НАТИҶАҲОИ ШЎРОИ VII МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Тавре иттилоъ додем, 15 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид. Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шўрои машваратӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Шўрои машваратӣ шунида шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2010, ҷаласаҳои 5-ум ва 6-уми Шўрои машваратӣ доир гардиданд. Дар заминаи қарорҳои Шўрои машваратӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ», «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттиллоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба пурзўр намудани имкониятҳои содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» қабул гардида, бо маром татбиқ мегардад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалӣ” аз 29 майи соли 2010, таҳти №276 тасдиқ гардида, ба соддагардонии расмиёти маъмурӣ ҳангоми оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ, паст кардани хароҷоти фосилавӣ ва молиявӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва cармоягузорӣ, дастгирии воқеии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шуда буд. Аз 9 банди «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ» 6 банди он пурра иҷро гардида, 3 банди дигар тибқи мўҳлатҳои муқарраргардида дар ҷараёни иҷро қарор дорад. Вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттиллоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ аз ҷониби собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, вале бо сабабҳои таҷдиди назар гардидани сохтори вазорат, айни замон ҷоннок намудани иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобида шуд. Дар доираи иҷрои супоришҳои ҷаласаи шашуми Шўро, ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012 дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои донорӣ гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Оид ба натиҷаи фаъолияти гурўҳи корӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ахбори муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Қобили зикр аст, ки Барномаи мазкур мўҳлати ду сол дар вилоятҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии ташкилотҳои донорӣ маблағгузорӣ мешавад. Дар ҷаласаи имрўзаи Шўро лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012» ва лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки ҳамкориҳои созандаи ҳукумат ва бахши хусусиро тақозо менамояд ва амалӣ гардидани онҳо дар маҷмўъ барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012» тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми Шўрои машваратӣ, аз ҷониби гурўҳи корие, ки бо фармоиши Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии соҳаи сохтмон, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва Котиботи Шўрои машваратӣ таъсис гардидааст, таҳия карда шудааст. Мақсади асосии қабул намудани Барномаи мазкур беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ва дар ин замина таъмини рушди соҳаи сохтмон дар ҷумҳурӣ, вусъат бахшидани сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, таъмини бештари мардум бо манзилҳои истиқоматӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ мебошад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки бо мақсади идома бахшидани ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои маҷмўии ҷумҳурӣ, лоиҳаи “Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуда, барои баррасӣ ба ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратӣ пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мазкур, қадамҳои минбаъдаро нисбати боз ҳам беҳтар намудани фазои умумии сармоягузорӣ, аз ҷумла, бақайдгирии корхонаҳо ва дар ин замина ба таври пурра ҷорӣ намудани рақами ягонаи бақайдгирӣ, дастрас намудани қарзҳо ва дар ин замина беҳтар намудани шароити пешниҳоди гарави амволи манқул, ҳимояи сармоягузорон ва дастрас намудани иҷозат барои фаъолияти сохтмониро дар худ таҷассум намудааст. Дар амал татбиқ намудани тадбирҳои мазкур имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои маҷмўии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардида, мавқеи он дар байни кишварҳои ислоҳотбаранда боз ҳам устувор гардад. Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи имрўзаи Шўрои машваратӣ фаъолияти Шўроро дар соли гузашта ҷамъбаст намуда, самтҳои фаъолияти онро барои соли ҷорӣ муайян менамояд. Дар ин замина, самтҳои фаъолияти минбаъдаи Шўрои машваратӣ дар асоси пешниҳоди бахши хусусӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ муайян мешавад. Аз ин лиҳоз, дар ҷаласаи имрўзаи Шўро, доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ ширкати фаъолона намуда, дар ҷараёни он фикру андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Шўрои машваратӣ иброз намуданд. Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо супоришҳои дахлдор дода шуд.