М.НЕЪМАТОВ ДАР ШАҲРИ ЕРЕВАН ҶАЛАСА ДОИР МЕНАМОЯД

Апрель 12, 2011 17:22

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Неъматов рӯзҳои 14-19 апрели соли равон ба шаҳрҳои Бокуи ҷумҳурии Озарбойчон ва Еревани  ҷумҳурии  Арманистон сафар менамояд. Рӯзҳои 14-15 апрел  дар шаҳри Боку ҷаласаи Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ баргузор мегардад ва дар  кори он масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзо дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ мегарданд.  Рӯзҳои 18-19 апрел дар шаҳри Еревани  ҷумҳурии  Арманистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи   ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ М. Неъматов ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор мегардад. Дар кори он нақшаи чорабиниҳои амалигардонии ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳои ИДМ то соли 2020, нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар соли 2011, нақша-чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ИДМ ва дигар масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ мегарданд.     Ёдовар мешавем, ки барои соли 2011 раиси  Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов интихоб   гардидааст.           Дар ин бора мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷалолиддин Нуров иттилоъ дод.

Апрель 12, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид