ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ДОИМИИ САҲА
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 22 апрели соли ҷорӣ Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (САҲА) Николай Бордюжа бо котиби генералии СММ Пан Ги Мун, ки дар чаҳорчӯби сафари худ ба Федератсияи Русия ҳамчунин дар ҷаласаи васеи Шӯрои доимии назди САҲА иштирок ва суханронӣ менамояд, мулоқот мекунад. Ба ҷаласаи Шӯрои доимӣ, ки дар он намояндагони узви давлатҳои САҲА ширкат меварзанд, раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедов, Котиби генералии ЕврАзЭс Тоир Мансуров, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шудаанд. Ҳамчунин, роҳбарияти котибот ва ситоди мутаҳидшавии САҲА, раисони кумитаҳо оид ба корҳои ИДМ, оид ба корҳои байналмилалӣ, оид ба амнияти парлумони давлатӣ, шӯрои федералии Федератсияи Русия, намояндагони ВКХ Русия даъват шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» котиби матбуотии САҲА Владимир Зайнитдинов хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






