ТОҶИКИСТОН БА ВАҚТИ «ТОБИСТОНА» НАМЕГУЗАРАД

Март 11, 2011 13:27

   Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Тавре аз Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутобиқи моддаи 6 Аҳднома «Дар бораи ҳамкорӣ бобати таъмини ягонагии андозаи вақт ва басомад», ки онро ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ  9 октябри соли 1992 имзо карда буданд, мамлакатҳои аъзо 27 марти соли 2011 аз соати 2. 00 – и вақти Маскав ба вақти «тобистона» мегузаранд ва ақрабаки соат 1 соат пеш бурда мешавад.    Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба вақти «тобистона» намегузарад, аз ин рӯ дар қаламрави ҷумҳурӣ ақрабаки соат пеш бурда намешавад.             Ҳамин тавр, аз соати 2.00 – и 27 марти соли 2011 тафовути вақт бо Маскав 1 соатро ташкил медиҳад.

Март 11, 2011 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд