2 миллион тонна бор аз кадом роҳ интиқол меёбад?
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар нимаи аввали соли аввали 2011 беш аз 4 млн.700 ҳазор тонна бор тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳазор тонна зиёд аст.Ҳаҷми воридоти мол беш аз 2 млн. 300 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2010 ба андозаи 395 ҳазор тонна бештар аст.Ҳамлу нақли транзитии мол тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон 1 млн. 900 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 605 ҳазор тонна кам аст. Ба гуфти сардори роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло, яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли транзитии мол кам шудани боркашонии маҳсулоти тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон аст.Дар назар аст, ки соли ҷорӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамлу нақли маҳсулоти худро тавассути роҳи оҳани қаламрави Тоҷикистон ба андозаи 2 млн. тонна кам карда, онро аз тариқи роҳҳои дигари кишвари худ ба хориҷи он интиқол дода, даромади роҳи оҳани Тоҷикистонро коҳиш доданист.








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд






