МУСОДИРАИ МИҚДОРИ КАЛОНИ ПРЕКУРСОРҲО ДАР ГУМРУК

Март 10, 2011 16:48

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ дар соҳаи гумрук кӯшиш ба харҷ медиҳанд.    Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони гумруки вилоят 486 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи гумрук ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҳисоб   5 ҳолат ҷиноят,    2 ҳолат қочоқи маводи нашъаовар  ва    3 маврид қочоқи молу воситаҳои нақлиёт мебошад.  Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи аз ин ҳодисаҳо рӯёнида шуда, ки 239 ҳазору 237 сомониро ташкил дод, ба буҷаи мамлакат ворид гардид. Дар ин муддат аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар   2 килограмму 267 грамм маводи мухаддир мусодира  шуд. Қобили зикр аст, ки чанде қабл кормандони  гумруки вилоят  боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро дар ҳаҷми хеле калон- 7 тоннаву 228 килограмму 28 грамм кислотаи сулфат аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ошкор ва мусодира намуданд.  Чунин ҳодиса дар фаъолияти  мақомоти гумрук бори аввал нест.  Соли гузашта кормандони  раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд     403 килограмму 860 грамм ангидриди кислотаи уксусро ошкор карданд, ки он ба гурӯҳи  перекурсорҳо шомил аст.             Нисбат ба  қазияи мазкур  парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Март 10, 2011 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд