Ҷонибдории қонунҳои наву муҳим

Июль 21, 2011 16:52

Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-7 қонуни наву муҳимро 21 июли соли 2011 аъзои палатаи болои парлумони Тоҷикистон барарсӣ ва ҷонибдорӣ карданд. Инҳо қонунҳо «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки самти асосии қонунҳои нав ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба камол расонидани фарзандони солеҳ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» дар Тоҷикистон хазинаи суғуртаи паснадозҳои шахсони воқеӣ ташкил карда мешавад, ки мувофиқи он миқдори пасандозҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ меафзояд.Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» мақоми Агентии «Тоҷикстандарт» баланд гардида, инчунин ин қонун дар мавриди ворид гардидани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нақши муассир мебозад. Қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бошад дар тамъини амнияти экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Июль 21, 2011 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд