ЭНЕРГЕТИКИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар»). — Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба се ҳадафи стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мунтазам талош намуда, дар ин самт барнома ва лоиҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳимро амалӣ месозад. Маврид ба зикр аст, ки самти муҳими таъмини бехатарии энергетикӣ – истифодаи васеъ аз манбаъҳои ғайримуқаррарӣ ва барқароршавандаи энергия мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафи стратегии худ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар саъю талош мекунад, то ин ки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат ҳарчи бештар ба нафъи мардуми кишвар ва минтақа истифода бурда шаванд. Бояд гуфт, ки бо талабу пофишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сохтмони якчанд нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Сангтӯда-2» ва НБО-и «Роғун» дар қаламрави ҷумҳурӣ бо вусъат идома дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои оби қаламрави Тоҷикистон ба манфиати халқи кишвар ва минтақа ҳамеша аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва зимни мулоқоташ бо мардуми шарифи Тоҷикистон сухан ронда, ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва наҷоти ягонаи экологии минтақаро аз истифодаи ҳадафноки об арзёбӣ мекунад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти Сарони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 60 солагии ташкили Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошта буд, ки: «Бо назардошти ҷиддияти махсуси проблемаҳои об барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷо яке аз фалокатҳои бузургтарини умумибашарии экологӣ, яъне хушк шудани баҳри Арал ба миён омадааст. Пешниҳод мекунам, ки таҳти сарпарастии СММ воситаи байналхалқии ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳо бо мақсади ҳарчи камтар сохтани оқибатҳои ин фалокат муайян карда шавад. Бо кӯмаки он ба тариқи афзалиятнок барномаи махсуси озмоишии минтақавиро барои ҳавзаи баҳри Арал бо мақсади ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола амалӣ сохтан мумкин аст». Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуввум оид ба фурӯши нерӯи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба масъалаҳои обу энергетика дахл намуда, иброз дошт, ки имконоти гидроэнергетикӣ аз ҷумлаи захираҳои амалан беохир ва такроран тавлидшаванда ва ниҳоят арзони табиӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон азим буда, таҷрибаи зарурии истифодаи онҳо низ ташаккул ёфтааст ва такмил меёбад. Ва мо сайъ дорем, ки дар ҷараёни истифодаи ин захираҳо на танҳо манфиатҳои миллӣ, балки манфиатҳои минтақавӣ ва глобалӣ низ дар мадди назар бошанд. Ва онҳо амалан омили рушди ҳамкории судманд гарданд. Таъкидан бояд зикр кард, ки азхудкунӣ ва истифодаи босамари захираҳои бузурги энергетикӣ барои мо вазифаи заруртарин ва ҳаётист. Аҳамият ва миқёси ин вазифаро метавон танҳо бо чораҳое, ки кишварҳои дигар оид ба истихроҷ ва истифодаву фурӯши нафту гази дар қаламрави онҳо мавҷудбуда амалӣ менамоянд, қиёс кард. Захираҳои бузурги энергетикӣ ва обҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза бо дарназардошти сатҳ ва тамоюлҳои истифодаи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд. Кишвари мо аз рӯи захираҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад: ҳаҷми умумии солонаи онҳо 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад, ки беш аз нисфи захираҳои умумии энергетикии Осиёи Марказӣ мебошад. Вале иқтидори умумии нерӯгоҳҳои амалкунандаи барқи обии имрӯз ҳамагӣ 4070 мегаваттро ташкил медиҳад. Яъне фақат 3,2 фоизи захираҳои гидроэнергетикии кишвар тавассути нерӯгоҳҳои барқи обие, ки асосан дар дарёи Вахш сохта шудаанд, мавриди истифода қарор доранд. Дар ин самт яке аз хусусиятҳои муҳими Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар ҳудуди он барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ шароити беҳтарини табиӣ ва аз нигоҳи иқтисодиву инженерӣ мусоид фароҳам мебошад. Дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи ниҳоят муҳим ва ояндадор амалӣ шуда истодааст. Яке аз онҳо ба охир расонидани навбати аввали нерӯгоҳи "Роғун" мебошад. Иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ 3600 мегаватт буда, то имрӯз ба маблағи 804 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расониданд ва маблағи иловагӣ барои бунёди пурраи он беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, бо татбиқи барномаи сохтмони онҳо ҳамагӣ 5-7 фоизи захираҳои гидроэнергетикии мо мавриди истифода қарор гирифта, захираҳои азим боқӣ хоҳанд монд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон дар солҳои анҷомёбии сохтмони нерӯгоҳҳои зикршуда талаботи мамлакат ба қувваи барқ дар як сол 23-25 миллиард киловатт/соат ва ҳаҷми зиёдатии он 8-10 миллиард киловатт/соатро ташкил хоҳад дод. Ва табиист, ки ин дурнамо бевосита барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Танҳо дар дарёи Панҷ, ки шохоби асосии Амударё мебошад, асосномаи техникиву иқтисодии бунёди 14 нерӯгоҳи дорои иқтидори гуногуни аз 300 то 4000 мегаватт ва истеҳсоли солонаи 86,3 миллиард киловатт/соат таҳия карда шудааст. Аз ҷумла, нерӯгоҳи калонтарине, ки асосномаи техникиву иқтисодии сохтмони он дар дарёи Панҷ омода гардидааст, нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум мебошад, ки иқтидораш 4000 мегаватт буда, дар як сол метавонад 15,6 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол намояд. Мувофиқи хулосаи мутахассисон нерӯгоҳи Даштиҷум яке аз нерӯгоҳҳои ниҳоят самаранок ва муҳимтарин маҳсуб мешавад. Бунёди он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, обёрии ҳудуди якуним миллион гектар замин ва бо об таъмин гардидани садҳо ҳазор гектар заминҳо дар минтақа аҳамияти бузург ва аслан ҳаётӣ дорад. Татбиқи он ба беҳсозии шароити экологӣ ва иҷтимоӣ, таъмини аҳолии минтақа бо оби мусаффо ва рушди умумии иқтисодии минтақа мусоидати фаъол хоҳад намуд. Арзиши ин лоиҳа аз ҷониби коршиносон 3,2 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст, ки сармоягузории нисбӣ ба он хеле паст буда, ба 1 кВт иқтидори муқарраршуда ҳамагӣ 800 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ва он нерӯгоҳи ниҳоят судовар хоҳад гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба нақши Тоҷикистон дар ҳамкории минтақавӣ, ки дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид, тазаккур дод, ки: «Самти ояндадори ҳамкориҳои минтақавӣ, ба ақидаи мо, татбиқи ҳадафмандонаи истифодаи босамараи захираҳои об ва имконоти энергетикии Осиёи Марказӣ аст. Минтақаи мо аз лиҳози боигариҳои табиӣ минтақаи сарватманд аст, ки дар он яке аз ҷойҳои аввалро захираҳои оби нӯшокӣ ишғол намуда, барои иқтисодиёт, инсон ва муҳити зист аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Вале манбаъҳои он номутаносиб ҷойгир шудаанд. Қисмати бузург, яъне 90 фисади онҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон сарчашма мегиранд. Аз ин миқдор тақрибан 60 фисади онҳо ба кишвари мо рост меояд ва мо аз лиҳози маҷмӯи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол менамоем, ки иқтидори солонаи он 527 миллиард киловатт соат аст. Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад ба содиркунандаи бузургтарини барқ дар минтақа мубаддал гардад. Дар ин росто мо бо ширкати Федератсияи Россия, ИМА, Чин ва Эрон пружаҳои бузургеро ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ, ҳамчунин хатҳои интиқоли барқ амалӣ менамоем, ки онҳо дорои аҳамияти милливу минтақавӣ буда, дар оянда имкон хоҳанд дод, ки як теъдод кишварҳои минтақа, мисли Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда шаванд. Мо аллакай имрӯз пуружаи хатти интиқоли барқро дар масири Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ва Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон баррасӣ намуда, барои татбиқи он дар ояндаи наздик замина мегузорем. Мисоли таъмини Осиёи Марказӣ бо обу барқ возеҳан нишон медиҳад, ки на кӯшишҳои худтаъминкунӣ, балки фақат ҳамгироии ҳамаи кишварҳои минтақа дар фазои умумии иқтисодӣ масъалаи рушди устуворро чӣ дар сатҳи кишварҳои алоҳида ва чӣ минтақа ҳал хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти масъалаи об ва табиати глобалии он Тоҷикистон қарор кард, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намояд». Бояд тазаккур дод, ки тақрибан шашяки аҳолии кураи Замин ба оби мусаффо дастрасӣ надорад, сеяки он бошад — ба об барои мақсадҳои хочагӣ. Агар тарзи таъмини об тағйир наёбад, соли 2025 ҳар як одами сеюми сайёра танқисии обро эҳсос хоҳад кард. Бо назардошти ин нуқтаҳо, СММ бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд. Баъдан дар идомаи он мо пешниҳоди эълон намудани солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт"-ро манзур намудем, ки он бо қарори Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералӣ тасдиқ карда шуд. Аҳамияти ин ташаббусро қабл аз ҳама мо дар он мебинем, ки об чун манбаи ҳаётан зарурии инсоният, чун омили муттаҳидкунанда, сулҳофаранда ва ҳамкории мутақобилан судманд хидмат намояд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» дар ш. Ню – Йорк зикр намуд, ки аз таҷрибаи талхи минтақаи мо, яъне хушк шудани яке аз кӯлҳои калонтарини ҷаҳон баҳри Аралро дар Осиёи Марказӣ мисол оварданиам, ки натиҷаи сиёсати ғайриоқилонаи инсон дар масъалаи об ва ба эътибор нагирифтани омилҳои экологӣ мебошад. Рӯз то рӯз ҷиддитар гардидани масъалаи камбуди об ва коҳиш ёфтани сифати он сабаби хароб гардидани таркиби хок ва нобуд шудани олами наботот, тағйироти манфии фалокатбори олами набототу ҳайвонот, аз байн рафтани шикори моҳӣ, инчунин кам гардидани самараи зироатпарварӣ шуда, проблемаҳои дигари иҷтимоию иқтисодиро ба миён меоранд. Ҳамаи ин проблемаҳо ба пешрафти босуботи минтақа хавфи ҷиддӣ ба бор меоранд. Проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, ки дар маркази қитъаи Евразия қарор доранд, аз ҷиҳати миқёси худ кайҳо аз ҳудуди минтақа гузашта, аҳамияти умумибашарӣ касб кардаанд. Албатта, ҳукуматҳои панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ диққати калон зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ пешниҳод намуд, ки аз кӯли Сарез ба мамлакатҳои дигари минтақа хатҳои обрасонӣ кашида шаванд. Ҳаҷми оби кӯли Сарез қариб 18 километри мукааб буда, онро барои бо оби тоза таъмин намудани миллионҳо нафар сокинони минтақа истифода бурдан мумкин аст. Чунин иқдом дар баробари ин имкон медиҳад, ки хавфи канда шудани банди оби ин обанбори табиӣ пешгирӣ карда шавад. Зеро чунин вазъият барои қисмати зиёди Осиёи Марказӣ оқибатҳои харобиовар дошта метавонад. Умед аст, ки муассисаҳои СММ ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба ин пешниҳод таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард. Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам, Тағйироти умумиҷаҳонии иқлим дар давоми солҳои охир ва рӯйдодҳои дигари ба он вобаста шароити зиндагии миллионҳо одамонро дар масъалаҳои таъминоти обу озуқа ниҳоят душвор мегардонад. Ин хусусан сабаби бештар гардидани азобу уқубати табақаҳои камбизоат ва қашшоқи аҳолӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳадафҳои бунёди ин лоиҳаи муҳими стратегиро шарҳ дода, тазаккур дод, ки: «Тоҷикистон обанбор ва нерӯгоҳҳоро ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсояҳои худ, яъне бо мақсади маҳдуд кардани реҷаи ҷоришавии об сохтанӣ нест, баръакс, дар ин раванд манфиати онҳоро низ ба эътибор мегирад. Аз ин лиҳоз, такроран таъкид месозам, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун набояд боиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад. Илова бар ин, мехоҳам махсус таъкид намоям: вақте ки нерӯгоҳи барқи обии Норак бунёд мегардид, таҳияи лоиҳа ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун маҳз бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти ҳамонвақтаи давлати ягона ва ҷумҳуриҳои минтақа ба миён гузошта шуда буд. Зеро онҳо бо бунёд намудани обанбори Роғун азхуд кардани зиёда аз 360 ҳазор гектар заминҳои нав ва беҳтар намудани таъминоти беш аз чоруним миллион гектар заминҳои минтақаро бо об дар назар доштанд». Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид бар он аст, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки обанборҳо дар ҳалли масъалаи таъминоти муназзами об воситаи беҳтарин мебошанд. Дар робита ба ин, метавонем таҷрибаи истифодаи мутақобилан судманди обанбори Норакро дар шароити хушксолӣ ва камобии солҳои 2000-ум ва 2008-ум низ ҳамчун мисол нишон диҳем, ки ба манфиати кишварҳои поёноб буд. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбанд ва кишвари мо ҳамагӣ 5 фоизи онро истифода мебарад. Доир ба истифодаи оқилона ва сарфаҷӯёнаи захираҳои об Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли тамоми масъалаҳо бо муросову мадоро мебошад. Пешниҳоди чандинкаратаи Тоҷикистон доир ба истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез ва ташкили консорсиуми байналмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун далели равшани ниятҳои неки мо мебошанд. Дар шароите, ки дар ҷаҳон захираҳои нафту газ торафт коҳиш ёфта, иқлими сайёра бинобар таъсири омилҳои техногенӣ, аз ҷумла партови гази нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ тадриҷан тағйир меёбад ва ба муҳити зист таъсири босуръат афзояндаи манфӣ мерасонад, ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт бештар зарурати истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияро таъкид менамояд, ки зимни он истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ бо мақсади истеҳсоли нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехавф манфиати зиёд дорад ва ин масъала бебаҳс аст. Дар ин замина бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик дар сурати бунёд гардидани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа манфиати зиёд хоҳанд дид. Пеш аз ҳама, дар Осиёи Марказӣ ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ афзуда, мардумони як қатор кишварҳои минтақа аз барқи арзон бархурдор мегарданд. Дуюм, нерӯгоҳи Роғун боиси таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди босуръати саноат ва пешрафти иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гашт. Ва сеюм, бунёди обанбор ва тавассути он танзими ҷоришавии об имкон медиҳад, ки масъалаи идоракунии оқилонаву самараноки захираҳои об ҳал карда шавад ва вазъи таъминоти кишварҳои минтақа бо ин захираи ниҳоят арзишманд ба маротиб беҳтар гардад. Сарвари давлати тоҷикон зимни суханронӣ дар дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки мусоидат ба муколамаи ошкору созанда дар роҳи ҳалли фарогири мушкилоти обу энергетика ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ барои ин Созмон дар ояндаи наздик бояд масъалаи муҳим гардад. Бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар кишвари Тоҷикистон имкони обёрии кафолатноки зиёда аз 3 миллион гектар заминро дар ҳавзаи дарёи Омў дар солҳои камобӣ ва хушкӣ фароҳам меорад. Ва нерўи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи дар онҳо истеҳсолшаванда метавонад талаботи афзудаистодаи натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсояро, бо шумули Афғонистон таъмин намояд. Бояд ин масъаларо низ таъкид кард, ки бо шарофати истифодаи энергетикаи обӣ ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар минтақа дар бобати истихроҷи газ ба атмосфера ҷои охирро ишғол мекунад, ки ин саҳми мушаххаси мо дар солимгардонии экологии Осиёи Марказӣ мебошад. Зимнан, бо вуҷуди он, ки тақрибан шаст фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, кишвари мо каме бештар аз 7 фоизи ин обро истифода мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди донистани он, ки тибқи асноди сершумори ҳуқуқи байналмилалӣ ва воқеияти рўз сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар давлат ҷойгиршуда, қабл аз ҳама сарвати ҳамон кишвар ба шумор мераванд, мавқеи созандаро пеш гирифтааст, ки манфиатҳои умумиминтақавиро ба инобат мегирад.» «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт дар давраи солҳои 2005-2015» проблемаҳои марбут ба обро фаъолона ба муҳокимаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод менамояд. Мо на танҳо чун ташаббускори муҳокимаи проблемаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ амал мекунем, балки ҷонибдори қабули қарорҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи оқилонаю самарабахши ин неъмати ҳаётан муҳими табиӣ ҳастем», омадааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид. Дар ин суханронӣ зикр мегардад, ки ҳамаи ин иқдом ба омўзиши амиқи проблемаҳои об ва таҳияи тадбирҳои дахлдори ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ равона карда шудаанд. Маврид ба зикри хос аст, ки кўшишҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ба истифодаи устувору самарабахши захираҳои оби мамлакат ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва одилонаи минтақавӣ нигаронида шудаанд.