Дастовези БМИМТ ба ҷашни истиқлол
Душанбе, 20 июл. «АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар доираи барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» дар ҷумҳурӣ 15 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ва ба истифода дода мешавад». Ин матлабро Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон /БМИМТ/ 19 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.Ҳадафи барномаи мазкур беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии минтақаҳои фарогири барнома мебошад.Роҳбари БМИМТ афзуд, ки алҳол марҳилаи дуюми барномаи мазкур, ки 20 ноҳияи вилояти Хатлонро фаро мегирад, амалӣ гардонида мешавад. Ҳаҷми умумии маблағгузории марҳилаи дуюм 15, 9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар доираи марҳилаи дуюм татбиқи 38 лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки тибқи он 26 бинои таълимӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа бунёд гардида, дар минтақаи Кӯлоб 12 бинои таълимӣ сохта мешавад. Бояд зикр кард, ки Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон /ТАСИФ/ ҳанӯз соли 1997 бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар созмон дода шуда буд. Он соли 2002 ба БМИМТ табдили ном кард.