ЛОИҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Апрель 19, 2011 17:33

   Душанбе, 19 апрел. (АМИТ«Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).-   Имрӯз  дар  Вазорати  кишоварзии  ҶТ  нишасти  матбуотӣ  бо иштироки муовинон ва аъзои раёсат баргузор  гардид. Зимни  суханронӣ  муовини  аввали вазири  кишоварзӣ   Сиҷоудддин  Исроилов   зикр намуд, ки  баҳри  афзун намудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷиҳати  таъмини мардум бо маҳсулоти озуқаворӣ  ва  дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани  20-солагии Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  мо тамоми тадбирҳоро меандешем.     Сиҷоудддин  Исроилов    афзуд, ки  солҳои  охир  ҳаҷми  истеҳсоли  тухмии  маҳаллӣ зиёд шудаву  мо метавонем  тухмии маҳаллии худро ба хориҷи кишвар содир намоем, аз ҷумла ба  Ҷумҳурии  Исломии Эрон.    Айни  замон  дар  соҳаи   кишоварзӣ  7 лоиҳаи  инвеститсионӣ ба маблағи  450 млн.  сомонӣ  дар  5 маркази  идоракунии  лоиҳаҳо  амалӣ шуда истодааст,  ки ин барои  рушди  кишоварзӣ судманд мебошад, зикр намуд С. Исроилов.     Дар нишаст  масъулини Вазорати  кишоварзӣ  зикр карданд, ки  имсол  дар ҷумҳурӣ  кишти пахта  дар 210  ҳазор гектар гузаронида шуда, аз ин  миқдор 10 ҳазор  гектарашро   пахтаи навъи  маҳиннах  ташкил   хоҳад дод.

Апрель 19, 2011 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд