Ҳамкории тиҷоратӣ рушд меёбад

Июль 20, 2011 16:51

Душанбе,  20  июл. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова ). –  18  июл  муовини  раиси Палатаи савдо ва  саноати  ҶТ  Асаналӣ Карамалиев  дар  шаҳри  Душанбе бо  ҳайати  вакилони тоҷирони  Туркия – намояндагони  ширкати «Силвер» мулоқот  намуд.
Тавре дар  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  доданд, А.Карамалиев  дар  ҷараёни  мулоқот  зикр  намуд, ки  «бисёр ширкатҳои  Туркия дар  Тоҷикистон фаъолият  дошта,  дар  намоишгоҳҳои Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  маҳсулоти  худро  ба  маърази намоиш мегузоранд».
Роҳбари  ширкати «Силвер»  Ҳасан Ҳаскараман хабар  дод, ки  ширкати  мазкур  соли 1958  таъсис ёфта,  ба  истеҳсоли  таҷҳизоти  гуногуни  барқӣ  машғул  буда ва  дар  Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон  ва  Русия  намояндагиҳои  худро  дорад. Ширкат  азм  дорад, ки  бо  Тоҷикистон  ҳам  фаъолона  ҳамкорӣ намояд.
А.Карамалиев  ба  меҳмонон  тавсия  намуд, ки  бо роҳбарияти Вазорати энергетика  ва  саноати ҶТ  вохӯрда,  бо  корхонаҳои он  муносибатҳои  ҳамкорӣ  барқарор  намоянд. Ҳоло бисёр  корхонаҳои  вазорати  номбурда  аъзои  Палатаи  савдо  ва  саноати ҶТ  буда,  палата  омода  аст, ки  ба  онҳо  ҳамаҷониба  кӯмак  намояд.

Июль 20, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ