ОШКОРНАМОИИ 66,6 ФОИЗИ ҶИНОЯТҲО ДАР ДУ МОҲ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Тибқи маълумоти идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, дар моҳҳои январ — феврали соли 2011 2 ҳазору 960 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз он 2568 ҷиноят аз ҷониби ВКД ҶТ ба қайд гирифта шуд, ки баробари 86,8 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда мебошад. Мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар ин муддат 392 ҷиноят ё 13, 2 фоизи умумии ҷиноятҳоро ба қайд гирифтаанд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ду моҳи аввали соли 2011 966 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 2,5 баробар зиёд аст. Ба қайдгирии ҳодисаҳои дуздӣ 4,8 фоиз, ҳуҷуми роҳзанона 2,2 баробар ва қаллобӣ 5,1 баробар зиёд шудааст. Ҷиноятҳои вобаста ба тайёр кардан, истеъмол, фурӯш ва нигоҳ доштани маводи нашъадор 23, 4 фоиз, ҷиноятҳои иқтисодӣ 3, 5 баробар зиёд шудаанд. Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ 66, 6 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 5,1 фоиз камтар аст.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






