Аз аҳволи бачагони Ятим Фориғ намонед
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аҳли тиҷорати ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки баҳри иштирок дар намоиши байналхалқии «Маҳсулоти содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин-Тоҷикистон- 2011» ташриф овардаанд, ба хонаи бачагонаи марказии №-2-и пойтахт кӯмаки башардӯстона расониданд. Зимни мулоқот бо кормандони хонаи бачагон муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев, сардори раёсати тиҷорати наздисарҳадии назди Ҳукумати ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Кай Сен ва директори генералии ҶММ «YASHEN» Ясин Ниёз сухан гуфтанд.«Кӯмак ба бачагони ятим вазифаи якуминдараҷаи мо ба ҳисоб меравад. Ягон нафар набояд аз аҳволи бачагони ятим фориғ бимонад. Ҳар қадаре, ки инсон ба мушкилии мазкур диққат диҳад, ҳамон қадар ояндаи мо равшан мегардад»,- иброз намуд сардори раёсати тиҷорати наздисарҳадии назди Ҳукумати ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Кай Сен.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






