ОҒОЗИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

Март 7, 2011 16:33

 Кӯлоб,  7 март. (АМИТ «Ховар»,  С.Холов).- Бо  қарори  раиси ноҳияи   Восеъ  Султон Валиев  таҷлили  Наврӯзи  Аҷам дар  ҷамоатҳои  деҳоти   ноҳия  оғоз  гардид. Лола  Ғуломова- ҷонишини  раиси  ноҳия оид ба  корҳои  идеологӣ  вобаста  ба  ин  мавзӯъ  гуфт, ки  айни ҳол  дар  деҳаи  Навободи  ҷамоати  деҳоти Тугарак  ин  иди  фархунда  ҷашн  гирифта  шуд ва  дар  он  намояндагони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия  ширкат  варзиданд. Зимни баргузории чорабинӣ  мардони  саховатпешаи  ноҳия  ба  3  нафар  иштирокчии ҶБВ,  4  нафар  беморони  бистаригардида,  13  нафар мардуми камбизоат тӯҳфаҳои  молӣ  тақдим  намуданд.         Дар  чорабинӣ  либосҳои  қадимаи  ориёӣ ба маърази тамошо  гузошта шуда, инчунин, беш  аз  5 навъи  хӯроки  миллӣ пешкаши  шаҳрвандон гардид. Гуфта  мешавад, ки чунин  чорабиниҳои фарҳангӣ  дар  62   деҳаи  ноҳия мегузаранд. 

Март 7, 2011 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд