ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ ГУМРУК АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Апрель 12, 2011 16:38

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 24 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ карда, ҷиҳати рушди минбаъдаи он ба мақомоти дахлдор дастуру ҳидоятҳои муфид дод. Аз ҷумла, Сарвари давлат зикр намуд, ки: «Мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки натиҷаи татбиқи Кодексҳои андоз ва гумрук аз нуқтаи назари самаранокии имтиёзҳои амалкунандаи андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ таҳлил  шаванд». Дар ҳамкорӣ бо сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Мушаррафхон Ҳомидҷонова оиди то кадом андоза иҷро шудани нуктаҳои муҳими Паём мавод омода намудем. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 фаъолияти афзалиятноки худро дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзўр намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, назорати баъди барасмиятдарории гумрукию аудитӣ ва ба низом даровардани интизоми меҳнатии кормандон равона намуд. Самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук ба тиҷорати хориҷӣ, алалхусус ба воридоти молу воситаҳои нақлиёт вобастагии бевосита дорад. Дар таърихи истиқлолияти кишвар, махсусан 10 соли охир тиҷорати хориҷӣ ҳамасола на камтар аз 25% афзоиш меёфт. Дар соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 103 мамлакати дунё муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ монд. Ин нишонаи баланд шудани нуфузи кишварамон миёни давлатҳои дуру наздик буда, гувоҳи он аст, ки заҳматҳои беандозаи Президентамон дар сиёсати давлатии хориҷӣ, заминаҳои мусоиди рушди тиҷорати хориҷӣ ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ барабас нарафтаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ тиҷорати хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 847 миллион долларро ташкил дод.   Воридот ин асоси ташаккулёбии буҷаи давлатӣ буда, 2 миллиарду 652 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009, яъне соли шиддатноктарини бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ 3,9% зиёд шуда, нисбат ба соли 2008 (давраи то бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ) 19% кам гаштааст. Аз тарафи дигар омилҳои дар боло номбаршуда ба мо гумрукчиён бисёр камбудиҳо ва имкониятҳои ниҳониро низ ошкор намуданд. Пешниҳод шудани имтиёзҳои зиёд нисбат ба воридоти молҳо ба он оварда расонид, ки назорати истифодаи мақсадноки онҳо душвор гардида, сабаби коҳиш ёфтани воридоти чунин молҳо аз тарафи дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гардидааст. Дар соли 2010 маблағи умумии молҳои имтиёздор 2 миллиарду 42 миллион долларро ташкил дод, ки ин 77 фоизи молҳои воридотиро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор равандҳои мусбати иқтисодии дигар низ ба тиҷорати хориҷӣ таъсир расонидаанд. Яке аз омилҳои асосӣ ин бештар гаштани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, махсусан гандум ва дар асоси мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ зиёд гаштани истеҳсоли як қатор маҳсулоти ватанӣ мебошад. Мувофиқи барномаҳои истеҳсолии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсоли семент, арматура аз оҳанпораҳо, тухму гўшти мурғ, нўшокию шарбатҳои гуногун, хишт, саноати хўрокворӣ, маҳсулоти шоҳӣ, корхонаҳои ресандагию либосдўзӣ, корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасраф ва ғайраҳо ба фаъолият шурўъ намуданд, ки ин ба кам ворид гардидани чунин намуди молу маҳсулот оварда расонид. Дар маҷмўъ, сабабҳои дар боло номбаршуда ва омилҳои дигар таъсири манфии худро ба воридшавии пардохтҳои гумрукӣ расонида, имкон надоданд, ки дар ин самти фаъолият ба дастовардҳои бештар ноил гардем. Дар соли 2010 ба буҷаи давлатӣ 1 млрд. 715 млн. сомонӣ пардохт ворид карда шуд, ки 92,7% -и нақшаро ташкил медиҳад. Новобаста аз коҳиш ёфтани воридот мақомоти гумрук дар соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 217 миллион сомонӣ зиёд пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ намуд. Воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 3,9% зиёд шуда,  воридшавии пардохтҳои гумрукӣ 14,7% зиёд гардид. Дар Хадамоти гумрук Ситод оид ба кам кардани таъсири омилҳои манфӣ ташкил  шуд. Ситод  масъалаҳои вобаста ба ҳарчи бештар воридшавии пардохтҳои гумрукӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пешгирии қочоқ ва воридоти ғайриқонунии молҳо, назорати истифодаи мақсадноки молҳои ба таври имтиёзнок  воридшуда, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ ва интизоми меҳнатии кормандонро дар ҳар нишасти худ мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳо меандешад. Аз маъмуригардонии арзиши гумрукии молҳои воридотӣ 129,8 млн. сомонӣ, аз пешгирии қочоқ ва вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ 39 млн. 284 ҳазор сомонӣ, дар маҷмўъ ба тариқи иловагӣ 172,2 млн. сомонӣ пардохт ворид гардид. Дар соли 2010   4976 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор   шуд. Аз инҳо 47 тояш ҷиноят буда, 37 ҳолат ба қочоқи маводи нашъаовар, 10 ҳолат ба қочоқи молҳои ниёзи мардум ва дигар ҷиноятҳо рост меояд. Аз гардиши ғайриқонунӣ 182 кг 649 грамм моддаҳои нашъаовар мусодира шуд, ки нисбат ба соли гузашта  зиёд мебошад. Дар натиҷаи баррасии 4929 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 4389 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн. 813,7 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 641,2 ҳазор сомонӣ ва 9680 доллар молҳо мусодира гардиданд.  Аз рўи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба буҷаи давлат 39 миллиону 284 ҳазор сомонӣ пардохт рўёнида шуд. Рушди бемайлони иқтисодиёт, муносибатҳои неки ҳамсоягию тиҷоратӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, сохтмони пулу нақбҳо ва роҳҳои байналмилалӣ, ки ҷумҳурии моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшанд, дар назди мақомоти гумрук вазифа ва масъулияти бештарро вогузор менамояд. Такмили заминаҳои моддию техникии мақомоти гумрук аз омилҳои асосии таъминкунандаи самаранокии фаъолият ба шумор меравад ва татбиқи онҳо амалӣ мегарданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 №525 «Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор гирифта, он ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии рушди мақомоти гумрукро муайян менамояд. Ҳамзамон, баҳри соддагардонии расмиёти содиротию воридотӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаҳои барасмиятдарории саривақтию шаффоф ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми интиқоли молҳо ба мушоҳида мерасанд, таъсиси системаи «Равзанаи ягона» оид ба амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар ҷумҳурӣ татбиқ шуда истодаанд.             Барномаи мазкур дар самти соддагардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии расмиёти маъмуриро дар тиҷорати хориҷӣ муайян намуда, ба амал баровардани онро бо истифодаи системаи электронии коркард ва интиқоли иттилоот байни мақомотҳои манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар назар дорад. Бо назардошти он, ки айни замон Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук дар марҳилаи татбиқ қарор дорад, барои роҳ надодан ба монеаҳои иловагии маъмурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 таҳти № 630 дар назди Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона» таъсис дода шуд ва ин имконият медиҳад, ки ҳамгироии минбаъдаи низоми системаи Равзанаи ягонаро бо Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук таъмин намояд. Ҷиҳати такмили заминаҳои моддию техникӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо ташабуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Лоиҳаи модернизатсия ва ислоҳоти мақомоти гумрук дар асоси Созишномаи кредитии миёни Бонки Осиёгии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст. Барои амалигардонии Созишномаи мазкур Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура фаъолият менамояд. Вобаста ба таъсиси Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар бинои марказии Хадамот Маркази коркарди маълумот бо таҷҳизоти рақамии ҳозиразамон, ки бо тамоми раёсатҳои минтақавӣ пайваст мебошад дар низоми санҷишӣ фаъолият намуда истодааст. Дар шароити имрўза, марҳилаи аввали зерсистемаҳои барасмиятдарорӣ, омор ва назорати гумрукӣ, ахбороти меъёрии маълумотҳо, идораи таваккал, портали иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, зерсистемаи маъмуриятчигӣ, нуқтаи дастрасии ягонаи электронӣ, портали иттилоотии гумрук, баҳисобгирии пардохтҳо ва ўҳдадориҳои гумрукӣ омодаи фаъолият буда, дар воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук кормандон мувофиқи дастурамалҳои зерсистемаҳои мазкур корҳои санҷиширо ба роҳ монда истодаанд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукии ҷумҳурӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ, соли ҷорӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи Киото) аз 18 майи соли 1973, ки 26 июни соли 1999 дар шаҳри Брюссел дар таҳрири нав қабул карда шудааст, таҳия ва пешниҳод гардида, 8 декабри соли 2010 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои беруна дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакат бо давлатҳои хориҷӣ мусоидат намуда, барои рушди тиҷорати хориҷӣ ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Апрель 12, 2011 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст