НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Март 4, 2011 17:13

  Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар»,  Сангзода Муслиҳиддин).-  Имрӯз   дар факултаи  таърихи   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахшида ба рӯзи 8-уми март-иди Модар конфронс таҳти унвони   «Нақши  зан  дар ҷомеаи муосир» бо  иштироки  декани   факулта  Холмаҳмад  Самиев, муаллимон  ва     донишҷӯдухтарони  факултаҳои   Донишгоҳ  баргузор гардид.  Дар рафти  конфронси  мазкур  аз тарафи  устодону донишҷӯёни Донишгоҳ маърӯзаву  суханронӣ сурат гирифта сипас  дар  васфи   модарон   шеърҳои пурмазмун  қироат гардид.  Ташаббускори   конфронс  раиси  бонувони  факултаи  таърих   Умрия Ашӯрмаҳмадова буд.  Дар охири конфронс ба муаллимаҳои  пешқадам  ва  доншҷӯдухтарони аълохон  аз тарафи  раёсати Донишгоҳ  тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.                    

Март 4, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад