ТАВЗЕҲ ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ТАМИНОТ БО БАРҚ
Душанбе, 21 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — ШСХК «Барқи Тоҷик» тамоми аҳолии Тоҷикистони азизро ба муносибати Наврўзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, дар як вақт изҳори таассуф мекунад, ки вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рўзҳои Иди муқаддаси аҷдодӣ имконияти пурра бо барқ таъмин намудани кишварро наёфт. Гап дар сари он ки ибтидо аз аввали март дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво яку якбора ва ғайричашмдошт паст фуромад. Ин боиси халали ҷиддӣ ворид шудан ба таъминоти мўътадили барқ гардид. Маълум, ки хунукӣ ҳам талаботро бо барқ ба маротиб афзун намуд ва ҳам боиси кам шудани маҷрои дарёи Вахш гардид. Дар ҳамин рўзҳо маҷрои дарёи Вахш 150 -160 метри кубӣ дар як сонияро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта дувуним баробар ва аз ҳисоби миёнаи бисёрсола ду баробар кам аст. Дар таърихи дарёи Вахш, ки маҷрои он аз соли 1932 инҷониб ба ҳисоб гирифта мешавад, дар ибтидои моҳи март чунин кам шудани маҷрои дарё мушоҳида нашудааст. Пешгўӣ мешуд, ки дар охири моҳи феврал ва ибтидои март маҷрои дарё 190-220 метри кубӣ дар як сонияро ташкил хоҳад дод, аммо дар он давра маҷрои дарё 70-80 метри кубӣ дар як сонияро ташкил дод. Сатҳи обанбори Норак манбаи асосии захираи энергетикии кишвар то имрўз 859 метрро ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи минималии техникӣ ҳамагӣ 2 метр зиёд аст ва аз ин миқдор ҳаррўз 35-40 сантиметр сарф мегардад. Ягона умед алҳол ба Худои муттаол аст, ки аз файзу карамаш ҳаво гарм ва маҷрои дарё зиёд гардад. Хотиррасон менамоем, ки бо амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мўҳтарами кишвар ва афзалияти сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ки эҳтиёҷ бо барқ бештар буд, пайтахти кишвар, марказҳои вилоятҳо, як қатор шаҳрҳои саноатӣ ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми деҳот дар давраи аввал 10 соат ва ибтидо аз моҳи декабр 12 соатӣ барқ гирифтанд. Аз 20 феврали соли 2011 бошад, маҳдудияти рўзонаи барқ пурра барҳам дода шуда буд. Вазъи имрўза, ки мо дар боло шарҳ додем, зарурати ҷорӣ намудани реҷаи махсусро ба миён овард. Вобаста ба ин вазъият роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» аз мардуми ҷумҳурӣ ва тамоми муштарён маъзарат пурсида, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд. Наврўз фаро расид, албатта дигар роҳи бозгашт ба қафо , ба зимистон вуҷуд надорад. Аз ин сабаб ҳам, бовар дорем, ки бо гарм шудани ҳаво ва фаро расидани Наврўз ин камчинии барқ он қадар ҳис нахоҳад шуд. Мо кўшиш мекунем, ки дар баробари ишооти ҳаётан муҳим, ки бе барқ монондани онҳо аз ҷиҳати талаботи технологӣ номумкин аст, маҳал ва мавзеъҳоро, ки чорабиниҳои идона мегузаранд, бо барқ таъмин намоем. Дар баробари ин, дар ин рўзҳо мутахассисони Ширкат ва кормандони Хадамоти танзими барқ, ки реҷаи интиқоли барқро муайян менамоянд, машғули коранд ва баробари зиёд шудани маҷрои дарёи Вахш интиқоли барқ низ зиёд хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






