СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Март 11, 2011 08:37

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). —   Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон миёни журналистон барои иштирок дар машварат-тренинги серӯзаи омӯзишӣ таҳти унвони «Сифати маводи журналистӣ» озмун эълон намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  аз АМВАОМТ иттилоъ доданд, машварати  мазкур тӯли се рӯз дар  шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб  мегузарад. Ҳадафи асосии  ин машварат афзун намудани  таҷрибаву дониши таҳлилӣ ва тадқиқотии иштирокдорони он ва ба ин восита баланд бардоштани сифати фаъолияти журналистӣ мебошад. Дар машварат-тренинг мавзӯъҳое, чун одоб ва самтҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ, кор  бо манбаъҳои иттилоотӣ, мувозинат ва дақиқият-ҳамчун самтҳои масъули журналистика ва самтҳои иҷтимоии фаъолияти журналистӣ  мавриди баррасӣ қарор мегиранд.   Ҳамчунин, корҳои амалӣ дар навиштани мавод ба назар гирифта шуда, маводи беҳтарин дар ВАО нашр мегарданд.  

Март 11, 2011 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад