Ҳамкориҳои судманди ҶСП «ИнтерАгро» ва Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов бо Директори генералии ҶСП «ИнтерАгро»-и вилояти Свердловски Федератсияи Русия доир гардид. Мақсади вохӯрӣ аз муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши картошкаи пешпазак ва судури минбаъдаи он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Дар оғози вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ҳамкориҳои дуҷонибаро бо ҷамъияти мазкур дар рушди соҳаи кишоварзӣ мусбат арзёбӣ намуда, барои дастгирӣ ва ҳамкориҳо ба Ширкати Давлатии «УралПромСервис», ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси кишоварзӣ, маводи баландсифати тухмӣ, нурӣ ва маводи кимиёвӣ ворид менамояд, изҳори минатдорӣ намуд. Ёдовар бояд шуд, ки ҶСП «ИнтерАгро» дар асоси Созишномаи миёни вилояти Свердловски Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ аз 1 феврали соли 2004 дар Тоҷикистон таъсис гардидааст. ҶСП «ИнтерАгро» бо хоҷагиҳои тухмипарварии ноҳияҳои Панҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол ва Рашт ҳамкории зич дошта, айни замон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои ҳамкорӣ намудани он бо Институти боғдорӣ ва сабзавотпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мусоидат намояд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






