КИТОБ – ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО
Таърихи миллати куҳанбунёди мо гувоҳ аст, ки ганҷинаи хиради ниёгон, саҳифаҳои муборизаи қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони сарбаландамон дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ, забонӣ ва фарҳангии худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз тавассути китоб гузашта то замони мо расидаанд. Эмомалӣ РАҲМОН Рӯзҳои 25-27 май дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мегардад. Созмондиҳандаи Намоишгоҳ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои амалӣ оид ба тадорукот ва баргузории Намоишгоҳ ба ӯҳдаи Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» вогузор шудааст. Роҷеъ ба вижагиҳои баргузории Намоишгоҳ сӯҳбате доштем бо директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем. — Андешаҳои Шумо роҷеъ ба баргузории аввалин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»? — Дар тӯли се рӯзи баргузории Намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри «Бахтофарин», «Истиқлолият ва эҳёи миллат.Ҷилди 10», «Достонҳои Шоҳнома»-и Сотим Улуғзода, «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем», «Зинда дар гӯр», «Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон», «Озар из Устурушана или мечь Спартака», ки нашриёти Тоҷикистон ба табъ расонидаанд, доир мегарданд. Инчунин, мизҳои мудаввар доир ба мавзӯъҳои: «Вазъи кунунии табъу нашр дар Тоҷикистон ва шароиту имкониятҳои ҳамкорӣ бо ноширони хориҷӣ»; «Нашри китоб ва фурӯши он дар замони муосир»; «Мавқеи адабиёти бадеӣ дар тарбияи насли наврас» (дар мисоли нашри силсилаи «Ахтарони адаб» ва «Китобхонаи мактаб») баргузор мегарданд. Дар Намоишгоҳи китоби Душанбе муассисаҳои интишории беш аз 10 давлати дунё, аз қабили Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон ва дигар кишварҳо барои муаррифии китобҳои тозанашри худ иштирок менамоянд ва гӯшаҳои онҳо дар қабати якуми бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар қабати дуюми бино гӯшаҳои 27 ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои интишории ватанӣ, аз қабили нашриёти «Адиб», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», «Дониш», «Шарқи озод», «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Қонуният», «Сарпараст», «Эр-граф», «Раҳим Ҷалил», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Шуҷоиён», «Ноширон», «Ношир», «Аржанг», Ташкилоти ғайридавлатии «Истиқлол», матбааҳои «Офсет» ва «Орбита», Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Матбуот», корхонаҳои воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», таъминот ва савдои «Китоб», раёсатҳои табъу нашри Вазорати мориф ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ» ва «Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар» созмон дода шудаанд, ки тавассути онҳо китобҳои тозанашри ватанӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. — Роҷеъ ба гӯшаи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маълумот медодед? -Боиси сарфарозист, ки дар радифи дигар муассисаву ширкатҳои интишоротӣ дар Намоишгоҳ барои муаррифии маҳсулоти чопии Китобхонаи миллӣ гӯшаи алоҳида ҷудо гардидааст. Китобхонаи миллӣ дар баробари иҷрои фаъолияти муқаррарӣ: фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи маҷмӯи асноди дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё, овоздор), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои Интернет) боз муваззаф аст, ки корҳои нашриро ба анҷом расонад, яъне дар таҳияю интишори маҷмӯаҳои илмӣ, маълумотномаҳо, китобномаву дастурҳои методӣ саҳм гирад. Бинобар ин, яке аз бахшҳои асосии гӯшаи Китобхонаи миллиро муаррифии дастурҳои тозанашри Китобхона, аз қабили китобномаҳои «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон», маҷаллаи «Китобдор» ва дигар нашрияҳо, ки теъдоди умумии онҳо беш аз 50 номгӯй мебошанд, ташкил медиҳад. Барои гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати ниёгон мо зарур донистем, ки дар Намоишгоҳ дастхатҳои нодири Китобхона, ба монанди «Қуръони маҷид», «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ Амир Ҳусайни Балҷувонӣ, «Далоил — ул — хайрот», ки мутааллиқи асрҳои 14-19 мебошанд, ба маърази тамошо гузорем. Муаррифии чунин нусхаҳои беназири хаттӣ ба тамошобинон имкон медиҳад, ки ба вижагиҳои китобат шудани дастхатҳои нодир, истифодаи навъи хат, қоғаз, санъати хаттотӣ, ороишӣ ва дигар хусусиятҳои то замони мо расидани онҳо ошноӣ пайдо намоянд. — Аҳамияти баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китобро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе барои густариши ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои интишоротии ватанию хориҷӣ, баланд бардоштани сифату самарабахшии фаъолияти ноширӣ, барқарорсозии иртиботи корӣ байни ноширон, иттиҳодияҳои савдои китоб, китобдӯстону китобшиносон аҳамияти калон дорад. Бахусус, барои ҷалби ҷомеа ба хонишу донишандӯзӣ, тарғибу ташвиқи китобҳои тозанашр мусоидат карда, роҳҳои минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои табъу нашрро муайяну мушаххас менамояд. — Ба ақидаи Шумо барои тарғиби ҳамаҷонибаи китоб боз кадом корҳоро метавон ба анҷом расонид, ки таваҷҷӯҳи ҷомеа ба китобу китобхонӣ бештар ҷалб карда шавад? — Бисёр хуб мешуд, ки ҳангоми таълиф ва нашри китобҳо эҳтиёҷоти хонандагон, талабу дархост ва майлу рағбати онҳо ба инобат гирифта шавад. Бештар китобҳое ба табъ расанд, ки дархӯри масоили мубрами замона бошанд, барои худшиносиву худогоҳии мардум, ташаккули сатҳи маърифату маънавияти онҳо мусоидат намоянд. Дар радифи эҷоду чопи китобҳо ба забони тоҷикӣ оид ба таърих, фарҳанг, табиати биҳиштосои Тоҷикистон тарҷумаи онҳо ба забонҳои маъруфи дунё ба роҳ монда шавад. Чунки тавассути онҳо мо метавонем арзишҳои волои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро бештар муаррифӣ намоем. Ин аз як ҷониб имкон медиҳад, ки мо ба ҷаҳониён ҳарчи бештару беҳтар фарҳангу тамаддуни хешро тарғиб намоем, аз ҷониби дигар барои ҷаҳонишавии хониши китоби тоҷик шароит муҳайё созем. — Ташаккур барои сӯҳбат. Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ.