ПОКСОЗИИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ДАР СУҒД

Март 4, 2011 12:10

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мутахассисони Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят дар ҳамкорӣ бо КВД «Кино ва видео»-и вилояти Суғд дар бозорҳои марказии навоҳии Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод рейдҳои навбатии муштарак доир намуданд. Дар маҷмӯъ, аз фаъолияти 8 дӯкони фурӯши маводи аудио — видеовизуалӣ дидан карда, аз соҳибкорон А.Қурбонов, Ф.Шарифов, Ш.Кӯчимов, Ш.Ёқутов ва М.Каримов, сокинони ноҳияи Спитамен ба миқдори 196 адад дискҳои пастсифат, бе нишона (бе галлограмма) ва маънои зӯроваридошта мусодира шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар самти пешгирии истеҳсол, фурӯш ва воридоти дискҳои фаҳшу зӯроварӣ давоми моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Исфара ва Конибодом низ корҳои санҷишӣ доир шуданд. Ҳини омӯзиши нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти аудио — видеовизуалӣ дар шаҳри Истаравшан аз соҳибкорон Б.Исроилов, А.Каттаев, Ӯ.Турсунов дискҳои пастсифат ба миқдори 48 адад, аз А.Каттаев 11 адад дискҳои моҳияти динӣ ва аз ташхиснагузашта  мусодира  шуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ аз соҳибкор Ҷ.Давлатов 360 адад дискҳои беҳуҷҷат ва манъшуда, аз Х.Қурбонов 57 адад даскҳои динии аз ташхиснагузаша мусодира   шуд. Дар шаҳри Исфара аз соҳибкор И.Акрамов 132 адад дискҳои беасос нусхабардоришуда, 1 адад филми маънои зӯроваридошта, аз Ш.Амонов — 7 адад, Ҷ.Беков — 15 адад филмҳои мазмуни динӣ ва зӯроваридошта мусодира ва барои омӯзиш ба Кумитаи амнияти шаҳри Исфара супорида шуд. Аз нуқтаи нусхабардории «Бахтовар»-сардораш истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Қистакӯз У.Мадаминов дар ҳамкорӣ бо намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд 36 адад филмҳои ваҳшонияту зӯроварӣ дарёб ва мусодира гардид. Алҳол, нисбат ба номбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияти корхонаи «Кино ва видео»-и шаҳри Конибодомро низ мавриди омӯзиш қарор дод ва рейди ғайринавбатӣ гузаронида, риояи қоидаҳои дастурамали фурӯш ва паҳнкунии маводи видеовизуалиро дар нуқтаҳои бозори «Фаровон» санҷид.

Март 4, 2011 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид