ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ ДАР НАВРӮЗ

Март 17, 2011 17:29

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 21 март дар Тоҷикистон иди миллии баҳорӣ- «Наврӯз» ба таври густурда  ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои асосии идона   имсол дар Наврӯзгоҳи пойтахт мегузаранд. Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби Юнеско чун мероси фарҳангии башарият эътироф гардид ва аз ҳамон дам 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз аз 21-ум то 24-ум ҷашн гирифта мешавад. Аз сабаби он ки рӯзҳои 19-ум ва 20-уми март ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд, бинобар ин мутобиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон» рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24 –уми март рӯзҳои истироҳат ба шумор мераванд. Яъне, мардуми ҷумҳурӣ имсол дар рӯзҳои наврӯзӣ шаш рӯзи тақвимӣ  истироҳат менамоянд. 25-уми март, ки ба рӯзи ҷумъа рост меояд, рӯзи корӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан рӯзҳои 26-27-уми март мувофиқи тақвим боз рӯзҳои истироҳатиянд. Иттилои мазкур ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи ҳуқуқии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дастрас гардид.     

Март 17, 2011 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад