СЕМИНАР ОИД БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Март 3, 2011 17:28

Душанбе, 3 март.  (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева).-Имрўз дар  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва васеъ намудани доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд   семинари машваратӣ бо иштироки масъулини соҳа, коршиносҳои байналмилалӣ, роҳбарон ва кормандони шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Солҳои охир ба ин  самт таваҷҷўҳ зиёд шуда, шаклҳои нави хизматрасонӣ пешкаши қишри осебпазири ҷамъият мегарданд. Дар робита ба ин бояд зикр кард, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 14 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рўзона ва 37  шўъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал намуда, ба ниёзмандон зиёда аз 20 намуди хизматрасонии иҷтимоӣ, иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ–тиббӣ, нақлиётӣ, санитарию гигиенӣ,  миёнаравию намояндагӣ ва  маслиҳатӣ мерасонанд. Айни ҳол дар ин муассисаҳо 656 нафар мутахассисон  фаъолият намуда, ба 5194 нафар ниёзмандон хизмати  иҷтимоӣ мерасонанд. Дар семинар ҳозирин  оид ба паҳлўҳои кор ва он масъулияте, ки ба дўши  кормандони ҳифзи иҷтимоӣ вогузор гардидааст, ишора намуда барои   баланд бардоштани салоҳияти шўъбаҳо, бартараф намудани монеаҳои самти фаъолият, дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, роҳҳои бартараф намудани монеаҳо ибрози андеша намуданд.  Баргузории ин гуна машварату омўзишҳо дар  баробари таҷрибаомўзӣ  барои афзун гардонидани  малакаи корӣ манфиат мерасонад.          Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои  байналмилалӣ ва ҷамъиятии  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ доданд.

Март 3, 2011 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд