ВОХӮРИИ О.ОҚИЛОВ БО ИШТИРОЧИЁНИ ҶАЛАСАИ XIII ОҶОНСИҲОИ ИТТИЛООТИИ ИДМ

Март 21, 2011 14:01

Душанбе, 21 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз, 21 март, дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ба шарафи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай идона оро ёфтааст, ҷаласаи 13-уми Шӯрои оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар чаҳорчӯби барнома субҳи имрӯз вохӯрии иштирокчиёни ҷаласа бо Сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир гардид. Зимни вохӯрӣ О. Оқилов диққати заруриро ба рушди Васоити  ахбори омма (ВАО) дар ҷумҳурӣ, васеъ намудани фазои иттилоотӣ, таъмини дастрасии мардум ба иттилооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта равона намуд. «Мо ВАО, аз ҷумла оҷонсиҳои иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ журналистикаро ҳамчун институти демократия, минбари беруназ парлумонӣ  ва иштироки оммавии одамон дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ мешуморем  ва бовар дорем, ки онҳо вазифадоранд ба пайравони  худ барои ба қувваи фаъоли ҳокимият табдил ёфтан кӯмак намуда, манфиатҳои қисмати  асосии аҳолиро ҳимоя менамоянд ва   кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мардум ҳамчун қувваи муттаҳид ва пешбари ҷомеа ба хотири тараққии ҳокимият, ҷараёнҳои демократӣ ва  некӯаҳволии халқ  амал намояд», зикр намуд О. Оқилов. Пас аз вохӯрӣ бо Оқил Оқилов меҳмонон ба ҷойи асосии баргузории тантанаҳои имсолаи наврӯзӣ-Наврӯзгоҳи пойтахт рафта дар таҷлили ин иди бошукӯҳ ширкат варзиданд.   

Март 21, 2011 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд