Ҳифзи табиати кишвар-вазифаи муқаддас

Июль 21, 2011 16:20

Хоруғ, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар мушовараи васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре муовини сардори раёсат Фарҳод Мамадназарбеков иттилоъ дод, мутахассисон 385 иншооти гуногунро мавриди санҷиш қарор дода, ҳодисаҳои риоя нашудани талаботи экологиро муайян намуданд. Маълум шуд, ки то ин муддат ба олами наботот ва захоири табий ба маблағи беш аз 727 ҳазор сомонӣ зиён ворид гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҷарима ва пардохт аз истифодаи захоири табиӣ ба суратҳисоби раёсат 241 сомонӣ ворид гардид. Дар мавсими ободонӣ ва кабудизоркунӣ беш аз 600 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва баҳрабардор шинонида шуда, гулгашту марғзор бунёд гардид. Ҳамзамон Фарҳод Мамадназарбеков изҳори нигаронӣ намуд, ки то ҳанӯз ба шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло хотима наёфта, аз шахсони гунаҳкор бо ҳар баҳона маблағи зарари ба олами ҳайвонот расонидашуда ситонида намешавад. Ҳамчунин ҳодисоти ғайримақсад истифода бурдан ва шӯршавии замин ба мушоҳида мерасад, аммо ба хотири беҳбудии кор дар ин самт тадбир андешида намешавад.

Июль 21, 2011 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст