ОБ ДАР КӮЗАЮ МО ТАШНАЛАБОН МЕГАРДЕМ

Март 4, 2011 09:37

   Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои сардухтури маркази санитарии давлатии вилояти Хатлон С. Аламов 34 ҳазору 482 нафар сокинони 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ин шумораи аҳолӣ 14 ҳазору 901 нафар ба ноҳияи Восеъ, беш аз 10 ҳазор нафар ба ноҳияи Данғара, наздик ба 5 ҳазор ба ноҳияи Фархор ва 3 ҳазор нафар ба ноҳияи Ҳамадонӣ мансубанд.    Боиси тазаккур аст, ки   ду – се соли охир тавассути ташкилоти байналмилалӣ ва сарватмандону соҳибкорони  маҳаллӣ 65 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.    Дар ноҳияи Балҷувон танҳо сокинони маркази маъмурии ноҳия бо хати оби ошомиданӣ  таъминанд, ки ҳамагӣ 832 нафар аз он истифода менамоянд, боқӣ 25 ҳазор  нафар аҳолии ноҳия аз оби чашмасору ҷӯйбор истифода мекунанд.    Дар ноҳияи Темурмалик ҳамагӣ 27 фоизи аҳолӣ, дар ноҳияи Шӯрообод – 26, Ховалинг -31 ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ  ҳамагӣ 51 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд. Ин дар ҳолатест, ки ҶТ баъди ФР  миёни  кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати захираи об дар ҷои дуюм меистад.

Март 4, 2011 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд