Чангу ғубор то чанд рӯз боқӣ мемонад?
Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 14 июл бо ворид шудани ҳавои сард аз қисмати шимолу ғарби ҷумҳурӣ фазои кишварамонро чангу ғубор фаро гирифт. Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази обуҳавошиносии кишвар, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳавои ғуборолуд муддати ду — се рӯз дар фазои ҷумҳурӣ боқӣ монда, сипас батадриҷ аз байн меравад. Чангу ғубор аз биёбонҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон бархоста, баъдан бо шиддатёбии шамол ба фазои Тоҷикистон ворид гардидааст.Ба қавли Ҷамила Байдуллоева , баъзан дар фасли тобистон фазои кишварамонро фаро гирифтани чангу ғубор раванди муқаррарӣ буда, он аз кишварҳои ҳамҷавор ба фазои ҷумҳурӣ дохил мегардад. Бо вазидани боди ғуборолуд ҳарорати ҳаво нисбатан паст мефарояд. Аз ҷумла, агар дирӯз ҳарорат дар Душанбе 41 ва дар Дарвоз 40 дараҷа гарм буд, имрӯз, 14 июл ҳавои Душанбе 35-37 дараҷа гарм аст. Дар вилояти Хатлон ҳарорат 37-39 дараҷа, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32-37 ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 30-35 дараҷа гарм мешавад.Бояд тазаккур дод, ки ҳавои ғуборолуд ба нашъунамои зироату растанӣ, боғдорӣ, умуман бахши кишоварзӣ зарари манфӣ мерасонад, бахусус боиси пастшавии сифати пахтаи маҳиннах гардида, ба саломатии одамон, хусусан шахсоне, ки мубталои бемориҳои қалб, диққи нафас ва фишори хунанд, таъсири манфӣ мерасонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






