РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Март 25, 2011 16:12

Суғд, 25 март. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Сайидмуҳаммади  Ҳусайнӣ- вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии  Эрон дар чаҳорчӯби барномаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон субҳи 24 март  бо як ҳайати 26 нафараи аҳли адаб ва ҳунару фарҳанги эронӣ вориди шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷумъабой Сангинов — муовини аввали раиси вилояти Суғд ва доктор Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ- вазири фарҳанг ва иршоди  Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мулоқот дар шаҳри Хуҷанд бо зикри муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ба таҳким ва рушди минбаъдаи равобити фарҳангиву илмии ду кишвари ҳамхуну ҳамзабони Тоҷикистону Эрон таъкид карданд. Баъдан дар кохи театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки аҳли зиё ва фарҳангу адаби вилояти Суғд ва донишҷӯёни макотиби олии вилоят бо ҳузури ҳайати баландмақоми вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ва аҳли фарҳанги Эрон як маҳфили бошукӯҳ баргузор шуд. Суюнхон Рустамов — муовини раиси вилояти Суғд дар  маҳфил бо ишора ба фарҳангу забони муштараки тоҷикону эрониён гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми хонадони мардуми тоҷик суруд ва мусиқии эронӣ танинандоз аст, ки ин нишони   муҳаббати мардуми тоҷик ба мардуми ҳамзабони Эрон аст. Доктор Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ — вазири фарҳанг ва иршоди  Ҷумҳурии Исломии Эрон бо арзи сипос аз истиқболи самимӣ ва гарми мизбонон гуфт, ки Эрону Тоҷикистон ду кишвари ҳамдину ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳастанд ва ин муштаракот  пайванди моро боз ҳам қавитар месозад.  Ба хотири он ки шаҳри Табрези Эрон  оромгоҳи бузургони зиёди ин сарзамин аст, ман пешниҳод намудам то шаҳрҳои Хуҷанду Табрез бародаршаҳр эълон шаванд ва зиёрати мардуми тоҷику эронӣ аз ин ду шаҳр бештар гардад, афзуд  ҷаноби Ҳусайнӣ.  Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷонишини сардори  шӯъбаи фарҳанги вилоят Ориф Набиев дастрас гардид.

Март 25, 2011 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд