СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон миёни журналистон барои иштирок дар машварат-тренинги серӯзаи омӯзишӣ таҳти унвони «Сифати маводи журналистӣ» озмун эълон намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз АМВАОМТ иттилоъ доданд, машварати мазкур тӯли се рӯз дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб мегузарад. Ҳадафи асосии ин машварат афзун намудани таҷрибаву дониши таҳлилӣ ва тадқиқотии иштирокдорони он ва ба ин восита баланд бардоштани сифати фаъолияти журналистӣ мебошад. Дар машварат-тренинг мавзӯъҳое, чун одоб ва самтҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ, кор бо манбаъҳои иттилоотӣ, мувозинат ва дақиқият-ҳамчун самтҳои масъули журналистика ва самтҳои иҷтимоии фаъолияти журналистӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, корҳои амалӣ дар навиштани мавод ба назар гирифта шуда, маводи беҳтарин дар ВАО нашр мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






