СУХАНРО ВАЗНУ ТАМКИНИ ЗАМИН БОЯД…

Март 9, 2011 08:27

     Ҳанӯз 99 сол муқаддам, аниқтараш 11 марти соли 1912 дар Аморати Бухоро, ки гаҳвораи тамаддуни тоҷикон маҳсуб меёбад, нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ бо номи «Бухорои Шариф» нашр гардид.       «Бухорои Шариф»  бо кӯшиш  ва ҳиммати равшанфикрони даҳаи аввали қарни 20-и  тоҷик Мирзомуҳиддин Мансуров ва Мирзосироҷи Ҳаким таъсис дода шуд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  номзади илмҳои филология,  дотсенти кафедраи матбуоти факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» Пайванди Гулмуродзода. Ба андешаи устоди ДМТ таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ  ду ҳадаф дошт, яке аз онҳо аз авзои оламу кишвар хабардор намудани ҷомеаи он солҳо ва саҳм гузоштан дар бедории мардум буд. Бинобар набудани шахсе, ки кори рӯзномаро хуб донад, аз Боку Мирзоҷалол Юсуфзода, ки яке аз кормандони маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Насриддин», ки бо ташаббуси Мирзоҷалил Маҳмадқулизода ва Алиасғари Собир чоп мешуд, ба Бухоро даъват гардид. Ӯ аз шумораи  аввал то охир дар рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки 153 шумора чоп шуд, то 1 январи соли 1913 роҳбарӣ кард. Дар он солҳо дар саҳифаҳои  рӯзнома ба масъалаҳое дахолат   мешуд, ки дар он замон бисёр муҳим буданд. Аз ҷумла, дар бораи таълиму тарбия, кушодани мактабҳои нав,  ба илм фаро гирифтани мардуми Аморати Бухоро ва масъалаҳои   вобаста ба забон, кишоварзӣ ва ислоҳот    дар саҳифаҳои  рӯзнома   чоп мешуданд. «Бухорои Шариф» як саҳифа дошт, ки дар он рекламаю эълонҳо чоп мешуд. Аслан эълону рекламаҳо бо забони  русӣ буданд, ки корхонаҳо маҳсулоти худро тавассути нашрия тарғиб мекарданд. Яъне, нашрия ҳадафи тиҷоратӣ ҳам дошт. Вале  он ҳадафу мақсаде,  ки ҳукумати подшоҳии рус ва Аморати Бухоро бо таъсиси ин рӯзнома дошт, амалӣ нашуд. Аз ин рӯ 2 январи соли 1913 баъди нашри 153 шумора нахустин рӯзномаи тоҷикӣ баста шуд ва баъд аз ин дар Бухоро рӯзномаи сирф тоҷикӣ то замони бозсозии Горбачевӣ пайдо нашуд.  Дар шароити имрӯза матбуоти тоҷик то кадом андоза рисолати худро дар ҷомеа иҷро карда истодааст?  Яке аз дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар давраи истиқлолият соҳиб гардид, ба миён омадани матбуоти гуногунҳизбӣ ва шахсӣ дар радифи матбуоти давлатӣ буд. Аввалин коре, ки дар ин самт анҷом ёфт, қабули қонуни матбуот ва ВАО аст. Қонуни  матбуот кафолати озодии баён, ки дар Сарқонуни кишвар ифода ёфтааст ва  иҷозати нашри рӯзномаҳои гуногунро дод. Аз оғози даврони мустақилият дар ин самт корҳои бисёр анҷомёфт ва рӯзномаҳои зиёд арзи ҳастӣ карданд, ки дар як муддати муайян баъзеи онҳо бо сабабҳои  гуногун баста шуданд ва баъзеи  дигар боз ба  вуҷуд омаданд.   Ба матбуоти феълии Тоҷикистон агар назар афканем, мо онро ба се шоха чудо карда метавонем. Яъне, давлатию ҳизбӣ ва хусусӣ. Аз тарафи дигар радиою телевизионамон ҳам ба давлатию мустақил ҷудо гардидааст. Инчунин, дар бахши оҷонсиҳои хабарӣ ҳам чунин вазъ ба назар мерасад. Ягона Оҷонсии миллии  Тоҷикистон «Ховар»  ва боз 8 оҷонсии итилотии мустақил, ки онҳо фазои иттилоотии кишварро пурра мегардонанд ва барои  расонидани хабарҳои муҳимтарини   дохили кишвар, минтақа ва хориҷи мамлакат  саҳми муносиб мегузоранд, фаъолияти густурда доранд.  То ҷое мусаллам аст дар  матбуоти даврии тоҷик дар қиёс ба матбуоти кишварҳои минтақа озодии баён бештар буда, баъзан этикаи журналистӣ риоя намегардад. Сабаб чист?        Дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик гуногунандешӣ  хеле тақвият ёфтааст ва як навъ фазои бисёр пурсару садо ба вуҷуд омадааст, яъне дар атрофи масъалаҳои гуногун фикру андешаҳои мухталиф, ки ҳадафи онҳо низ исбот кардани дастовардҳои ҷомеа ва ба ҷомеаи мутамаддин табдил додани кишварамон аст, пайдо гардидаанд. Ин раванд ба манфиати ҷомеа буда, он имкон медиҳад ки  барои рушди соҳаҳои мухталиф бештару беҳтар  сухан гӯем ва мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ва худшиносии миллӣ раҳнамун созем. Зеро имрӯз   рисолати бисёр бузурги рӯзноманигорони  тоҷик пойдории ваҳдати миллӣ ва пиёда кардани ҳадафҳои неки ислоҳотхоҳона дар кишвар аст. Мутаассифона,  дар баъзе нигоштаҳо баъзан  рӯзноманигорон ба эҳсосот дода шуда, аз доираи одоб берун мераванд, этикаи журналистӣ риоя намешавад. Дар баъзе нигоштаҳо, мутаассифона, таҳлил камтар аст. Ба ҷои таҳлил ба сухани умумӣ машғул мешавем. Намедонем, ки ин гап аз куҷо сарчашма мегираду барои чӣ гуфта шудааст. Ин масъала дар нашрияҳои  мустақил бештар ба назар мерасад. Дар ин маврид бояд кормандони васоити ахбори омма, ки ба ҳайси ҳокимияти чорум эътироф гардидаанд, санҷида сухан гӯянд то ба нодуруст фаҳмидани моҳияти масъала ва нодуруст шарҳ додани ҳодисаву  воқеа сабабгор нашаванд. Зеро навиштаҷоти ғалат хонандаро ба роҳи ғалат ва гумроҳӣ  мебарад.  Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки дар нигоштаҳои бархе аз нашрияҳои мустақили кишвар манфиатҳои миллӣ чандон ҳимоя намегарданд. Ин масъала то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст?  Ман гумон мекунам, ки дар аксар нигоштаҳое, ки  матбуоти давлатӣ,  хусусӣ ва аҳзоби сиёсӣ менависанд, мақсад ислоҳи проблемаю камбудиҳои ҷомеа аст. Шояд баъзеашон гарм сӯҳбат кунанд,  баъзеи дигар  бо тамкин сухан мегӯянд, яъне таҳаммулпазир ҳастанд. Бояд аснои  навиштани мақола ҳар як рӯзноманигор таҳаммулпазириро пеш гирад ва моҳияти  масъаларо барои хонанда кушода диҳад, имконият диҳад, ки худи хонанда ҳамон чизро  қазоват карда тавонад. Набояд фикру андешаро ба сари хонанда бор кунем. Бояд дар ин масъала аз таҷрибаи даврони Шӯравӣ мо ибрат гирем. Зеро дар ҳамон давра ба воситаи матбуот зиёд тарғибу ташвиқ кардем ва гумон намудем, ки бисёр аз  проблемаҳо ҳалли худро ёфтаанд,  ягон  камбудӣ надорем, вале дар охир дидем, ки  масъалаҳое ҳастанд ки дар ҷомеа ислоҳ мехоҳанд ва дар давраи бозсозии Горбачёвӣ ин қадар масъалаҳое дар саҳифаҳои рӯзномаҳо чоп шуд, ки ҳама  муаммою мушкилоти ҷомеаи мо буд. Ва оқибати ҳамон чизҳо буд, ки  давлати Шӯравӣ бо ҳамон қадар абарқудратиаш натавонист ҳамаи он мушкилоту муаммоҳоро ҳал кунад ва ин оқибат ба шикасти давлат оварда расонд. Бояд мо аз ин чиз  эҳтиёт намоем ва ҳар матолиберо, ки дар саҳифаи матбуот, радио ва телевизион  пахш ва ба табъ мерасанд, аз рӯи мушоҳидаю таҳлили амиқ гӯем. Камбудию норасоиҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд,  онҳоро гӯем ва тарзе таҳлил намоем, ки барои ислоҳи он чораҷӯӣ  шавад. Мақсади ҳамаи мо бояд як чиз  бошад, ки барои қишрҳои ҷомеа бештару беҳтар кор кунем ва ҳамон рисолате, ки дар назди мо ҳаст —  пойдории давлат ва шукуфоии миллат, онро иҷро намоем.  То чӣ андоза меъёрҳои  забони адабии тоҷик дар матбуоти даврӣ риоя мегарданд?  Дар масъалаи забони матбуот бояд меъёр риоя гардад. Зеро меъёри забони адабии тоҷик таърихи ҳазорсола дорад. Хушбахтона мо аз он миллатҳое ҳастем, ки дар зарфи 1000 сол забонамон ташаккул ёфт ва дар  давраҳое, ки мо давлат надоштем забони мо дар бисёр дарборҳо хизмат мекард ва қудрату тавонмандӣ дошт. Маълум  ки дар давраи Сомониён илму фарҳанг ва забони тоҷикӣ рушд кард ва аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем, ки забони ноби тоҷикиамонро риоя ва ҳифз  намоем. Зеро дар забони тоҷикӣ ҳанӯз калимаю мафҳумҳои тарҷумазада боқӣ мондаанд. Масалан, як калимаи сунъии «баромад»  ин қадар серистеъмол гардидааст, ки ба ҷои ин калима мо метавонем чандин муродифҳои онро истифода намоем. Дар як маврид «ҳунарнамоӣ»,  дар мавриди дигар «сухан гуфт», «ибрози  назар кард», «гап зад»  ва ғайраро  бояд истифода кард. Аз тарафи дигар феълҳои ёварро хеле зиёд истифода мебарем. Масалан,  ба ҷои ба «таъмин» бандаки изофии «и»  илова кардан  мо «таъмин кардани ҳамин масъала» мегӯем. Феълҳои ёвар дар гуфтори форсизабонон зиёд истифода мешаванд. Имрӯз, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дорад, ман фикр мекунам, ки ин Кумита дар истилоҳсозӣ бояд саъй намояд. Рӯзномаю маҷаллаҳо ҳар истилоҳро ба хости худашон истифода накунанд. Он истилоҳоти наве, ки ҳаст, дар якҷоягӣ бояд бо бародарони эронию афғонистонӣ, ки он дар гӯиши дарӣ чӣ гуна истифода мешаваду дар гӯиши форсӣ чӣ гуна,  дар ин самт бояд равобиту ҳамкориямон зиёд бошад. Новобаста ба баъзе камбудиҳо, забони матбуоти мо дар чанд соли охир хеле пешрафт намуда такмил ёфтааст. Бояд забонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кард. Зеро забон рукни муҳими давлатдорӣ буда, ҳамеша дар такомул ва таҳаввулот аст.  Яке аз пешрафт ва дастовардҳои ҷомеа омода намудани мутахассисони баландихтисос аст. Ин масъала дар факултаи рӯзноманигории ДМТ дар кадом сатҳ қарор дорад?  Дар шароити феълии рушди ҷомеа имкониятҳои дастрасӣ ба иттилоот хеле зиёданд. Зуҳури шабакаи байналмилалии Интернет, ки на замону на макон ва на марз дорад, яъне ҳамаҷоро убур карда мегузарад, мисоли равшани гуфтаҳост. Ҷомеаи муосир имрӯз аз он бисёр истифода мекунад, зеро шабакаи Интернет дар дунёи мутамаддин,  ки бештар ва беҳтар хабар мерасонад, иртиботро бо мардум беҳтар ва оҷилиятро таъмин месозад. Аз ин рӯ,  дар шароити феълӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони бахши рӯзноманигорӣ мо бояд шаклҳои навро ҷорӣ созем. Яъне,  бояд шореҳон омода созем. Мутаассифона, ин  масъаларо ман чандин солҳо боз мегӯям, вале ба ин масъала касе аҳамият намедиҳад. Яъне,  омода намудани  шореҳон дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иҷтимоиёт, адабию фарҳангӣ  ва варзишӣ. Дар факултаи рӯзноманигории ДМТ рӯзноманигорони бахши матбуот, радиою телевизион ва журналистикаи байналмилалӣ тайёр карда мешаванд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо аз чунин шакли омода намудани мутахассисон ба шакли таёр намудани шореҳон гузарем.  Зеро ҷомеаи муосир ин қадар пеш рафтааст, ки ҳамаи  мавзӯъро дар бар гирифтани  як нафар рӯзноманигор  бисёр мушкил аст. Вақт, ки сӯҳбати бархе аз рӯзноманигоронро дар радио ва телевизион  мешунавем ва тамошо менамоем, эҳсос   мешавад, ки он рӯзноманигори мо  ҳамон соҳаро ба он тарзе ки лозим аст, намедонад ва дар ин маврид саволҳои  якрангу қолабӣ медиҳад, ки ин мӯҳтавои барномаро пурмазмун намегардонад.  Имрӯзҳо қариб дар аксар донишгоҳҳои кишвар шӯъбаю факултаҳои рӯзноманигорӣ фаъолият мекунанд ва барои кишвари кӯчаки мо ин шарт аст?  Воқеан ҳоло дар тамоми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бахшҳои рӯзноманигорӣ фаъолият мекунанд. Ба андешаи ман шарт нест, ки дар кишвари кӯчаки мо дар тамоми донишгоҳҳо  шӯъбаҳои рӯзноманигорӣ таъсис диҳем. Зеро дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо корманди режиссура, танзимгарҳо  ва рӯзноманигори  радиою телевизион бо тамоюли режиссур фаъолият доранд. Дар донишгоҳи Хуҷанд низ  вобаста ба шароити маҳал бахши журналистика таъсис дода шудааст. Зеро дар ин минтақа теъдоди радио ва телевизионҳои мустақил зиёд аст.  Дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, Хоруғ, донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва славянӣ низ шӯъбаҳои рӯзноманигорӣ ифтитоҳ  шудаанд.Ин равандро  бояд ба танзим даровард. Фарз кардем дар Донишгоҳи славянӣ барои расонаҳои русзабон мутахассисон омода  шаванд,  дар дигар донишгоҳҳо бояд ҳадафҳояшон   мушаххас гардонида шаванд. Бояд дар ин масъала ва ҷараёни таълиму омода намудани мутахассисони бахши журналистика  аҳамияти ҷиддӣ диҳем.  Масъалаи дигар интихоби довталабон аст, ки он бояд  дуруст ба роҳ монда шавад. Мутаассифона, намедонам вазъият дар дигар донишгоҳҳо чӣ гуна аст, дар факултаи рӯзноманигории ДМТ озмунҳои ихтисосӣ сурат намегирад. Вақтҳои пеш дар мавриди қабули довталабон барои дохил шудан ба факултаи журналистика  аз идораи нашрия ё дигар расонаҳо тавсиянома ва навиштаҷоти худро пешниҳод месохтанд. Пас аз озмуне, ки дар се давр гузаронида мешуд, баъдан довталаб ба имтиҳон роҳхат мегирифт. Яъне, ин далолат бар он мекунад, ки оё ҳамон довталаб ҳунари рӯзноманигор шудан дорад ё не.  Аз онҳо дар оянда рӯзноманигори касбӣ баромада метавонад ё не. Дар факултаи рӯзноманигорӣ ҳангоми қабули  ҳуҷҷатҳои довталаб сӯҳбат ба шакли умумӣ гузаронида мешавад. Дар ин масъала мо бояд баъди хатми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ устодонро ба маҳалҳо фиристем то бачаҳои болаёқату боистеъдодро интихоб намоянд. Бояд бачаҳои қобилияти эҷодӣ дошта ба факултаи рӯзноманигорӣ қабул гарданд,  то тавонанд дар оянда баҳри ташаккули рӯзноманигорӣ саҳм гузоранд. Дар ин маврид суханони Расул  Ғамзатов,  шоири машҳури доғистонӣ, ки дар бораи як дӯсти падараш, ки фарзандашро ба назди падари Расул Ғамзатов  меорад ва мегӯяд, ки аз ӯ бояд шоир тайёр кунед, ба ёд меояд. Вақте падари Расул аз фарзанди дӯсташ мепурсад, ки аз адабиёт ягон хабар дорад,   ҷавон ягон чизро  намедонад. Падари Расул Ғамзатов ба дӯсташ ҷавоб мефиристад, ки ҳама корро анҷом додан мумкин, ғайр аз он ки аз одами беқобилият ман шоир тайёр кунам. Воқеан пешаи рӯзноманигорӣ истеъдоду қобилиятро мехоҳад. Бачаҳое, ки  шавқу рағбат ва истеъдод доранд,, бояд онҳо  ба факултаи рӯзноманигорӣ қабул  гарданд, на нафарони тасодуфӣ.  Устод чун дар остонаи иди матбуоти тоҷик қарор дорем ба рӯзноманигорони тоҷик чӣ  таманно доред?  Хоҳони онам, ки сухани рӯзноманигорони тоҷик доимо бурро ва қаламашон тез бошад. Ҳар сухане мегӯянду менависанд, ба манфиати миллату давлат нигаронида шавад. Рисолати таърихии худро  барои пешравии кишварамон бо сари  баланд анҷом диҳанд. Набояд фаромӯш кунанд, ки ҳар сухане, ки онҳо мегӯянд ҳазорҳо шунавандаю хонанда дорад. Ҳамеша аз сухани созанда истифода кунанд, сухане, ки ҷомеаро ба сӯи амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоии кишвар раҳнамун месозад. Зеро нерӯи сухан хеле бузург буда, ҳам хусусияти созандагӣ ва ҳам сӯзандагӣ дорад. Сӯзандагии суханро мо дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ бо чашми сар дидем. Аз ин чиз мо бояд эҳтиёт кунем ва ҳушёриии миллиро аз даст надиҳем. Ва рӯзноманигорони арҷманд, ки ба ҳайси намояндагони ҳокимияти чорум дар ҷомеа мақоми баландро сазоворанд, набояд ин мисраъҳоро фаромӯш созанд:                Суханро вазну тамкини замин бояд,                Суханро қудрати ҷонофарин бояд.                               Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Март 9, 2011 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад