ПОКСОЗИИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мутахассисони Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят дар ҳамкорӣ бо КВД «Кино ва видео»-и вилояти Суғд дар бозорҳои марказии навоҳии Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод рейдҳои навбатии муштарак доир намуданд. Дар маҷмӯъ, аз фаъолияти 8 дӯкони фурӯши маводи аудио — видеовизуалӣ дидан карда, аз соҳибкорон А.Қурбонов, Ф.Шарифов, Ш.Кӯчимов, Ш.Ёқутов ва М.Каримов, сокинони ноҳияи Спитамен ба миқдори 196 адад дискҳои пастсифат, бе нишона (бе галлограмма) ва маънои зӯроваридошта мусодира шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар самти пешгирии истеҳсол, фурӯш ва воридоти дискҳои фаҳшу зӯроварӣ давоми моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Исфара ва Конибодом низ корҳои санҷишӣ доир шуданд. Ҳини омӯзиши нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти аудио — видеовизуалӣ дар шаҳри Истаравшан аз соҳибкорон Б.Исроилов, А.Каттаев, Ӯ.Турсунов дискҳои пастсифат ба миқдори 48 адад, аз А.Каттаев 11 адад дискҳои моҳияти динӣ ва аз ташхиснагузашта мусодира шуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ аз соҳибкор Ҷ.Давлатов 360 адад дискҳои беҳуҷҷат ва манъшуда, аз Х.Қурбонов 57 адад даскҳои динии аз ташхиснагузаша мусодира шуд. Дар шаҳри Исфара аз соҳибкор И.Акрамов 132 адад дискҳои беасос нусхабардоришуда, 1 адад филми маънои зӯроваридошта, аз Ш.Амонов — 7 адад, Ҷ.Беков — 15 адад филмҳои мазмуни динӣ ва зӯроваридошта мусодира ва барои омӯзиш ба Кумитаи амнияти шаҳри Исфара супорида шуд. Аз нуқтаи нусхабардории «Бахтовар»-сардораш истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Қистакӯз У.Мадаминов дар ҳамкорӣ бо намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд 36 адад филмҳои ваҳшонияту зӯроварӣ дарёб ва мусодира гардид. Алҳол, нисбат ба номбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияти корхонаи «Кино ва видео»-и шаҳри Конибодомро низ мавриди омӯзиш қарор дод ва рейди ғайринавбатӣ гузаронида, риояи қоидаҳои дастурамали фурӯш ва паҳнкунии маводи видеовизуалиро дар нуқтаҳои бозори «Фаровон» санҷид.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






