ТАРАҚҚИЁТИ САНОАТ ДАР ФАРХОР
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — Дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар» раиси ноҳияи Фархор Қ.Каримов зикр намуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия соли 2010-ум нисбат ба солҳои гузашта самаранок фаъолият карда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2010 корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 78940,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 10 119 ҳазор сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин муддат ҶСШК “Некрӯз” ба миқдори 12 097 ҳазор сомонӣ, ки ин 15,3 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи ноҳияро ташкил медиҳад, маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳамин тавр, ҶДММ Корпоратсияи “Зиёратшоҳ” ба миқдори 34 425,2 ҳазор сомонӣ ё 43,6 фоиз; ҶДММ “Мухтори С” – 20050 ҳазор сомонӣ ё 25,4 фоиз; Ҷамъияти матлубот 150,5 ҳазор сомонӣ ё 0,2 фоиз, аҳолӣ 12200 ҳазор сомонӣ ё 15,5 фоиз маҳсулот истеҳсол намуданд. Бояд гуфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҶСШК “Некрӯз” – 1010 ҳазор сомонӣ ё 9,1 фоиз; ҶДММ Корпоратсияи “Зиёратшоҳ” – 2687,4 ҳазор сомонӣ ё 8,5 фоиз, ҶДММ “Мухтори С” – 4094 ҳазор сомонӣ ё 25,7 фоиз; Ҷамъияти матлубот 150,5 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои аҳолӣ 2170 ҳазор сомонӣ ё 21,6 фоиз зиёдтар маҳсулот истеҳсол намудаанд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






