БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН БА БЕЛОРУС

Апрель 12, 2011 17:38

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Александр Григоревичи мӯҳтарам, Хабари таркиши ваҳшиёнае, ки дар метрополитени шаҳри Минск ба амал омада бар асари он шахсони бегуноҳ захмӣ ва қурбон шуданд, моро сахт андӯҳгин намуд. Мо бо  танаффур ин амали зӯровариро маҳкум мекунем ва ҳамдилии худро ба кӯшишҳое, ки ба решакан кардани ин вабои асри мо-терроризм равонаанд, иброз медорем. Аз Шумо, Александр Григоревич хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии маро ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон ва ҷабрдидагон бирасонед. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори қатъии ҳамгироии кӯшишҳо дар роҳи мубориза бо ин падидаи манфур буд ва мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 12, 2011 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд