МУКОЛАМАИ БАЙНИФАРҲАНГИИ ИДМ

Март 17, 2011 11:17

   Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-  шаҳри Душанбе 17 ва 18 март бори нахуст ҷаласаҳои Раёсат ва Шўрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, машварати ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти соҳавӣ ва семинар дар мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангӣ доир ба ҷанбаҳои муҳимтарини таҳсилот» баргузор мегардад. Дар ин чорабиниҳо намояндагони ИДМ –Тоҷикистон, Русия,  Украина, Белорус, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитариро баррасӣ менамоянд.
            Интизор меравад, ки дар кори чорабиниҳои зикршуда муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод  Фаттоев, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари  Президенти Федератсияи Русия, намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба масъалаҳои гуманитарӣ ва ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ Поллиева Д. Р., муовини Раиси кумитаи иҷроия ва котиботи иҷроияи ИДМ Бузубаев Т. И., намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, роҳбари шарики Раёсати Фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ Швидкой М. Е., Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Федератсияи Русия, раиси Раёсати ФБҲГ, намояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Булбул О. П., директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Армен Смбатян ширкат  варзида, суханронӣ менамоянд.

Март 17, 2011 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад