ташкилоти телевизиониву радиої амал мекунанд. Аз љумла 16 телевизион ва радиои давлатї ва 28 телевизион ва радиои ѓайридавлатї. Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009 ба имзо расид, ки тибќи он бо маќсади баланд бардоштани наќши воситањои ахбори омма дар њаёти љамъиятию сиёсї ва иќтисодию иљтимоии љомеа роњбарони вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї вазифадор карда шудаанд, ки фаъолияти воситањои ахбори оммаро оид ба инъикоси љараёни дигаргунсозињои иљтимоию иќтисодї дар мамлакат дастгирї намоянд. Аммо дар соњаи муносибатњои иттилоотї дар баъзе мавридњо иљро нагардидан ё номатлуб иљро гардидани меъёрњои ќонунњо ба мушоњида мерасанд. Баъзе шахсони мансабдори давлатї сабабњои гуногунро бањона карда, ба рўзноманигорон пешнињод намудани иттилоотро рад мекунанд. Баъзе роњбарони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї аз журналистон талаб доранд, ки иљозати маќомоти болої ё шахсони мансабдори болоиро пешнињод намоянд. Мушоњидањо нишон медињанд, ки дар Љумњурии Тољикистон њолатњои ба суд даъво пешнињод намудани маќомоти давлатї ва шахсони мансабдори давлатї нисбати воситањои ахбори мустаќил ба назар мерасанд, ки асосан хусусияти шањрвандї доранд, яъне оиди рўёнидани товони зарар барои овоза кардани маълумоте, ки тањќир ё тўњмат мебошад. Дар давраи аз моњи октябри соли 2009 то моњи майи соли 2010 нисбати рўзномаю маљаллањои љумњурї, аз љумла «Азия-плюс», «Крим-инфо», «Миллат», «Озодагон», «Пайкон», «Суѓд» ва «Фараж» даъвои судї ба ќайд гирифта шудааст. Намояндагони воситањои ахбори оммаи Тољикистон на танњо проблемањои вобаста ба иттилооти расмї, инчунин масъалањои вобаста ба додани литсензияњо ба ширкатњои телевизионї ва радиоиро низ иброз менамоянд. Стандартњои байналмилалї муќаррар менамоянд, ки пардохти маблаѓи ахборот ва маълумоте, ки дар маќомоти давлатї ќарор доранд, бояд ќимати зиёд надошта бошанд, то ки дастрас намудани онњо мушкилї пеш наорад. Ба ѓайр аз ин, андозаи маблаѓи харољот ё хизматрасонї барои њамаи маќомоти давлатї бояд ягона ва минималї буда, њолати иљтимоии шањрвандон ба инобат гирифта шавад. Санадњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расида бошанд њам, нашри пурра ва ташвиќи онњо дар байни омма ба пуррагї таъмин нагардидааст. Ќисме аз ќишрњои љомеа дар бораи санадњои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, маълумот надоранд. Аз натиљаи тањлилњои дар ин самт гузаронидашуда ва баррасии мурољиатњо Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон пешнињод менамояд, ки ќонунгузории амалкунанда дар самти њуќуќ ба озодии ибрози аќида, воситањои ахбори омма, дастрасї ба иттилоот таљдиди назар карда шавад. 3.6. Њуќуќ ба муттањидшавї дар њизбњои сиёсї ва дигар иттињодияњои љамъиятї Дар моддаи 28 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст: «Шањрвандон њуќуќи муттањид шудан доранд. Шањрванд њаќ дорад дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои характери демократї, динї ва атеистї дошта, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї иштирок намояд, ихтиёран ба онњо дохил ва аз онњо хориљ гардад. Њизбњои сиёсї дар асоси гуногунандешии сиёсї барои ташаккул ва ифодаи иродаи халќ мусоидат мекунанд ва дар њаёти сиёсї иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онњо бояд ба меъёрњои демократї мувофиќ бошанд». Њуќуќ ба муттањидшавиро дар Љумњурии Тољикистон ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», Дар бораи њизбњои сиёсї», «Дар бораи иттифоќњои касаба ва кафолатњои фаъолияти онњо» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба танзим медароранд. Баамалбарории ин њуќуќ, яъне ба таври озод муттањид шуда, иттињодияњои љамъиятї, иттифоќњои касаба, њизбњои сиёсї таъсис додан, ихтиёран ба онњо дохил шудан ё хориљ шудани шањрвандонро дар назар дорад. Њуќуќ ба муттањидшавї яке аз асосњои муњими љомеаи демократї мебошад, ки он бо як ќатор санадњои њуќуќии байналмилалї, аз ќабили Эъломияи умумиљањонии њуќуки башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї ва дигар созишномањо эътироф шудааст. Таърихи ташаккул ва такомули љомеаи шањрвандї ва нињодњои он дар Тољикистон бо давраи навини кишварамон робитаи ногусастанї дорад. Мањз дар натиљаи ба даст овардани истиќлолияти давлатї ва соњибихтиёрии миллї густариши бештари озодињои демократї ва ба арсаи вуљуд ќадам гузоштани аввалин нињоду сохторњои љомеаи шањрвандї имконпазир гашт. Ташкилотњои ѓайридавлатии Тољикистон ќисми муњим ва људонопазири равандњои демократии кишвар, эъмори љомеаи шањрвандї ва мусоидаткунандаи њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва сиёсї гаштанд. Моддаи 17 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» пешбинї намудааст, ки шањрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттињодияњои љамъиятї шуда метавонанд. Њоло дар Љумњурии Тољикистон 2319 иттињодияи љамъиятї амал мекунад, ки њамаашон аз ќайди давлатї гузаштаанд. Барои ташаккул ва камолоти ташкилотњои ѓайридавлатї Барномаи миллии инкишоф ва Одобномаи ташкилотњои ѓайридавлатї дар нахустин Форуми миллии ташкилотњои ѓайридавлатї ќабул ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотњои ѓайридавлатї таъсис дода шудааст. Тољикистонро низоми бисёрњизбї хос мебошад. Айни замон дар љумњурї 8 њизби сиёсї, аз љумла Њизби Халќии Демократї, Њизби Коммунистї, Њизби Сотсиалистї, Њизби Демократї, Њизби нањзати исломї, Њизби Сотсиал-демократї, Њизби ислоњоти иќтисодї ва Њизби аграрї фаъолият менамоянд. Њар як инсон ба озодии пайвастан бо дигарон, аз љумла ба таъсис додани иттифоќњои касаба ва шомил шудан ба онњо њаќ дорад. Истифода аз њуќуќи мазкур тањти њељ гуна мањдудият ќарор дода намешавад, бидуни мањдудиятњое, ки ќонунгузорї дар љомеаи демократї барои манфиатњои амнияти миллї, тартиботи љамъиятї, њифзи саломатї ва ахлоќї пешбинї менамояд. Механизми иљрои муносибатњои зикргардида бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќ ва кафолатњои фаъолияти онњо» танзим шудааст. Мутобиќи моддаи 1 Ќонуни мазкур иттифоќњои касабаи Љумњурии Тољикистон ташкилотњои љамъиятии ихтиёрї мебошанд, ки мењнаткашонро аз лињози манфиатњои умумиашон њам дар соњањои фаъолияти истењсолї ва њам ѓайриистењсолї барои њифзи њуќуќњои мењнатї, иљтимоию иќтисодї ва дигар њуќуќу манфиатњои аъзояшон муттањид менамоянд. Њоло дар љумњурї зиёда аз дањ иттифоќи касабаи љумњуриявї амал мекунад. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар њолатњои муќарраршуда дар амалї гардонидани њуќуќ ба муттањид шудан ба баъзе аз кормандони давлатї мањдудиятњоро барои таъмини ќонуният ва амнияти љомеа пешбинї намудааст. Дар ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи милитсия» баъзе мањдудиятњо пешбинї шудаанд. Аз љумла, дар ќисми 3 моддаи 4 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њизбњои сиёсї» омадааст, ки дар маќомоти бехатарии давлатї, корњои дохилї, прокуратура, гумрук, маќомоти андоз, адлия, судњо ва Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва воњидњои њарбї, инчунин маќомоти њокимияти давлатї, мактабњои миёна ва олї таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти њизбњои сиёсї мумкин нест. Тибќи моддаи 5 Ќонуни мазкур бошад, судяњо, прокурорњо, хизматчиёни њарбї, коркунони маќомоти корњои дохилї, амният, гумрук ва адлия, инчунин шањрвандони хориљї ва ашхоси бешањрванд аъзои њизби сиёсї шуда наметавонанд. Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки њамкории худро дар самти мазкур бо маќомоту ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатї таќвият дињад. 3.7. Њуќуќ ба мењнат ва шароити одилонаю мусоиди мењнат Масъалањои танзими бозори мењнат ва шуѓли ањолї њамчун љузъњои асосии барномаи зиддибўњронии Њукумати мамлакат тадриљан њаллу фасл шуда истодаанд. Соли 2009 дар соњањои гуногуни иќтисодиёти кишвар беш аз 185 њазор љойи кор таъсис дода шуд, ки ин, албатта иќдоми назаррас мебошад. Соли 2010 њам фаъолият дар ин самт идома ёфта, зиёда аз 130 њазор љойи нави кор таъсис дода шуд. Њуќуќ ба мењнатро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунгузории миллї, як ќатор санадњои байналмилалї оид ба њуќуќи инсон, аз љумла Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар, Паймони байналмилалї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ва дигар шартномањои байналмилалї кафолат додаанд. Ин њуќуќ дар худ маљмўи њуќуќу озодињо, аз љумла њуќуќ ба озодии мењнат, њуќуќ ба озодии интихоби касб, њуќуќ ба њимоя аз бекорї, њуќуќ ба корпартої ва дигарњоро дар бар мегирад. Њар шахс дар интихоби касб ва љойи кор аз рўи ќобилияти худ озод мебошад. Дар њалли ин масъала набояд маљбуркунї љой дошта бошад. Њама гуна мањдудсозї дар муносибатњои мењнатї манъ аст, яъне ба њама гуна фарќиятгузорї, иљозат надодан ва ё ќабул накардан ба кор аз рўи нишонањои мансубияти миллї, нажодї, љинсият, синну сол, дин, аќидаи сиёсї, мањалли таваллуд, баромади иљтимої, ки баробарии имкониятро дар соњаи мењнат халалдор мекунанд, роњ дода намешавад. Ба њар кас дар баробари њуќуќ ба мењнат, њуќуќ ба шароити одилона ва мусоиди мењнат кафолат дода мешавад. Муњайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад. Истилоњи шароити одилонаи кор ва мусоиди мењнат чунин маъно дорад, ки шароити мењнат бояд ба талаботи бехатарї ва санитарию гигиенї љавобгў бошад, музди мењнат бе ягон табъиз ва на камтар аз андозаи минималии муќарраркардаи ќонунгузорї пардохта шавад, барои њар кас имконияти баробари ишѓол кардани вазифаи баландтар таъмин гардад. Дар чор моњи соли 2009 – 10 мурољиат ва дар соли 2010 – 12 мурољиат ба маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар бораи њуќуќ ба мењнат ва шароити одилонаю мусоиди мењнат ворид гардида, мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Маълумотњо ба он далолат мекунанд, ки яке аз мушкилоти дар ин самт мављуда ѓайриќонунї аз кор озод кардан аст. Барќарор кардан ба кор, пардохти музди мењнат барои давраи маљбуран ба кор набаромадан тавассути суд амалї мегардад. Маълумоти оморї дар бораи бањсњои мењнатї, ки аз љониби судњои љумњурї баррасї гардидаанд, чунинанд: № Намуди даъво Солњо ва шумораи парвандањои шањрвандии баррасишуда 2005 2006 2007 2008 2009 Нимсолаи якуми соли 2010 1. Дар бораи барќарор кардан ба кор 90 81 119 134 139 93 2. Дар бораи пардохти музди мењнат 315 450 415 197 33 40 Масъалаи бањсталаб бештар дар корхонањое ба миён меоянд, ки музди мењнатро пурра пардохт накардаанд ё муфлис гардидаанд. Ваќте шањрвандон баъди ќабули ќарори суд оид ба иљрои њалномаи суд мурољиат менамоянд, маблаѓи зарурї дар корхонањои муфлисшуда барои пардохти музди мењнат пайдо намегардад, зеро маблаѓ аз амволи чунин корхонањо дар навбати аввал барои пардохти дигар ќарзњо ситонида шудааст. Мењнати маљбурї яке аз проблемаи љиддии иљтимої мањсуб меёбад. Камбизоатї, бекорї, муњољирати мењнатї боиси он мегарданд, ки ќисми зиёди ањолии ќобили мењнат дар бозори мењнат ба ќувваи кории арзон мубаддал мегарданд. Хусусан истифодаи мењнати маљбурии кўдакон, љалб намудани онњо ба гадої ташвишовар аст. Барои барњам додани мењнати маљбурї пешнињод карда мешавад, ки љавобгарї барои истисмори мењнатї пурзўр карда шавад. Назорати давлатї оид ба риояи ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї дар ин самт ба Хадамоти давлатии назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї гузошта шудааст. Бо маќсади таъмини њамаљонибаи риояи ќонунгузории мењнат пешнињод карда мешавад, ки наќши ин маќомот баланд бардошта шавад. 3.8. Њуќуќ ба тањсил Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба њар шахс њуќуќи тањсил карданро кафолат додааст. Њуќуќ ба тањсил яке аз њуќуќњои муњими иљтимоии инсон буда, барои рушди шахсият ва љомеа замина муњайё месозад. Тибќи Эъломияи умумииљањонии њуќуќи башар њар як инсон њуќуќи тањсил кардан дошта, тањсили ибтидої ва миёна ройгон, тањсили ибтидої њатмї, таълими техникї ва касбї дастраси њамагон ва тањсилоти олї бояд мувофиќи ќобилияти њар кас ба њама як хел дастрас бошад. Таълим бояд ба рушди њамаљонибаи шахсияти инсон, бештар эњтиром доштани њуќуќу озодињои инсон, ба њусни тафоњум, тањкими дўстии байни миллатњо, гурўњњои нажодї ва мазњабї ва њамчунин ба вусъати фаъолияти СММ дар роњи њифзи сулњ мусоидат намояд. Волидайн дар бобати интихоби навъи таълим барои фарзандони хурдсол њаќќи бартарият доранд. Мутобиќи Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї давлатњои ширкаткунандаи њамин Паймон њуќуќи њар як инсонро ба тањсил эътироф мекунанд. Дар ин самт Љумњурии Тољикистон як ќатор барномањоро ќабул ва амалї менамояд, ки тибќи инњо низоми маорифи љумњурї такмил ёфта, стандартњои давлатии тањсил ба меъёрњои байналмилалї мутобиќ гардонида мешаванд. Аз љумлаи чунин барномањо «Системаи давлатии тањсил дар соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» давраи солњои 2001-2010-ро фаро мегирад. Барномаи мазкур љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 1 декабри соли 1999 бо назардошти талаботи санадњои байналмилалї ва миллї тањия ва аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда, ба демократикунонии њаёти љамъиятї-сиёсї, инкишоф ва тањкими иттилоотонии љомеа, баланд бардоштани сатњи маданияти њуќуќии ањолї, фањмиши ягонагии њуќуќу вазифањо равона карда шудааст. Бо маќсади тањкими низоми мактабњои тањсилоти њамагонї ва рушди минбаъдаи соњаи маорифи Тољикистон аз моњи сентябри соли 2014 низоми нави тањсил љорї карда мешавад. Ба хотири мусоидат ба соњаи маориф ва баланд бардоштани сатњи тафаккури техникиву технологї бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалї Рањмон соли 2010 Соли маориф ва фарњанги техникї эълон карда шуд. Љињати муњайё намудани шароит барои хатми мактаби тањсилоти умумии миёна аз љониби духтарон дар ќонунгузорї таѓйирот ворид карда шуда, синни никоњї 1 сол баланд ва аз 1 январи соли 2011 дар ќаламрави Тољикистон синни 18 муќаррар карда шуд. Новобаста ба ин дар соњаи маорифи Тољикистон баъзе камбудиву норасоињо низ ба назар мерасанд. Тибќи маълумотњо баъди хатми синфи 9 чоряки духтарон ба мактаб намераванд. Дар натиља кўдакони зиёде таваллуд мешаванд, ки модарони онњо тањсилоти миёнаи пурра надоранд. Бар замми ин 90 фоизи кўдакон бо тањсилоти томактабї фаро гирифта нашудаанд. Ин њолат имконияти онњоро дар инкишоф ва иштирок дар љараёни таълим мањдуд месозад. Ќонунгузорї ба зиммаи падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи онњо љињати гирифтани тањсилоти умумии асосии фарзандон як ќатор ўњдадорињоро гузоштааст. Онњо ўњдадоранд барои сињатии рўњиву љисмонии кўдак ва ба мактаб омода намудани ў шароити зарурї фароњам оварда, барои тањсили муваффаќона дар муассисањои таълимї мусоидат намоянд. Ашхосе, ки садди роњи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба љавобгарии пешбининамудаи ќонунгузорї кашида мешаванд. Бо тањсил фаро гирифта нашудани кўдак дар оянда имкониятњои истифода карданро аз дигар њуќуќњои инсон барои ў мањдуд месозад. Дар Љумњурии Тољикистон солњои охир теъдоди кўдакони ба тањсилоти махсус эњтиёљманд афзоиш ёфтааст. Њоло дар соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон 7 муассисаи томактабї, ки барои кўдакони синни томактабии имкониятњояшон мањдуд пешбинї шудаанд, фаъолият мекунад. Миќдори мактаб-интернатњо дар љумњурї 82-то, аз љумла мактаб-интернати иљтимоии намуди гуногун 18-то, мактаб-интернат барои кўдакони имкониятњояшон мањдуд 13-то ва мактаб-интернати табобатї барои кўдакони гирифтори касалињои сил 5-то мебошад. Дар муассисањои таълимии мазкур 8971 нафар (2462 нафар духтарон), аз љумла 1898 нафар кўдаки дорои имкониятњои мањдуд таълиму тарбия мегирад. Дар шањрњои Хоруѓ, Кўлоб ва ноњияњои Њисору Восеъ 4 адад маркази рўзона барои кўдакони имкониятњояшон мањдуд аз њисоби буљети давлатї фаъолият мекунанд. Имрўз дар љумњурї барои кор бо кўдакони имкониятњояшон мањдуд мутахассисон намерасанд. Айни њол дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї факултаи дефектология фаъолият намояд њам, теъдоди хоњишмандон ба он нокифоя аст. Тањсил дар соњаи њуќуќи инсон љузъи таркибии њифз ва пешрафти њуќуќи инсон ба шумор меравад. Тањлилњо дар ин самт нишон медињанд, ки сифати тањсил дар соњаи њуќуќи инсон бояд баланд бардошта шавад. Аз ин лињоз пешнињод мешавад, ки: — системаи мукаммали тањсил дар соњаи њуќуќи инсон ташкил карда шавад; — ба тањсил дар соњаи њуќуќи инсон афзалият дода шавад; — Барномаи нави таълимї дар соњаи њуќуќи инсон тањия карда шавад; — наќши Вазорати маориф дар ташкил ва амалї намудани тањсил дар соњаи њуќуќи инсон баланд бардошта шавад; — фаъолияти маќомотњои давлатї дар самти њуќуќ ба тањсил дар соњаи њуќуќи инсон њамоњанг сохта шавад. 3.9. Њуќуќ ба моликият ва манзил Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (моддањои 32, 36) њуќуќи њар касро ба моликият ва манзил кафолат додааст. Њуќуќњои мазкур дар санадњои байналмилалї аз ќабили Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар, Паймони байналмилалї доир ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї танзим шуда, дар Кодекси манзили Тољикистон, Кодекси граждании Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сохтмони манзили шахсї» мушаххас гардидаанд. Тибќи ин санадњо таъминоти одамон ба манзил чун унсури табиї ва њатмї эътироф шудааст. Њуќуќ ба манзил бо роњи сохтмони манзили давлатї, љамъиятї, кооперативї ва хусусї таъмин карда мешавад. Манзили истиќоматї манзили алоњида мебошад, ки барои зиндагии доимї мувофиќ буда, дар он талабот ва ќоидањои техникию санитарї риоя шудаанд. Миќдори хонањои истиќоматии шањрвандон мањдуд карда намешавад. Манзили истиќоматї, яъне хонањое, ки шањрвандон месозанд, бояд дар ќитъаи замине, ки мутобиќи лоињаи маќомоти маъмуриву шањрсозї, ки барои сохтмони њавлињо мураттаб шуда, ба меъёрњои зидди сўхтору бењдошти табиат ва меъмории шањрсозї мувофиќ карда шудааст, сохта шаванд. Дар баробари он ки Љумњурии Тољикистон бисёр созишномањои байналмилалиро вобаста ба њуќуќи инсон эътироф ва ќонунгузории љумњуриро бо талаботи санадњои байналмилалї мувофиќ кардааст, дар амалишавии ин санадњо камбудию норасоињо ба чашм мерасанд. Тањлили мурољиатњои ба маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон воридгардида нишон медињад, ки њангоми вайрон кардан ва ба эњтиёљоти љамъиятї гирифтани њавлињои шањрвандон ба онњо љињати кўчонидан маълумоти кофї ва ёрии њуќуќї расонида намешавад. Дар баъзе њолатњо шањрвандон аз кашолкории маќомоти судї зимни баррасии парвандањои шањрвандї аз рўи бахсњои молумулкї шикоят мекунанд. Зимни тањлили мурољиати шањрвандон вобаста ба њуќуќи манзил асосан њолатњои зерин мушоњида мешаванд: — аъзои болиѓи оила њангоми ќарз гирифтани пул манзили истиќоматиашонро ба гарав мемонанд ва баъди баргардонида натавонистани ќарз аз ягона манзили истиќоматї мањрум мешаванд; — собиќ кормандони корхонаю муассисањо, ки аз љониби корхона ба онњо то солњои 90-уми асри гузашта манзили истиќоматии хизматї ё љамъиятї људо шуда буданд ва њоло ин корхонањо бо тамоми амвол ба моликияти шахсї мубаддал гаштаанд, аз манзилњо бароварда шуда истодаанд, вале онњо дигар љои истиќомати доимї надоранд. Маълумоти оморї дар бораи баррасии парвандањои шањрвандї аз рўи бањсњои молумулкї дар судњои љумњурї чунин аст: № Намуди даъво Солњо ва шумораи парвандањои баррасигардида 2005 2006 2007 2008 2009 Нимсолаи аввали соли 2010 1. Бањсњои молумулкї 221 279 435 373 491 311 Аз онњо: 2. Дар бораи њуќуќи шањрвандон ба моликият 125 212 288 264 363 212 Вобаста ба масъалаи мазкур пешнињод карда мешавад, ки дар Кодекси нави манзил, инчунин ќонунгузории љорї камбудиву норасоињои зикршуда, хусусан ба гарав намондани манзили ягонаи истиќоматии шањрвандон ба инобат гирифта шаванд. 3.10. Њуќуќњои занон, кўдакон ва шахсони имконияташон мањдуд 3.10.1. Њуќуќи занон Ќисми дуюми моддаи 17 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, ки мардон ва занон баробарњуќуќанд. Њуќуќњои занон ва духтарон ќисми таркибї ва људонашавандаи њуќуќњои башар ба шумор рафта, баробарї ва иштироки онњоро дар њаёти сиёсї, шањрвандї, иќтисодї, љамъиятї ва фарњангї дар њамаи зинањо таъмин ва барои барњам додани њамаи шаклњои њуќуќпоймолкунї аз рўи љинс мусоидат менамояд. Оид ба баробарњуќуќии мардону занон, рафъ намудани њамаи шаклњои табъиз нисбат ба занон ва кўмак кардан ба пешравии њуќуќи занон чандин санадњои байналмилалї ќабул шудаанд. Љумњурии Тољикистон Конвенсия дар бораи рафъи њамаи шаклњои табъиз нисбат ба занонро ба тавсиб расонид, ки он дар раванди аз байн бурдани табъизи занон ва барои ривољу равнаќи њамаљонибаи имкониятњои занон ба манфиати љомеа шароит фароњам меорад. Дар Љумњурии Тољикистон ба масъалаи мазкур ањамияти хоса зоњир карда мешавад. Барои таъмини воќеии баробарњуќуќии занон Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа», Барномаи давлатии «Самтњои асосии сиёсати давлатї оид ба таъмин намудани имкониятњои баробари мардон ва занон барои солњои 2001-2010» ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии Тољикистон аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2007-2016 ќабул гардиданд. Санадњои мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар њаёти љамъиятї ва идораи давлат, боло бардоштани маќоми иљтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллї, баланд бардоштани наќши занро пешбинї намуда, маќомоти њокимияти давлатиро вазифадор менамояд, ки намояндагии занонро бо назардошти сатњи касбию кордониашон ба њайати роњбарикунандаи маќомоти њокимияти давлатї, муассисаю ташкилотњои давлатї таъмин намоянд. Дар баробари он ки дар Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои гендерї ва зўроварї дар оила санадњои дахлдор ќабул карда шудаанд, дар роњи расидан ба баробарњуќуќии воќеии мардон ва занон баъзе проблемањо низ мушоњида мешаванд. Аз љумла, шумораи зиёди талоќ ва коњиши бастани аќди никоњ ба ќайд гирифта шудааст. Агар дар соли 2009-ум 5841 талоќ ба ќайд гирифта шуда бошад, соли 2010 шумораи он ба 6125-то адад расидааст. Шумораи аќди никоњ бошад, аз 101392-тои соли 2009 дар соли 2010 то ба 100440-то кам шудааст. Яке аз ќадамњои устувор дар самти риояи њуќуќи занон ба имзо расидани Протоколи иловагї ба Конвенсияи манъи њама гуна шакли табъизи занон хоњад буд. Кори сусти пешгирикунандаи маќомоти њифзи њуќуќ дар бисёр мавридњо пеши роњи зўровариро дар оила, ки боиси оќибатњои нангин мешаванд, гирифта наметавонад. Ќобили ќайд аст, ки бо маќсади муќовимат кардан бар зўроварї дар оила аз моњи июли соли 2010 дар маќомоти корњои дохилї мансаби нозирон оид ба муќовимат бар зўроварї дар оила таъсис дода шуд. Яке аз сабабњои зўроварї дар оила нисбати занон сатњи нокифояи шуури њуќуќии занњо мебошад. Аксаран занон барои њифзи њуќуќу манфиатњояшон чораандешї намекунанд, барои дастгирии онњо хешовандон ва дигар шахсон мурољиат мекунанд. Бо маќсади њифзи њамаљонибаи њуќуќи занон, аз љумла бартараф кардани табъизи онњо пешнињод карда мешавад, ки Ќонун «Дар бораи њифз аз зўроварї дар оила» ќабул карда шавад. 3.10.2. Њуќуќи кўдакон Модару кўдак дар Љумњурии Тољикистон тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор доранд. Дар ќисми дуюми моддаи 34 Конститутсияи Тољикистон омадааст, ки давлат барои њифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онњо ѓамхорї менамояд. Эъломияи умумиљањонии њуќуќи башар низ эълон мекунад, ки кўдак бояд объекти ѓамхории махсус ва кўмакрасонї аз љониби љомеа ва давлат бошад. Њамаи кўдакон сарфи назар аз он ки аз модари никоњї ё ѓайриникоњї таваллуд шудаанд, аз њимояи иљтимоии баробар бархўрдор мебошанд. 20 ноябри соли 1989 Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак аз љониби Созмони Милали Муттањид ќабул гардид. Давлатњои Конвенсияро имзокарда, аз љумла Љумњурии Тољикистон ўњдадор шуданд, ки ќонунгузории миллии худро ба муќаррароти Конвенсия мутобиќ менамоянд. Тибќи Конвенсия кўдакон аз рўи нишонањои нажод, ранги пўст, љинс, забон, дин, аќидаи сиёсї ва аќидањои дигар, асли миллї, этникї ё иљтимої, вазъи молї, саломатї ва таваллуди кўдак, волидайн ё сарпарасти ќонунии ў ё ягон њолатњои дигар набояд дучори ягон хел табъиз гарданд. Дар Љумњурии Тољикистон бо маќсади њимояи њуќуќи кўдак ва иљрои ўњдадорињои байналмилалї дар ин самт як ќатор љорањои дахлдор андешида шуданд. Дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Комиссия дар бораи њуќуќи кўдак таъсис ёфта, Наќшаи миллии амалиёт оид ба њифзи њуќуќ ва манфиатњои кўдак барои солњои 2003-2010, Стратегияи миллї оид ба саломатии кўдакон ва наврасон барои то соли 2015 ќабул гардиданд. Њамзамон вазъи њуќуќи кўдакон бењбудиро таќозо менамояд. Айни замон масъалаи пардохт накардани алимент барои нигоњубини кўдакон ташвишовар аст. Сабаби ин на танњо хунукназарии пардохткунандагони алимент, инчунин кори сусти судиљрочиён ва фаъолияти бесамари мурофиавии кофтукови алиментдињандагон мебошад. Яке аз њуќуќњои бунёдии кўдакон њуќуќи якљоя бо падару модар зиндагї кардан ва дар оила тарбият гирифтан мебошад. Дар шароити имрўза имконияти тарбиявии оила суст шуда, шумораи кўдаконе, ки аз муомилаи берањмонаи падару модар ва зулми онњо азият мекашанд, зиёд шудаанд, ки ин сафи кўдакони беназоратмондаро зиёд мекунад. Тибќи ќонун синни ба кор оѓоз кардани кўдак 16 солагї муќаррар шуда, наврасони то 18-сола дар як рўз на зиёда аз 6 соат ва дар як њафта 36 соат кор карда метавонанд. Новобаста ба муќаррароти ќонун бисёр кўдакони хурдсол дар бозорњо ё кўчањо бо кор машѓуланд. Асосан мењнати кўдакон дар соњаи кишоварзї, савдо, саноати коркард ва хизматрасонї ба назар мерасад. Илова бар ин, њолатњое ба назар мерасанд, ки ба ташаккули кўдакон таъсири манфї мерасонанд. Аз љумла, њолатњои ба ќайд нагирифтани таваллуди кўдак љой доранд. Баъзе падару модарон танњо њангоми мактабрав шудани фарзандон барои ќайди таваллуд ва гирифтани шањодатномаи он мурољиат мекунанд. Андозаи кўмакпулињое, ки ба модарон њангоми таваллуди кўдак ва дар рухсатии нигоњубини кўдак будан пешбинї шудааст, кам буда, талаботи зарурии кўдаконро ќонеъ гардонда наметавонад. Њолатњои маљбуран ба шавњар додани духтарони ноболиѓ низ љой доранд. Баъзе падару модарон фарзандони худро маљбур мекунанд, ки тањсилро дар мактаб баъди хатми синфи нўњ ба охир расонанд. Мушкилоти дигар ба хариду фурўши одамон вобаста аст. 15 июли соли 2004 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурўши одамон» ќабул карда шуд ва худи њамон сол дар сохтори Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон сохтори мубориза бар зидди хариду фурўши одамон таъсис дода шуд. Тибќи ќонун хариду фурўши одамон манъ карда шуда бошад њам, далелњои хариду фурўши занон ва кўдакон бо маќсади истисмори шањвонї мушоњида мешавад. Аз рўи њисоботи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муќобили хариду фурўши одамон дар нимаи якуми соли 2010-ум 22 парвандаи љиноятї оид ба хариду фурўши одамон ба ќайд гирифта шудааст. Яке аз роњњои бартараф кардани мушкилоти кўдакон бо таълиму тарбия пурра фаро гирифтани онњо мебошад. Барои амалї гардонидани ин маќсад лозим аст, ки ањли љомеа сафарбар карда шавад. Дар ин кор пеш аз њама падару модарон, маќомоти њокимияти давлатї, муассисањои таълимї корфармоён ва ташкилоту созмонњои онњо, умуман љомеаи шањрвандї масъулият доранд. Њамаи ин њолатњоро ба назар гирифта Президенти Љумњурии Тољикистон лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба муњокимаи умумихалќї пешнињод намуд. Бо маќсади њаматарафа њифз намудани њуќуќњои кўдак пешнињод мешавад, ки: — Ќонун «Дар бораи њуќуќњои кўдак» тањия ва ќабул карда шавад; — Ќонун «Дар бораи њифз аз зўроварї дар оила» ќабул карда шавад; — Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо дарназардошти таклифу пешнињодот ќабул карда шавад; — мењнати маљбурии кўдакон бо маќсади аз байн бурдани он мавриди омўзиш ќарор дода шавад; — иттилоотонии љомеаро оид ба вазъи истифодаи мењнати кўдакон таќвият дода, фаъолияти маќомоти давлатї дар ин самт љоннок карда шавад; — љавобгарї барои напардохтани алимент пурзўр карда шавад; — махзани ягонаи љумњуриявї дар бораи кўдакон, аз љумла дар бораи кўдаконе, ки ба ѓамхории оилавї мўњтољанд, таъсис дода шавад; — оилаи фарзандхондњо, маќомоти васоят, ќабулгоњњои кўдакон, аз љумла ќабули кўдакон аз љониби хешовандони наздик дастгирї ва њавасманд гардонида шаванд; — барои сўистифода аз мењнати кўдак љавобгарї пешбинї карда шавад; — њангоми пайдо шудани имкониятњои молиявї андозаи кўмакпулињо оид ба нигоњубини кўдак зиёд карда шаванд. 3.10.3. Њуќуќи маъюбон Тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маъюбон зери сарпарастии њамаљониба ва доимии давлат ќарор доранд. Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 1993 ба Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии мењнат оид ба шуѓли маъюбон њамроњ шудааст. Инчунин Тољикистон аз 12 апрели соли 1996 иштирокчии Муоњида оид ба њамкорї дар њалли масъалањои маъюбон дар доираи њамкорињои кишварњои узви Иттињоди Давлатњои Мустаќил мебошад. Дар соњаи њифзи иљтимоии ањолї яке аз њадафњои асосии давлат дастгирии гурўњњои осебпазири љомеа, яъне онњое, ки воќеан мўњтољи ёрї мебошанд, аз љумла собиќадорони љангу мењнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилањои камбизоат ба шумор меравад. Вобаста ба ин Кодекси мењнат корфарморо ўњдадор кардааст маъюбонеро, ки аз тарафи хадамоти шуѓли ањолї барои бо кор таъмин намудан фиристода мешаванд, ба кор ќабул намояд. Пешнињоди Комиссияи тиббї-мењнатї оид ба низоми ваќти кори нопурра ва дигар шароитњои кори маъюбон барои иљро ба корфармо њатмї мебошад. Ба кормандони маъюб рўзи кори шашсоата бе кам додани музди мењнат муќаррар карда мешавад. Маъюбонро ѓайриќонунї ба кор нагирифтани корфармо, ки дар доираи квотаи муќарраргардида мебошад, боиси љавобгарии пешбининамудаи ќонунгузорї мегардад. Бо маќсади фароњам овардани имконияти баробари зиндагї ва њамгирої бо љомеа, инчунин пешбинї намудани кафолатњои васеи давлатї барои маъюбон тањрири нави Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи иљтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010 ќабул карда шуд. Тибќи маълумоти Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон то 1 январи соли 2010 шумораи маъюбон 152.166 нафар мебошад. Дар соли 2010 љињати њифзи иљтимоии бошандагони хона-интернатњои маъюбону ятимон ва пиронсолону бесаробонмондагон дар буљети давлатї 13 миллион сомонї пешбини гардидааст, ки ба њар як нафар дар як сол 8600 сомонї ва дар як моњ 715 сомонї рост меояд. Шахсони имконияташон мањдуд дар љойњои љамъиятї бо њар гуна мушкилоту монеањо, ба мисли зинаи биноњо, баромадан ба наќлиёт ва фаромадан аз он ва мушкилоти дигар дучор мегарданд. Љињати њалли масъалањои мазкур ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба њуќуќњои маъюбон мувофиќи маќсад аст. Дар робита бо њифзи њуќуќи маъюбон чунин тавсияњо пешнињод карда мешаванд: — барномаи миллии дастгирии маъюбон тањия карда шавад; — чорабинињои пешгирї-иттилоотї оид ба кам гаштани маъюбї вусъат дода шавад; — кори хизматрасонињои машваратї ба маъюбон таќвият дода шавад; — Конвенсияи СММ оид ба њуќуќњои маъюбон бо маќсади ба тавсиб расонидани он мавриди баррасї ќарор дода шавад. 3.11. Њуќуќи муњољирони мењнатї Љумњурии Тољикистон Конвенсияи байналмилалї оид ба њимояи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњоро 28 ноябри соли 2001 ба тавсиб расонида, барои танзими равандњои муњољирати мењнатї Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муњољират» ва Стратегияи миллии муњољирати мењнатии шањрвандони Љумњурии Тољикистонро барои солњои 2010-2015 ќабул намуд. Мувофиќи моддаи 7 Конвенсияи байналмилалї оид ба њимояи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо давлати иштироккунанда ўњдадор мешавад, ки њуќуќи њамаи коргарони муњољир ва аъзои оилаи онњоро, ки дар ќаламрави он ё тањти тобеияти њуќуќии он мебошанд, бе тафовутгузорї нисбат ба љинс, нажод, ранги пўст, забон, дин, эътиќод, аќидаи сиёсї ё аќидаи дигар, баромади миллї, этникї ё иљтимої, шањрвандї, синну сол, вазъи иќтисодї, оилавї ва ё њар гуна нишонањои дигар эњтиром дошта, таъмин намояд. Бо маќсади иљрои ўњдадорињои байналмилалї, ки аз талаботи Конвенсияи мазкур бармеояд, Љумњурии Тољикистон маърўзаи аввали худро оид ба њимояи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо, ки солњои 2003-2010-ро дар бар мегирад, пешнињод намудааст. Дар робита бо љањонишавии равандњои муњољирати мењнатї аксарияти муњољирони мењнатї аз Љумњурии Тољикистон дар Федератсияи Россия, минтаќањои он ва Ќазоќистон фаъолият менамоянд. Мавриди ќайд аст, ки дар самти мазкур бо минтаќањои људогонаи алоњидаи Федератсияи Россия њамкории судманд ба роњ монда шудааст. Аз соли 2008 дар асоси мулоќоти Хадамоти муњољирати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ва намояндагони корхонањои давлатии вилояти Свердловски Федератсияи Россия – «Маркази муњољирати вилояти Свердловск» таъсис ёфт, ки тавассути он муњољирони мењнатї аз Љумњурии Тољикистон барои пайдо намудани љои кори тахассусї, омода намудани асноди муњољирати мењнатї, кўмаки тиббї дар корхонањои хусусї ва давлатии вилояти Свердловск тариќи ин марказ ба Федератсияи Россия сафар мекунанд. Муњољирони мењнатие, ки тариќи ин марказ ба вилояти Свердловск сафар мекунанд, љойи кор ёфта, тањти њимоя ќарор мегиранд. Чунин таљриба бисёр њам муфид ва самаранок буда, дар њалли масъалањои марбути муњољирати мењнатї мусоидат мекунад. Хуб мешуд агар чунин таљриба бо дигар минтаќањои Федератсияи Россия љорї карда шавад. Яке аз масъалањои љиддї дар ин самт муњољирати мењнатии ѓайриќонунї ба њисоб меравад. Мувофиќи маълумоти намояндагии Хадамоти муњољирати Федератсияи Россия дар Тољикистон шумораи воќеии муњољирони тољик ба Русия дар соли 2010 беш аз 900 њазор нафар аст. Аммо расман ќисми ками онњо њамчун муњољири мењнатї ба ќайд гирифта шудааст. Ин аст, ки танњо дар соли 2009 аз ќаламрави Русия зиёда аз 4 њазор муњољири тољик депортатсия шудааст. Њифзи њуќуќи муњољирони мењнатии берун аз љумњурї боиси нигаронї мебошад. Дар баъзе кишварњои хориљї ќисме аз онњо аз тарафи корфармоён истисмор карда, шиноснома ва корти муњољиратиашон ѓайриќонунї аз тарафи кормандони њифзи њуќуќ ё корфармоён мусодира карда мешавад. Барои онњо дар баъзе њолатњо то 16 соати кор муќаррар карда, ба корњои вазнини муздашон кам ва шароиташон хавфнок љалб карда мешаванд. Музди мењнати онњо дар рўзњои истироњат ва соати кори баризофа пардохт карда намешавад. Аксарияти муњољирони мењнатї ноилољ дар шароити ѓайриќонунї кор ва зиндагї кунанд. Фавти муњољирон масъалаи ташвишовар гаштааст. Дар 9 моњи соли 2009 ба Љумњурии Тољикистон аз Федератсияи Россия 520 тобути шањрвандони Љумњурии Тољикистон оварда шудааст, ки аз ин 210 нафарашон аз беморињои гуногун вафот кардаанд. Аз дасти гурўњњои љиноятї 56 шањрванди Љумњурии Тољикистон кушта шудааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Пеш аз њама дар баъзе њолатњо худи фавтидагон низ гунањгоранд, чунки ќабл аз рафтан ба муњољирати мењнатї аз санљиши духтурони мањаллї намегузаранд, ки ин муайян кардани шумораи даќиќи муњољирони беморро мушкил месозад. Ќобили ќайд аст, ки барои њаллу фасли масъалаи муњољирон аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон чорањои дахлдор андешида мешаванд. Бо ин маќсад ибтидои соли 2011 дар Љумњурии Тољикистон маќомоти алоњида – Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода шуд. Бо маќсади мусоидат намудан ба њифзи њуќуќи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон тасмим гирифтааст, ки њамкорињоро бо њамтоёни худ дар Федератсияи Россия ва субъектњои он ба роњ монад. Вобаста ба њифзи њуќуќи муњољирони мењнатї пешнињод карда мешавад, ки: — Меморандумњои (Ёддоштњои) њамкорї байни Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон ва Ваколатдорони давлатњои дигар, бахусус Федератсияи Россия, минтаќањои он ва Ќазоќистон тањия ва ба имзо расонида шавад; — бо љомеањои тољикони ин давлатњо робитаи доимї муќаррар карда шавад; — оид ба њуќуќњои муњољирони мењнатї маводи зарурї тањия ва дастрас карда шуда, инчунин вазъи њуќуќиашон берун аз марзи Тољикистон фањмонида шавад; — оид ба њифзи њуќуќи муњољирони мењнатї тавассути ВАО мавод бештар нашр карда шавад; — равандњои муњољирати мењнатї мавриди омўзиши њамаљониба ќарор дода шаванд. IV. ХОТИМА ВА ХУЛОСАЊО Маърўзаи пешнињодшуда имконият медињад, ки самаранокии фаъолияти маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон арзёбї гардида, мутобиќати фаъолияти ў бо њадафу вазифањояш тањлил карда шаванд. Нишондодњои сифатї ва миќдорї, ки дар Маърўза оварда шудаанд, дастовардњои маќомот мањсуб ёфта, барои муайян кардани наќшањои оянда, арзёбии сатњи фаъолият мусоидат менамоянд ва дараљаи таъсиррасонии маќомотро ба вазъи умумии њуќуќи инсон муайян мекунанд. Њамчунин дар Маърўза наќши мусбии маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсонро љињати расидан ба њадафи нињої, таќвият бахшидани низоми миллии њифзи њуќуќи инсон, саъю кўшиши он љињати ќонеъ намудани талаботи љомеа инъикос ёфтаааст. Тањлилњо нишон медињанд, ки маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар ин давра ба њайси шарики боэътимод дар кори њифзи њуќуќи инсон ва тарѓиби ѓояњои њимояи њуќуќ муаррифї гардида, дар ин самт механизми самарабахш буданашро нишон медињад. Маќомот бо назардошти принсипњои мустаќилият, соњибкасбї, дастрасї, шаффофият, баробарї ва манъи табъиз фаъолияти худро дар њамбастагї ва њамкорї бо маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунї, сохторњои љомеаи шањрвандї, созмонњои байналмилалї ва институтњои њуќуќи инсони дигар кишварњо ба роњ мондааст. Фаъолияти маќомот барои њимояи шахсоне, ки њуќуќњояшон халалдор шудаанд (шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї, шахсони бешањрванд), инчунин гурўњњои осебпазир дар самтњои зерин сурат гирифтааст: — њалли шикоятњои мушаххас нисбат ба ќарор ё амали (беамалии) маќомоти њокимияти давлатї, аз љумла маќомоти њифзи њуќуќ, инчунин масъалањои муњокимаи одилонаи судї дар мурофиањои судї; — пешнињоди таѓйиру иловањо ба ќонунгузорї ва амалияи татбиќи онњо дар соњаи њуќуќи инсон тавассути ошкор намудани њуќуќвайронкунињои хусусияти мунтазам дошта, инчунин пешнињоди таклифњо оид ба такмили санадњои меъёрии њуќуќї дар соњаи њуќуќи инсон; — пешгирї намудани вайронкунии њуќуќи инсон тавассути татбиќи барномањои таълимї ва маърифатї барои ањолї ва кормандони маќомоти њокимияти давлатї. Бояд ќайд кард, ки маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон њамчун маќомоти навтаъсис ва ташаккулёбанда ба њайси механизми иловагии њифзи њуќуќи инсон дар доираи салоњияти худ амал намудааст. Мушкилоти мављуда дар фаъолият низ ба њамин сабабњо вобастааст. Аз ин лињоз, маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар истифодаи воситањои асосии кор љињати ќабул ва баррасии мурољиати шањрвандон, тањлили ќонунгузорї ва амалияи татбиќи он, санљиши риояи њуќуќи инсон, тањлили њолатњои њуќуќњои вайроншуда ва пешнињоди тавсияњо ба маќомоти дахлдори њокимияти давлатї ќадамњои аввалин гузоштааст. Такмили фаъолияти њуќуќї, ташкилї, илмию тањлилї, иттилоотию маълумотдињии Дастгоњи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, ба роњ мондани фаъолияти Шўрои коршиносон, таъсиси ќабулгоњњои љамъиятї, ташкили сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, гузаронидани санљиши арзу шикоятњо ва мониторингњо оид ба њуќуќњои алоњидаи инсон, таќвияти њамкорињо бо маќомоти њокимияти давлатї, ташкилотњои ѓайрињукуматї ва созмонњои байналмилалї, институтњои њифзи њуќуќи инсони дигар давлатњо, воситањои ахбори омма, баланд бардоштани маърифати шањрвандон дар соњаи њуќуќњои инсон аз љумлаи масъалањоеанд, ки њаллу фасли онњо фаъолияти маќомотро боз њам самарабахш мегардонад. Ин масъалањоро Стратегияи рушди маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон барои солњои 2011-2015, ки тањия шуда истодааст, дар бар хоњад гирифт. Бар замми ин, маќомот тасмим гирифтааст, ки бо маќсади баланд бардоштани маърифати шањрвандон дар соњаи њуќуќи инсон дар заминаи Барномаи системаи давлатии омўзиши соњаи њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон, ки солњои 2001-2010-ро дар бар мегирифт, Барномаи нав тањия намуда, барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намояд. Дар маљмўъ барои бењтар гардидани фаъолияти минбаъдаи маќомот шароити зарурї муњайё мебошад. Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон» ба маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон салоњиятњои васеъ муќаррар шудаанд. Аз љумла, фаъолияти он тамоми самтњои њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро фаро гирифтааст. Аз ин рў, бо камоли боварї гуфтан мумкин аст, ки маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар доираи салоњияти худ љињати пешгирї, риоя ва барќарор намудани њуќуќу озодињои вайроншудаи инсон ва шањрванд сањми босазои худро мегузорад.