ВОХӮРИИ О.ОҚИЛОВ БО ИШТИРОЧИЁНИ ҶАЛАСАИ XIII ОҶОНСИҲОИ ИТТИЛООТИИ ИДМ
Душанбе, 21 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз, 21 март, дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ба шарафи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай идона оро ёфтааст, ҷаласаи 13-уми Шӯрои оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар чаҳорчӯби барнома субҳи имрӯз вохӯрии иштирокчиёни ҷаласа бо Сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир гардид. Зимни вохӯрӣ О. Оқилов диққати заруриро ба рушди Васоити ахбори омма (ВАО) дар ҷумҳурӣ, васеъ намудани фазои иттилоотӣ, таъмини дастрасии мардум ба иттилооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта равона намуд. «Мо ВАО, аз ҷумла оҷонсиҳои иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ журналистикаро ҳамчун институти демократия, минбари беруназ парлумонӣ ва иштироки оммавии одамон дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ мешуморем ва бовар дорем, ки онҳо вазифадоранд ба пайравони худ барои ба қувваи фаъоли ҳокимият табдил ёфтан кӯмак намуда, манфиатҳои қисмати асосии аҳолиро ҳимоя менамоянд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мардум ҳамчун қувваи муттаҳид ва пешбари ҷомеа ба хотири тараққии ҳокимият, ҷараёнҳои демократӣ ва некӯаҳволии халқ амал намояд», зикр намуд О. Оқилов. Пас аз вохӯрӣ бо Оқил Оқилов меҳмонон ба ҷойи асосии баргузории тантанаҳои имсолаи наврӯзӣ-Наврӯзгоҳи пойтахт рафта дар таҷлили ин иди бошукӯҳ ширкат варзиданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






