ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

Апрель 19, 2011 17:10

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 19 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд.      Дар ҷаласа лоиҳаи Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси  ҷаласаи  дуюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Дастури ҷаласаҳои якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд. Баъди баррасӣ ва муҳокимарониҳо аз ҷониби аъзои Шӯрои маҷлиси миллӣ нисбат ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои марбута қабул гардиданд.           Ҳамзамон, дар Шӯрои палатаи болоии парлумони мамлакат рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки 20 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  баррасӣ ва тасдиқ гардид, ки он аз се масъала: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад

Апрель 19, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид