МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКУ ПОКИСТОНӢ

Март 9, 2011 14:48

   Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон  8 марти соли 2011-ум дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Исломобод мулоқоти соҳибкорони тоҷику покистонӣ баргузор гардид. Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Исломобод Муҳаммад Тавсиф Замон ва  раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯз Забиров ин вохўриро имкони васеъи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию истеҳсолии дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии коркарди меваю сабзавот, сангҳои қимматбаҳо, пўст, нассоҷӣ ва воридоту содироти мол метавон ба ривоҷи гардиши рўзафзуни маҳсулоти миёни кишварҳо такони нав бахшид.          Соҳибкорони покистонӣ омодагии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои пурсамар бо ҳамкасбони тоҷик баён доштанд. Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки гурўҳи калони соҳибкорони шаҳри Исломобод ояндаи наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарони корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои муштараки ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Март 9, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад