СОЛИ 2012 ҶУМҲУРӢ БО ГӮШТУ ТУХМИ ВАТАНӢ ТАЪМИН МЕШАВА
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Он рӯз дур нест, ки мо дар бобати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парранда (тухму гӯшт) ба дараҷаи худкофӣ бирасем,- иброз дошт директори генералии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар семоҳаи аввали соли 2011 дар ҳамаи корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ наздик ба 41 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 11,7 млн. дона зиёд аст. Айни замон дар ҳамаи 30 корхонаи паррандапарварии ҷумҳурӣ дар ҳар шабонарӯз беш аз 1 млн. дона тухм истеҳсол мегардад. Аз рӯи маълумоти оморӣ то 1 –уми январи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 194 млн. 500 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки ба ҳар як сари аҳолӣ 25 донагӣ тухми истеҳсоли ватанӣ рост меояд. Дар соли 2010 ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар наздик ба 68 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва 13 ҳазору 440 тонна тухм ворид гардида, дар дохили кишвар ҳамагӣ 250 тонна гӯшти парранда ва 137 млн. дона тухм истеҳсол гардидааст. Бо вуҷуди он директори генералии КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» М. Назаров бар он бовар аст, ки то охири соли 2012 аҳолии ҷумҳурӣ бо гӯшту тухми истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






