ТАҶЛИЛИ ИДИ МОДАРОН ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бахшида ба Иди модарон-8 март ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Исроилов оғоз намуда аз фаъолияти занону модарон дар пешбурди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Сардори маркази матбуот ва иттилооти вазорат Н.Дадобоев оид ба таҷлили Иди модарон 8-март ва нақши занону модарон дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сухан гуфт. Дар анҷоми ҷамъомад аз номи роҳбарияти вазорат ба занону духтарон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






