ТАЪМИНИ 150 НАФАР БО ҶОЙИ КОР
Суғд, 9 март. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни 20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ободкориву созандагӣ истиқбол мегиранд. Бахшида ба ин санаи муҳим дар ҷамоати Ҳайдар Усмон, ки дар ноҳия калонтарин ҷамоат аст, як қатор марказҳои хизматию маишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Тавре раиси ҷамоати мазкур Бахтиёр Ашӯрматов иттилоъ дод, айни замон сохтмони мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ, нуқтаи таъмири яхдон ва мағозаи қисмҳои эьтиётӣ барои яхдон, нуқтаи таъминоти сӯзишвории нақлиёт, ҳаммом, маркази савдо бо дастгирии соҳибкорон идома дорад. Дар назар аст, ки баробари бунёди ин иншоот дар маҷмӯъ 150 нафар аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






