ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР ВОСЕЪ

Июнь 4, 2011 12:50

Восеъ, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Бино ба  иттилои  мудири  шӯъбаи  иқтисоди  ноҳияи  Восеъ   Соҳибназар  Гулмадов  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти  саноатӣ   дар  ноҳия   дар чор  моҳи  соли  ҷорӣ   ба    19 млн. 952 ҳазор сомонӣ  расид, ки   нисбат  ба ҳамин  давраи  соли  гузашта    5 млн.  858 ҳазор сомонӣ  зиёд  буда,   147 % -и   нақшаро  дар  бар  мегирад.  Ба  гуфти  манбаъ  то  ин  муддат дар  ноҳия  950 тонна  нахи соф, 859 тонна  чигит, 118,5 тонна  равған,  147, 4 тонна  нон  ва  маҳсулоти  нонӣ, 11 тонна маҳсулоти  қаннодӣ, 1 290 тонна орд  истеҳсол  гардид,  ки  ба  талаботи  стандартӣ  ҷавобгӯй  мебошанд. Истеҳсоли  намаки  ошӣ   мутаассифона,  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  2 ҳазор тонна  кам  гардидааст.          Роҳбарони  корхонаҳои саноатӣ   тасмим  гирифтаанд,  ки имсол  истеҳсоли  маҳсулоти  саноатиро дар  корхонаҳо  бештар  намуда,  маҳсулотро бо  нархи  арзон  дастраси  аҳолӣ   гардонанд.

Июнь 4, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд