Дастовардҳои сиёсати аграрӣ меафзоянд
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба манзури татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона кардааст.Дар натиҷаи ин ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), шахсони инфиродӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2011 ба 3 млрд. 18 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 240 млн. сомонӣ зиёд буда, дар соҳаи растанипарварӣ 11,2 ва дар соҳаи чорводорӣ 5,2 фоиз афзудааст.Сабаби дигари зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ гузаронидани кишти такрорӣ мебошад. Масалан то санаи 18 – уми июли соли ҷорӣ дар масоҳати 64 ҳазору 277 гектар (аз 70 ҳазору 81 гектари нақшавӣ) баъди ҷамъоварии ҳосили якуми зироатҳои кишоварзӣ кишти такрорӣ сурат гирифтааст.Дар нишасти матбуотӣ аз камбудиҳо низ чашм пӯшида нашуд. Камбудиҳо асосан хусусияти субъективӣ дошта, ба фаъолияти роҳбарону кормандон вобаста набуданашон бо далелҳои раднопазир пешкаши хабарнигорон гардонида шуд.Бо вуҷуди зикр шудани даҳҳо камбудию норасоиҳои соҳа, фаъолияти шашмоҳаи кормандони кишоварзӣ қаноатбахш дониста шуд.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






